Дахолати Эрон ба ҷангҳои шаҳрвандии Тоҷикистонро маҳкум менамоем!

Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҶИА ҳукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИТ таъсис дод ва пурра зери назоратӣ худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористӣ мубаддал намуд.

 Дар Тоҷикистон ҷанг нав сар шуда буд, мардум ҳатто барои гурехтан ва ё ягон молу амволи рўзғорашонро бо худ гирифтан фурсат надоштанд. Лекин, эрониҳо, то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон, дар қаламрави ин кишвар созмону ташкилотҳоеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқӣ «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавӣ гузошта буданд. Мардуми оддӣ ба ин кори «хайри бародарон»-и эронияшон миннатдорӣ мекарданд. Фикр мекарданд одамоне, низ ҳастанд,ки ғами онҳоро мехўрад. Ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамотҳои махсуси Эрон пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд.

 Бунёди ҷумҳурии исломӣ ва тадриҷан дар зеҳну шуури мардум ҷой кардани ақоиди «шиагароӣ»- яке аз вазифаҳои муқаддаси Эрон буд, ки тавассути хадамотҳои махсусаш амалӣ мекард.

 Яке аз нафарони бонуфузи ТТЭ ҲНИ ва шахси эътимодноки С. А. Нурӣ, пинҳонӣ ба Тоҷикистон сафарбар карда шуда буд. Мақомотҳои амниятии кишвар ӯро боздошт намуда, дубора ба Афғонистон фиристода буданд. Он вақтҳо, ки телефони мобилӣ набуд, чӣ тавр барои вохӯриҳо дар ҶТ маслиҳат мешуд? Эрониҳо тамоми роҳбарияти ҲНИТ-ро бо техникаву таҷҳизотҳои мавҷпахшкунанда ва мухобараҳои замонавӣ таъмин карда буданд, инчунин маблағҳои зиёд роҳӣ менамуданд. Роҳбарияти ИНОТ бо хадамоти махсуси Эрон танҳо дар сатҳи машварату тавсия ва роҳу усулҳои корбарӣ ҳамкорӣ доштанд.

 Бояд қайд намоям, ки ТТЭ ҲНИ тамоми кӯшишро ба харҷ медод, ки Ҳукумати ҶТ-ро сарнагун сохта, сохтори низоми исломиро дар Тоҷикистон ҷорӣ намояд.

 Таври маълум, фаъолият ташкилоти байналмилалии «Ҳилоли аҳмар» ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи ғизоӣ ба мардуми ниёзманд аст ва қароргоҳи аслии ин созмон ҳам дар Аврупо мебошад. Аммо хадамоти махсуси Эрон аз номи ин ташкилоти бонуфуз суйистифода карда, фаъолияташро зери ниқоби он иҷро менамуд. Бояд қайд кард, ки ташкилоти байналмилалӣ ва аслии «Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Мазори Шариф мустақар буд ва бо ташкилоти бофта ва ҳамноми кишвари Эрон дар шаҳри Толиқони Афғонистон ягон алоқамандие надошт. Кормандони «Ҳилоли Аҳмар»-и Эрон аз вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти аслии «Ҳилоли Аҳмар» меҳаросиданд. Аз онҳо мегурехтанд.

 Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон, ба монанди Вазорати иттилоот, Разведкаи ҳарбӣ, Корпуси посдорони инқилоби исломӣ ва ғайра зери пӯшиши ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди «Ҳилоли Аҳмар», «Имдоди Ҳумайнӣ», яке аз тарроҳони аслии ҷанги шаҳрвандии ҶТ арзёбӣ гардида, барои бунёди ҷумҳурии исломӣ ва сарнагун сохтани ҳукумати ҶТ саҳм гузошта, фаъолияти тахрибкоронаи худро фаъолона ба роҳ монда буданд

 Мардуми Тоҷикистон бояд ин хатарро донанд, ҳушёр бошанд, хонаи ободи худро насўзонанд ва фирефтаи бегонагон нашаванд.

Турсунова Матлуба Ёкубҷонова
ассистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерии,таҳлил ва аудит.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *