COVID -19: ФАҚАТ ЭҲТИЁТУ ИТТИҲОД ВА МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА ХАТАРИ ВАБОРО КАМ МЕКУНАД

 

АЗ ТАДБИР ТО ТАҚДИР

Ҳанӯз аз оғози пайдоиш ва рушди пандемияи короновирус дар ҷаҳон Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои муассири пешгирии хатари онро дар мамлакат таҳияву роҳандозӣ кард. Аз ба карантин фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешуданд, то пурзур намудани назорати сарҳадот ва ҳатто қатъи намозгузории дастаҷмаъона дар масҷидҳо, ки мутаассифона барои баъзе каҷназарон омили сангандозӣ ба сӯи давлат низ шуд, фақат ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ ва кам кардани хатари воридшавии ин беморӣ ба Тоҷикистон буд.

Вале аз аввал ҳам маълум буд, ки кишвари мо чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад пурра аз ин вабои оламгир дар амон бошад, ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишварҳои ҳамсоя – Чину Афғонистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ҳолатҳои сироятшавӣ ба короновирус рушд мекард. Бо вуҷуди ин тадбирҳои саривақтии ҳукумати мамлакат самар дод, Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои гирифтор ба COVID-19 хеле дертар ворид шуд. Дар ин маврид мардуми мо мегӯянд, ки аз тақдир ҷои гурез нест…

АЗ ХУРОФОТ ТО ВОҲИМА

Мо, мутаассифона, бо вуҷуди дорои тамаддун ва таъриху адабиёти ғанӣ будан, то ҳол ҳам дар баробари хурофот ва воҳима наметавонем бо иродаи устувор мубориза кунем. Фирефта шудан ба суханони беасос, бовар кардан ба воҳимаҳои дуруғ ва аз ҳама бадтараш гирифтор шудан ба дарди бедавои “бе таҳлил ҳукм кардан” аз камбудиҳои ҷиддии мост, ки мутассифона сабабгори рӯҳафтодагии ҷомеа ва ба миён омадани нофаҳмиҳои мухталиф дар байни халқ ва давлат шуда метавонад.

Масалан, овозаи камчин шудани орд, ки шояд маҳсули “тахайюли манфиатхоҳ”-и як ва ё гуруҳи тоҷирони мо буд, дар як муддати кутоҳ мавҷи вокунишҳои гуногуни аҳолиро боло бурд. Кор ба ҷое расид, ки дар ҳамаи шабакаҳои телевизону радиои кишвар ҳамон шабу рӯз барномаҳои хабарӣ бо нишон додани захираҳои кофии давлатӣ ва суҳбати масъулин доир ба беасос будани воҳимаҳо оғоз меёфтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2020 дар суханронии худ ба ба муносибати Рӯзи модар бо ёдоварӣ аз вазнинтарин рӯзҳои гузашта – давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он таъкид карданд, ки “Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем?” Ин сухани пурҳикмат, ки як ҷаҳон маъно доштаву ҷонфидоиҳои Пешвои миллатро дар расидан ба имрӯзу фардои нусратбору пурсаодати халқ ифода мекунад, тавонист орзуҳои душманони миллатро, ки тибқи шаҳодати таърих ҳамеша аз рӯзҳои сахти мардум ба манфиати касифи худ истифода кардаанд, ба хок занад. Вале бадбахтона то ҳол низ онҳое, ки бо “муқтазои табиат ва ғароизи каждумонаи худ” хурофоту воҳимаҳоро мебофанду паҳн мекунанд, кам нестанд. Фақат такмил додани қобилияти таҳлилу тафаккур ва дастрас намудани иттилои саҳеҳ аз сарчашмаҳои муътамад метавонад бозори чунин ашхосро касод ва худашонро рӯсиёҳ кунад.

АЗ ИНТИЗОРӢ ТО ВОҚЕИЯТ

Омӯзиши матолиби баъзе расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва суханрониву “видеообрашени”-ҳои як гуруҳи камҳайсияти ба ном “мухолифин” нишон дод, ки эшон бо шодмонӣ интизори сироят ёфтани Тоҷикстон ба ин вабои аср будаанд. Пештар аз сабти сироятшавӣ ба ин беморӣ дар кишвари мо бо хабару ҳангомаҳои дурӯғ заиф нишон додани қудрати давлат дар мубориза ба он ва ба вартаи ноумедӣ тела кардани сокинон аз ҷумлаи аъмолест, ки зоҳиру ботини “мухолифон”-и моро нишон медиҳад.

Билохира рӯзи 30 апрел расман нахустин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба COVID-19 эълон шуд. Бадбахтона, онҳое, ки мегуфтанд, номумкин аст, ки Тоҷикистон аз ин бало эмин монад, бидуни эҳсоси шарму виҷдон имрӯзҳо мавзӯи аксро ба баррасӣ кашидаву гунаҳгор меҷӯянд. Бехабар аз он, ки:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ. (Саъдӣ)

Вале такрор ҳам бошад, бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамҷавор бо кишварҳои қаблан ба ин вирус сироятшуда наметавонист аз ин вабо эмин монад. Таҳдиди хатари короновирус ба мамлакати мо воқият буд ва то ҳол боқӣ мемонад. Ин ҳақиқатест, ки инкор намешавад.

АЗ МУБОРИЗА ТО МАСЪУЛИЯТ

Густариши бесобиқаи пандемияи короновирус, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард, кишварҳои абарқудратро низ маҷбур кард, то эътироф намоянд, ки дар муқобили COVID-19 бидуни муборизаи дастаҷамъона ба натиҷаҳои нек ноил нахоҳанд шуд. Омори фавт дар кишварҳои бузургу пурқудрат чун Чину Амрико, Русияву Италия ва дигар давлатҳои аврупоӣ гувоҳи то ҳол хатарноктарин душмани инсоният боқӣ мондани падемияи короновирус мебошад.

Бузругтарин имтиёзи мо дар мубориза ба ин вируси хатарнок имконият надодан ба густариши он бо роҳи пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ барои роияи ҳатмии талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти мубориза бо COVID-19 мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 75-солагии Ғалаба бори дигар аз зарурати иттиҳоду ҳамдилӣ ва муборизаи дастаҷамъона барои мағлуб намудани короновирус ёдоварӣ карда, фармуданд, ки “Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад. ”

 

АЗ ШАҲР ТО НАВОҲӢ

Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар мубориза ба муқобили ин вабои аср албатта ҳамаи манотиқи кишварро фаро мегирад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ низ муборизаи беамон ба муқобили авҷу густариши короновирус шуруъ шудааст. Ситодҳои доимамалкунандаи мақомоти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон барои татбиқи амру дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ чораандешӣ мекунанд. Аз роҳандозӣ кардани корҳои тарғиботӣ, омодаву мутобиқ намудани беморхонаҳо ва муайян кардани афроди бемор то безараргардонии хонаҳо, кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои серодами ҷамъиятӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ситодҳои маҳаллӣ мебошад.

Рӯзи 12 майи соли ҷорӣ АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки “мисли баъзе кишварҳо дар мамлакат норасоии ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ вуҷуд надорад. Ҳоло ҳамаи ин лавозимоти муҳофизатӣ асосан дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. Ба ҳамаи беморон ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад, нархи доруҳо танзим карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дезинфексия ба таври густурда роҳандозӣ шудаанд”

Вале мушоҳидаҳо дар навоҳӣ, махсусан дар деҳот нишон медиҳад, ки мутаассифона на ҳамаи сокинон хатари короновирусро ҷиддӣ қабул кардаву чораҳои беҳдоштиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки телевизиону радио, матбуот ва гуруҳҳои кории ситодҳо мунтазам аз хатари ин беморӣ ва чораҳои эҳтиётӣ мегӯянду мегӯянд.

Дахолату назорати нозирони минтақавӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт метавонад хеле таъсиргузор бошад. Чунин таҷриба дар пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои калон роҳандозӣ гардидаву аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявӣ истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ба шаҳрвандон низ ҳатмӣ шудааст. Пас чаро онҳое, ки бе ниқоб ба кӯча мебароянд, вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ҳисобида нашаванд? Бояд дар пешгирии густариши ин беморӣ дар деҳот низ милисаҳо фаъол бошанд, бо онҳое, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, суҳбат гузаронанд, фаҳмонанд, зеро сухан на дар бораи як ё ду нафар, балки саломатии ҷомеа, саломатии миллат ва манфиатҳои умумии ҳамаи шаҳрвандон аст. Табиист, ки чунин суҳбатҳо таъсири бештар аз дигар усулҳои тарғиботӣ доранд.

АЗ ХУЛОСА ТО НАТИҶА

Бозор Собир, шоири шаҳири тоҷик мефармояд:

Қиссаи мурғи Самандар пеши ман афсона нест,

Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.

 

Дуруст, халқе, ки дар оташи таърих, ҷабри Искандару аъроб, зулми Чингизхону порасозиҳои инқилоби октябр насӯхту аз байн нарафт ва бо инояти Худованду ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳшату худкушиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро низ паси сар гузошту ба беҳтарин неъмат – Ваҳдати миллӣ даст ёфт, ба зудӣ аз буҳрони ҷаҳонии COVID-19 низ раҳо мешавад. Рӯзҳои пурсаодат дар пешанд, як бор ба хандаҳои беғаши фарзандону набераҳои хурдсолатон ва чашмони нерӯбахши онҳо нигаред. Хулосаи ин матлаб низ дар чеҳраву нигоҳи онҳост, ки агар дарк кардед, ҳатман ба натиҷаи нек ҳам хоҳед расид…

 

Муродулло ПОЧОЗОДА,

рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *