ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ДИС ДДТТ

Тавре маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, санаи 27-уми январи соли равон тахминан соати 18:40 дар чооррроҳаи Зарафшони ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара бо айби сарҳадбонони ҷониби Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омадааст, ки боиси нигарони кулли мардуми Тоҷикистон гардид.
Боиси тазаккур аст, ки мо бояд дар мавриди даргириҳо ба эҳсост дода нашавем ва аз амали сулҳу салоҳ корро пеш гирем. Феълан вазъият дар минтақаи зикр шуда муътадил аст ва бо музокираи ҷонибҳо оташбас эълон гардид, ки боиси хушнудист. Зеро, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфтааст. Бо мақсади бартарафсозии муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев сари мизи музокирот нишаста, барои оташбас ба мувофиқа расиданд.
Қувваҳои Мусаллаҳ аз манотиқи марзӣ берун бароварда, ба ҷойи доимии худ баргардонида шуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳарду ҷониб комиссияҳо корбарӣ намуда, сабабу омилҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаро муайян менамоянд.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд.
Мо хуб медонем ва дарк менамоем, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша роҳи сулҳро пеша кардааст ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавобан ба муноқишаҳои ҷониби ҳамсоя рафтор менамояд.
Аз мардуми шарифи кишвар хоҳиш ба амал меорем, ки дар ҳолатҳои муноқишаи сарҳадӣ ба эҳсосот ва дасисаи бархеи аз бадхоҳони миллати тоҷик дода нашаванд. Зеро ҷанг, муноқиша ва қатл ягон вақт роҳи ҳалли мушкилот набуд вашуда ҳам наметавонад. Аз ин рӯ, ҷонибҳо бояд ба хулосаи зарурӣ расида, сабабҳои ба амал омадани чунин муноқишаҳоро жарфтар таҳқиқ намуда, саркунандагон ва ташкилкунандагони муноқиша ҷазои сангин бинанд. Чун ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки ҷониби ҳамсоя ҳамеша сабабгарои муноқишаҳои марзи гардида, аҳдшиканӣ ва санадҳои имзогардидаро нодида мегиранд. Агар вазъ чунин идома ёбад ҳеҷвақт ба манфиати кор нахоҳад буд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *