ДАР ИНТИХОБИ РОҲИ ОЯНДАИ ФАРЗАНД АНДЕША БОЯД КАРД!

 

Мақолаи Каримов Иноятулло, устоди  кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони “Донишгоҳи бузурги терроризм. Таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” воқеан ҳам мақолаи хуби таҳлилиест, ки огоҳ шудан пеш аз ҳама ба ҷомеаи мо ҳатмӣ аст. Зеро мавод дар асоси далелҳои муътамад навишта шуда, моро ҳушдор медиҳад, ки дар интихоби роҳи ояндаи фарзанданамон боре андеша кунем. Аслан чун калимаи терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назар тундгароёни исломӣ ҷилвагар мешавад.

Мувофиқи ҳисоби мутахассисони эронӣ ва хориҷӣ, буҷаи солонаи ин донишгоҳи терроризм ҳудуди 450 то 500 000 000, яъне наздики ним миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Албатта, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бо ин ҳама маблағҳои зиёд ҷавононро дар ин ҷо чӣ гуна тарбия менамоянд ва ба куҷо раҳнамоӣ мекунанд? Пас бояд сари ин масъала ва мушкилот бояд ҳар як сокини кишвар андеша намояд ва барои таҳсили фарзандон дар хориҷи кишвар ва оқибатҳои он падару модаронро зарур аст, ки танҳо дар доираи қонунгузориҳои кишвар амал намоянд.

   Файзиева Д.,

сармуаллимаи кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *