Набиева Муқадас Абдусатторовна

Набиева Муқадас Абдусатторовна 10 июни соли 1979 дар ноҳияи Б.Гафуров таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 ба мактаби миёнаи № 10 ноҳияи Б. Гафуров дохил гашта соли 1995 мактаби миёнаро бо аттестати аъло хатм намуд. Аз соли 1995 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ихтисоси Ҳуқуқшиносӣ дохил шуда соли 2000 донишгоҳи мазкурро бо муваффақият хатм намуд. Аз моҳи декабри соли 2000 ба Шӯъбаи Хуҷандии Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси ассистент ба кор қабул карда шуд. Аз соли 2011 то 2019 чун унвонҷӯи ДДХ ба номи Б.Гафуров фаъолият намуда ва 25 декабри соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намудааст.
Аз соли 2005 то 2010 муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ШХДИТ дар шаҳри Хуҷанд, аз соли 2010 то 2020 муаллимаи калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ, аз 2 октябри сол 2020 н.и.т., муаллимаи калони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ. Аз соли 2020 дар вазифаи муовини декан оид ба илми факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ кору фаъолият менамояд. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *