БАҲРИ РУШДИ КИШВАРИ ХЕШ САҲМИ САЗОВОР ГУЗОРЕМ!

Таҳлилҳо собит менамояд ки бадхоҳони миллат дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон, ки байни онҳо аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият мебошанд, такя менамоянд. Маҳз ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷараёнҳо бо номи дин сабаби парокандагӣ, бесаводиву бемаърифатӣ, ваҳшоният ва ақибмонии мусулмонон мебошад. Воқеоти солҳои навдум бозгӯи онанд, ки собиқ ҲНИ, алҳол он ТТЭ ҲНИ ва ё худро Паймони миллӣ ном гузоштааст, тамоми нерӯҳои демократии вақтро бо мақсади ҳадафҳои сиёсӣ истифода карда, дар нимароҳ онҳоро тарк ва ба гирдоби фалокат партоб кард. Таърих гувоҳ аст, ки аксарияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Дар робита ба ин ёдовар шуда қайд менамоем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар, кӯшиши гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ, бахусус аъзоёни собиқ ҲНИ ба табаддулоти низомӣ дар соли 2015, террор нисбати сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 мебошад.

 Умуман ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки ТТЭ ҲНИ ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

 Бадхоҳони миллат, бахусус роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ то имрӯз ба худ хулосае набаровардааст. Баробари ин ба душманони миллат гуфтанием, ки бархе аз собиқ аъзоёни ҲНИ ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба диёри хеш баргаштаанд. Чунончӣ тибқи расонаҳои хабарӣ аз соли 2015 то инҷониб ба кишвари соҳибистиқлоли мо беш аз 647 нафар аъзоёни ташкилотҳои терроритию экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона дар дигар кишварҳо ба зодгоҳ, ба ҳаёти хушу осуда баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, миёни онҳо 8 оила дар ҳайати 27 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, Бохтар, Ҳисор ноҳияи Рӯдакиву Рашт мебошанд, ихиёран ба Ватан баргардонида шуданд.

 Хулоса дар фарҷоми андешаи хеш гуфтанием, ки ҳар нафар шаҳрванд ҳамчун фарзандони асили Ватан бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва умуман кишвари хеш саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омӯзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд. То ки модар, аҳли ҷомеа ва Ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд!

 Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *