ДАР РУҲИ ВАТАНДӮСТӢ, ХУДОГОҲИ МИЛЛИЮ ХУДШИНОСӢ БЕШ АЗ ПЕШ  БОЯД ТАЛОШ ВАРЗИД!

Доир ба мақолаи Каримов Иноятулло Раҳимович, омӯзгори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони “Донишгоҳи бузурги терроризм ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад?, ки дар рӯзномаи “Имрӯз нюз” ба нашр расонида шудааст, андешаҳои хешро иброз медорам.

Воқеан таҳлилҳо собит менамояд, ки бештари масъулони бахши идеологии Ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ва Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд,  хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо (Донишгоҳи “Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия”)  мебошанд, хеле тааҷҷубовар аст! Бо баробари ин онҳо дар ҳудуди лагерҳои давлатҳои ба ҳамагон маълум чун террорист омода шудаанд.  Суол ба миён меояд, ки ин амалҳо ба кадом оқибатҳо овард?! Ба ин суол бе ягон душворӣ посух бояд дод, ки онҳо ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро, алалхусус ба  ТТЭ ҲНИ шомил гардида, натанҳо дар дохили кишвари мо амалҳои террористӣ содир намудаанд, инчунин дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намуда, дар натиҷа садҳо нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Мутаассифона, то ҳол оқибатҳои он дар кишаври мо ба назар мерасад. Аниқтараш то ҳанӯз ҳастанд афроде, ки бо сабукандешӣ, тангбинӣ ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ шомил шуда, ҳамагуна муқаддасоти инсониро зери по кунанд. Маслан, дар соли 2020 аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор ва 271 нафар аъзо ва тарафдорони ин равияҳо дастгир карда шуданд. Аз ин шумора дастгир шуданд:“Бародарони мусалмон”- 148 нафар; “Давлати исломӣ” -39;“Гурӯҳи 24”- 8; “Ҳизби наҳзати ислом” 17; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3; “Ҳаракати Толибон” -1 нафар. Ин далел аз он далолат мекунад, ки мутаассифона, ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо, ашхосони гумроҳшуда ҳастанд, ки ин сабабгори ин ҳолат на танҳо волидайн, инчунин наҳзатиёнро гунаҳкори асосӣ ҳисобидан мумкин аст..

Бинобар ин имрӯз ҳар яки моро зарур аст, пас аз барррасӣ ва муҳокимаи мақолаи мазкур хулосаи зарурӣ бароварда, алалхусус омӯзгорони ҷавонон ва донишҷӯён бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзида, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.

                         Мамадҷонова М.-ассистенти кафедраи

 забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *