ТТЭ ҲНИ ва нақшаҳои пасипардагии он

Таҳкурсии ҳизби наҳзати ислом ҳанӯз соли 1978 дар совхози “Туркманистон”,  ноҳияи Бохтар аз ҷониби созмони махфии “Бародарони мусулмон” гузошта шуда буд. Соли 1991 анҷумани муассисони ин ҳизб баргузор гардида, фаъолияти ин ҳизбро соли 1991-1993 ба роҳ монд, ки он фаъолияти террористӣ мебурд. Роҳбарияти ҳизб. домулло Саъдиддин Рустамовро роҳбари Шӯрои инқилобии исломии Ғарм таин намуданду,ӯ бо ҳамроҳии  Р.Содиров ва Н. Хоҷаев декабри соли 1992 аҳолиро ба ҷиҳод баҳри сарнагунсозии ҳокимияти  канститутсионӣ ва барпосозии Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват намуданд. Моҳи июли 1993 суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарори ҳизби демократии Тоҷикистон, “ Ростохез”, созмони “Лаъли Бадахшон”   фаъолияти ҲНИТ –ро ки ба ҷанги бародаркуш замина гузошта буд, аз фаъолият бардошт.

Роҳбарони он ба Афғонистон фирор намуда, моҳи июни соли1993 Иттиҳоди   мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба он ҲНИ ба Ҳизби демократии Тоҷикистон аъзо буданд. Танҳо баъди  расидан ба Ваҳдати миллӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти нави ҲНИ иҷозат дод. Вале ин ҳизб бо ҳар роҳу восита иғвогариҳо фитнаангезӣ, гумроҳсозии аҳолиро оғоз намуда, даст ба терроризм зада, алайҳи ҳокимияти конститутсионӣ муборизаи душманонаро оғоз намуд. Дар натиҷа 45 нафар аъзоёни ин ҳизб барои ҷиноятҳои вазнин ва 17 нафари дигар барои ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки яке аз ҷиноятҳои онҳо бо роҳбарии Давлатов Аловуддин ( Алии Бедакӣ)  ва Раҳимов Абдулло (Мулло Абдулло) боиси марги 25 нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар водии Рашт гашт.  Ин гуна ҳодисаҳо дар Хоруғ, Исфара боиси марги чандин кормандони ҳифзи ҳуқуқ гашт.

Амали ноҷавонмардонаи генерал Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷи Ҳалим) ва роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки 4-16 сентябри 2015 тавассути террор нияти сарнагунсозии ҳокимиятро доштанду зиёда аз 20 гурӯҳҳои 15-30 нафариро ташкил дода буданд, косаи сабри мардумро лабрез сохту бо талаби Прокурори генерали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро чун ҳизби экстремистию терористӣ қатъ намуда, рӯзномаи он “Наҷот” ва соманаи интернетии ҲНИТ-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд.

Аз гуфтаҳои  собиқадори ҲНИ А. Сатторов ва аъзои фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов бар меояд, ки ин ҳизб бо маблағи хоҷагони хориҷиашон ба монанди Шайх Ҳасани Банно, Саид Қутб, Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавдудӣ ва чанде дигарон нақшаи сарнагунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт.

Гарчанде фаъолияти ин ҳизби бадхоҳи миллӣ манъ карда шуда бошад ҳам, вале намояндагони саргурези он аз хориҷи кишвар истода боз мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаи моро халалдор созанд. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштани онҳо бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда, бехабар аз онанд, ки онҳо ба ланъати халқу миллат гирифторанд!

Имрӯз дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ, ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта фикр намесозед, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидаро роҳгум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро ба вартаи ҳалокат равона сохта истодаед! Охир модарон ба сад умеду орзу фарзанд ба воя мерасонанд, ки онҳо бо халқу Ватани худ хизмат намуда, дар айёми пирӣ асои дасти онҳо шаванд. Шумо бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастед, ба рехтани ашки ҳасрати онҳо сабаб гашта, магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред. Охир бузургон гуфтаанд:

         Ҳаргиз аз роҳи бадӣ мақсуди кори худ маҷӯ,
        Як бадӣ хоҳӣ ба кас даҳчанд баргардад ба ту!

Бобоев Абдукарим,
муаллими калони
кафедраи ҷомеашиносӣ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *