БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

Дар давоми моҳҳои охири соли равон бадхоҳони миллат – ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, бахусус Муҳаммадиқболи Садириддин, думраваш Беҳрӯзи Тағойзода, аъзои Гурӯҳи-24 ва дигар ҳаракатҳои ифротӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, доир ба масъалаи гирдиҳамоии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ баромадҳои ифротӣ намудаанд. Бо ин рафтору гуфтори ифротии навбатиашон барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, бахусус мардуми сарбаланди Бадахшон ва бо ин васила ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кӯшиш намуданд. Лекин бояд қайд кард, ки бадхоҳони миллат аз надонистани воқеияти ҳол дар барномаи ифротиашон суханҳои бардурӯғро бофта бароварданд, ки ин ба ягон қолиб рост намеояд.
Таъкидан хотиррасон менамоем, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳақиқат ҳамеша ғолиб мебарояду қонуну қонуният дастболо!
Ҳақиқати ҳол ин аст, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт нисбати Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ҷиноятиаш, ки дар хонаи истиқоматии номбурда қарор доштанд, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накарданд ва муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби онҳо аз таппончаи тамғаи «Макаров»-и ғайриқонунӣ дар ихтиёр доштааш оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду корманди амният ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоранд. Кормандони мақомоти амният тибқи муқаррароти моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба хотири зада гардонидани ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии корманди мақомоти амнияти миллӣ таҳдид мекард, дар доираи ваколатҳои худ аз силоҳи хизматӣ истифода намуданд. Аввал ба ҳаво тири огоҳкунанда ва баъдан ҷониби онҳо тир мекушоянд. Дар натиҷа, Зиёбеков Г.З. безарар гардонида шуда, ҳаммаслакони ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд қайд кард, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор Зиёбеков Г.З., таппончаи тамғаи «Макаров» бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуда, ҳаммаслакони ӯ Ғуломшоев Тайғуншо ва Мирзоев Розиқ бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Баробари ин ёдовар бояд шуд, ки роҳбари яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ Мамадбоқиров М.К., маъруф бо лақаби “Боқир”, 14 ноябри соли 2021 аз ҳиссиёти авбошӣ ба корманди милитсия ҳангоми адои хизмат бо истифода аз табар ҷароҳати ҷисмонӣ расонида буд. Ҷинояткор Мамадбоқиров М.К., Шанбиев М. ва дигар саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нӯшокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карданд, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ ва таҳти идораи худ қарор диҳанд. Баъдан роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.
Лекин бояд қайд кард, ки мардуми бору номуси сарбаланди Боми ҷаҳон, аз он ҷумла ҷавонони равшанфикри вилоят ба дурустӣ дарёфтаанд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷиноятҳояшон, ки ба ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи кишвар таъсири расониданш аз назар дур набуд, кӯшиши хоинона карданд.
Мо аз амалӣ саривақтии мақомотҳои дахлдор ва фикри сареҳу равшани мардуми Бадахшон, бахусус ҷавонони борору номуси шаҳри Хоруғ аҳсан гуфта, ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамоем, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр пурра ба эътидол оварда шуд.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида ҷавонони кишварро лозим аст, ки хӯшёрию зиракии сиёсии хешро аз даст надода, ба воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо диҳанд ва ба худ хулосаи дуруст бароварда, барои пешгирии амалҳои номатлуб беш аз беш саҳм гузоранд. Дар шароити имрӯза вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст аз он иборат аст, ки барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем. Баробари ин мо баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадхоҳони миллат – ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 ва умуман бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои хоинони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми мукаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.
Хулоса воқеан таърих ҳамеша гувоҳ асту вақт довар! Бадхоҳони миллат – ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гурӯҳи-24 хеҷ гоҳ ба мақсадаш нахоҳад расид!

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *