Изҳороти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба “мутахассисони” Донишгоҳи байналмилалии  ба номи Мустафои ҶИЭ

 

Аҳли кафедраи мо аз мутолиаи мақолаи Иноятулло Каримов, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо номи “Донишгоҳи бузурги терроризм ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” ба хулоса омадем, ки маркази тайёркунии ифротгароён ва террористони исломӣ ин донишгоҳи калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия» мебошад.

Тарҷумаи тоҷикии ин донишгоҳ аз арабӣ Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо мебошад.

Мо ёд дорем, ки пас аз ташкил шудани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба донишҷӯёни дар хориҷи кишварамон дар равияи динӣ таҳсилкунанда муроҷиат шуда буд, ки ба кишварамон омада, таҳсили худро дар донишкадаи худамон давом диҳанд. Аксари донишҷӯёни дар кишварҳои араб таҳсилкунанда баргашта омаданд. Лекин қариб 400 нафар донишҷӯён, бо маслиҳати роҳбарони собиқ ҲНИ наомаданд ва ҳоло ҳам дар муҳоҷират кор мекунанд ё таҳсил карда истодаанд. Бояд ёдовар шуд, ки 8-уми декабри соли 2020-ум Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки ин донишгоҳи номбаршударо ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст.

Дар мақолаи Иноятулло Каримов омадааст, ки дар донишгоҳи мазкур қариб 50 ҳазор донишҷӯ таҳсил гирифта, соле то 10 ҳазор хатмкунанда мебароранд ва то имрӯз беш аз 52 ҳазор мутахассис тайёр шудааст, ки онҳо ба ҳудуди 50 миллион нафар таълим додаанд. Ин донишгоҳ дар 60 кишварҳои дунё филиалҳои худро кушодааст. Ҳоло дар ҳудуди Афғонистон 4000 нафар донишҷӯёни филиали ин донишгоҳ таҳсил гирифта истодаанд. Албатта мо медонем, ки донишгоҳ  ихтисосҳои гуногун мутахассис тайёр менамояд, ба монанди самти техникӣ, муҳандисӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро дорад.. Эҳтимол асосан мутахассисони соҳаи дини ин донишгоҳ ифротгар ва террорист шаванд. Ба ин мисол шуда метавонанд собиқ аъзоёни ҲНИ  ба монанди “исломшинос” Сайидюнуси Истаравшанӣ, ёрдамчии Муҳиддин Кабирӣ Муҳаммад Кабиров, сухангӯи ҲНИ Бобоҷон Қаюмов ва дигарон, ки агар дар бораи дин сухан равад, ба касе навбат намедиҳанд. Мардумро дар рӯҳияи инсонбадбинӣ, нигоҳи нобоварӣ ба сиёсати давлат тарбия намуда, худашонро «мусичаи бегуноҳ» нишон медиҳанд. Маҳз парвардаҳои ҳамин донишгоҳ буданд, ки дар лагерҳои бузурги шаҳрҳои Кирмоншоҳи Эрон ва Вазиристони Покистон террористон омода шуда, шахсиятҳои номдори Тоҷикистонро куштанд. Аз ин далелҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар кишвари ба мо дӯст ҶИЭ бо номи ислом бар зидди ислом, бар зидди тамоми мардуми ҷаҳон мутахассис тайёр мекунанд. Ин гуна “мутахассисон” аз даст задан ба корҳои ифротгароӣ, террористӣ, ҷосусӣ, паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ, бӯҳтон бе ягон шарму ҳаё даст мезананд. Худ, спонсорҳо ва шариконашонро бегуноҳ нишон  медиҳанд. Аз ҳама муҳимаш ҳамон аст, ки чунин тайёр намудани чунин мутахассисонро спонсорҳои зиёд ба мисли М.Кабирӣ  ва хоҷагони хориҷӣ расман бо маблағ дастгирӣ мекунад.

Бояд қайд кардан, ки санаи 15 апрели соли равон М.Кабирӣ дар нишасти маҷозии донишҷӯён ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилалии ҷаҳони ислом баромад намуда, боз ҳамон суханҳои бардурӯғи худро идома дод. Баромади мазкур дар шабакаи иҷтимоии мустақим пахш карда шуд.Албатта мо мардуми Тоҷикистон аз ношукурӣ ва бадхоҳиии Кабирӣ хуб огаҳ ҳастем ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии вай бовар нахоҳем кард.

Имрӯз бояд тамоми саъю кӯшишро бар он равона кунем, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ кунем. Ба мардум фаҳмонидан лозим аст, ки кӯр-кӯрона фарзандонашонро барои гирифтани дониши динӣ ба кишварҳои ба мо маълум нафиристонанд. Бояд ёдовар шуд, ки воқеан Донишкадаи исломии Тоҷикистон мутахассисонашонро дар асоси равияи Абӯ Ҳанифа тайёр мекунанд, ки онро мардуми зиёда аз 200 давлати дунё эътироф намудааст ва ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ҳурмати калонсолон, риоя намудани расму оинҳои аҷдодӣ, таҳаммулпазирӣ тарбия мекунад.

Мо аъзоёни кафедра боварӣ дорем, ки мардуми бошарафи кишварамон неку бадро бо тезӣ мефаҳманд, ҷавононро аз шомилшавӣ ба кору кирдорҳои чунин “мутахассисони дин” нигоҳ медоранд. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин разилон бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ҳалолкорро аз ҳаромкор фарқ кунем, ба қадри некӣ ва бадӣ расем ва ба ҷавонон низ фаҳмонем, ки фирефтаи чунин қаллобон нашаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *