БО СИЛОҲУ ХУНРЕЗӢ КИШВАРДОРӢ НАШОЯД!

Ҷомеаи башарӣ дар шароити имрӯза гирифтори мушкилотҳои зиёде аст, ки рушди терроризм ва ифротгароӣ, аз ҷумлаи он масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рӯз мебошад. Нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд.
Таҳлили ҷараёни вазъи сиёсии Афғонисстон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмиллалӣ дар маҷмӯъ ба амнияти тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо кардааст. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд.
Пас ғасб гардидани Ҳукумати Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористӣ бо ном ҳаракати “Толибон” ва моҳи сентябр эълон гардидани ҳокимияти нав бо иштироки онҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашрияҳои гуногун нашр мегарданд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ҳаракати мазкуре ба хулосае омада қайд менамоем, ки нафрат ба чунин давлатдорӣ, ки аз ҷониби толибон имрӯзҳо дар Афғонистон дида мешавад. Магар ин давлатдорӣ аст, ки мардум фарзандашро фурӯхта истодааст ё ин ки дар сомонаҳои интернетӣ нашри таҷовуси духтарчаҳои хурдсол ва ба дор кашидани онҳо дида мешавад. Бо саллаву силоҳу хунрезӣ, намешавад кишвардорӣ кард! Барои чи аҳли ҷомеаи башар аз ин рафтори ҳаракатӣ “Толибон” хомӯш аст, афсӯс сад афсӯс!
Дар робита ба бояд ёдовар шудан зарур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни баромадҳояшон мунтазам аз минбарҳои баланди дохилию хориҷӣ мавзӯи таъмини амнияту суботи комилро дар Афғонистон ва инчунин аҳамияти тавсеаи мусоидатҳои матлуби минтақавию ҷаҳониро барои эҳёи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар таъкид менамоянд. Таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд, ки аввалинҳо шуда, аз оғози сар задани низоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ хоҳони бо роҳи мулоқот ва музокирот ҳал кардани низоъҳо буданд.
Кишварҳои ҷаҳон бояд, билохира, ин воқеиятро қабул намоянд, ки мардуми Афғонистон тайи чор даҳа қурбонии манфиатхоҳии абарқудратҳо гардидаанду ҳақ доранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба онҳо дар таъмини сулҳ кӯмак намояд.
Дар оғози андешаи хеш иброз доштем, боз такрор шавад ҳам бояд ҳама бидонем, ки аз ин беш идома ёфтани нооромӣ дар Афғонистон тамоми минтақа ва ҳатто шояд ҷаҳонро бо мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ намояд. Набояд гузошт, то гурӯҳҳои ифротӣ бо суистифода аз вазъи ноороми кишвари ҳамсояи мо минтақаҳое аз онро ба майдони ташкил ва парвариши фикриву ҷисмии неруҳои ифротӣ барои саросари олам табдил диҳанд.Баробари ин бояд қайд кард,ки хоинони миллати тоҷик оид ба қазияи Афғонистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, бо таври худ нодуруст маънидод менамоянд ва мехоҳанд бо ин васила ба расидани ҳадафҳои ғаразашон кӯшиш доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси он сад дар сад омодаанд, ки марзу буми худро аз қувваҳои ғаризонаи беруна ҳимоя кунанд. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи як қатор созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфӯзи ҷаҳон мебошад ба монанди Созмони Миллали Мутаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар иттиҳоду ташкилотҳо мебошад, ки барои таъмини сулҳу субот ва бехатарии ҳар як аъзо бевосита бетараф нахоҳанд буд.
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем,ки хушбахтона имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо барои зиндагии сокинони кишвар ва озодии сухан, рафтор ва зиндагии шоиста фароҳам оварда шудааст.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва бомавриди имрӯзаи давлат ва тамоми аҳолии мо ошкор намудан, бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани ғояҳои террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама вақт омода аст, ки марзи давлатиро аз қувваҳои берунаи бадхоҳ ҳимоя намояд. Бо ҳамин андешаҳо бо шеъри зерин сухани хешро ҷамъбаст менамоем:
Давлатат поянда бод Тоҷикистони азизам.
Сулҳу субот дар Тоҷикистон доимӣ бод.

Ф.БОБОЕВ,
сармуаллми кафедраи
молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *