ДАР ЛАҲЗАҲОИ ВАЗНИНУ ХАТАРЗО БОЯД МУТТАҲИД БОШЕМ!

Таҳлили маълумотҳои давравӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои охир зиёда аз 100 мамлакатҳои ҷаҳон дар асоси амалҳои ҷангҷӯёнаи террористон хароб гардидаанд.Зери таъсири ҳамлаҳои онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштан дунё ба ҳалокат расидаанд, миллионҳо нафар одамон макону манзили зисташонро маҷбуран тарк карда, сарсону саргардон шудаанд.Чунончӣ, имрӯзҳо аз таҳдиди амалҳои террористӣ ва шароити ногувори зисту зиндагонӣ ҳазорон гурезагон асосан аз Шарқи наздик, Африка, аз ҷумла шаҳрвандони Ироқу Сурия, Либия дар ҳудуди сарҳади Ҷумҳурии Белорусия ва Полша барои ҷустуҷӯи кор қарор доранд. Баробари ин тайи се моҳи охир муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳо бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Афғонистон бештар амалҳои террористӣ тез-тез сурат мегиранд ва домани худро густурдатар мекунанд. Дар асоси расонаҳои хабарӣ имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд. Алҳол, гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ ва “Ал-Қоида”фаъолияти худро барои анҷомдиҳии ғаразҳои сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ дар ин кишвар ба роҳ мондаанд. Инчунин ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст, ки раҳбарону пайравон ва думравони ТТЭ ҲНИ бо таври худ ин ҳолатро баҳогузорию хулосабарории бемантиқ намуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаи тундгароиро паҳн намуда истодаанд.
Ба хоинони миллат, бахусус ба роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ, пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш, аъзои Гурӯҳи 24 Беҳрузи Тағойзода таъкид менамоем, ки аз минбарҳо нисбати кишвари соҳибистиқлоламон ва масоили сиёсати дохилаву берунаи Афғонистон бемантиқу беасос садо баланд накунанд. Мо ба маслиҳати ин афрод ниёз надорем ва афзои кунунии Ҷумҳурии исломии Афғонистонро медонему дарк мекунем. Баробари ин хотиррасон менамоем, ки кишвари мо ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Мо хоҳони онем, ки ҳарчӣ зудтар дар ҳамсоякишвар Афғонистон сулҳу субот пойдор гардида, мардуми он дар фазои оромӣ истиқомат намоянд!
Умуман бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон новобаста аз он ки аз кадом тоифа мебошанд. Мо наметованонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯистифодашуда аз дин бошад ё ғайридинӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд.
Дар интиҳои андешаи хеш вобаста ба вазъи кунунии Афғонистон ва умуман дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо мо бояд ҳамеша муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Баробари ин мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳилаи душманони миллат, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем.
Мо аҳли зиё бояд барои пешрафту гул гул шукуфии ватани биҳиштосоямон камари ҳиммат бандем ва побанди ҳизбу ҳаракатхои мамъну набошем ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯсти тарбия намоем.

А.АЛИЕВ,
муаллими калони кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *