ДӮСТУ БАРОДАРОНА ОСОИШТА ЗИНДАГB КУНЕМ !

Тибқи расонаҳои хабарӣ ба мо маълум гардид, ки матаассифона шоми 27 январи соли 2022 дар маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара боз муноқишаи марзӣ байни аҳолии кишварҳои ҳамсарҳад ба вуқӯъ омад. Сокинони маҳаллаи Оқсои вилояти Бодканд ронандаи автомобили тамғаи “Портер”-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро беасос боздошт намуда, ҳамла намуданд, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифт. Ниҳоят соатҳои 17:20-17:30 ба вақти маҳаллӣ вазъият дар марзи ин минтақа ноором шуда, аз ҷониби нерӯҳои қушунҳои сарҳади Кирғизистон оташфишониро ба сӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардаанд, ки боиси марги ду сокини осоиштаи ноҳияи Исфара гашта, чандин нафарон захмӣ гаштанд. Ин амали зиддиқонуниест, ки мутаассифона, ҳамсояи қирғизамон тӯли солҳои охир пеша кардаанд ва ин хусусияти ҷанги сарди хунукнатиҷа дорад. Ва ин на танҳо зидди тоҷикон, балки зидди худи халқи қирғиз ба шумор меравад.
Вобаста ба ин гуфтаниам, ки мо бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳадем, ҳамсояем, ҳамддин. Аз ин лиҳоз, набояд бо якдигар ҳар вақт муноқишаю ҷанг кунем. Моро зарур аст, ки ҳамчун як кишварҳои дӯсту бародар дар як осмони софу осоишта зиндагӣ кунем. Набояд фаромўш кард, ки нафарони бадхоҳ ва умуман равияу ҳаракатҳои ифротӣ арзи вуҷуд доранд ва барои муташанниҷ шудани вазъи ин минтақа кӯшишу ҳаракат менамоянд ва намехоҳанд, ки мардуми тоҷику қирғизҳо дар амн бошанд. Барои ҳамин ҳам мо бояд дӯсту бародар шавем, аҳл бошем, то ки ин бадхоҳоҳон аз ниятҳои нопоки худ ягон натиҷа нагиранд.

ҲОШИМОВ Ф.,
сармуаллми кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *