Бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот то оғози соли нави таҳсил дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд таҷдид ва таъмири бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ба мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои созандагӣ директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҳамроҳи гурӯҳе аз устодон ба бинои нави таълимӣ ташриф оварда, барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Ба истифода дода шудани бинои нави таълимӣ туҳфаи арзандаи аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.