Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ оид ба андешаҳои муғризонаи бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

Аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ ва кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони донишкада вобаста ба вазъи ба амаломада ва пайдоиши бемории короновирус дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон, ки боиси фавти одамон гардидааст, изҳор менамояд, ки мутассифона ин беморӣ дар кишвари мо ба низ қайд гирифта шудааст. Пас мо бояд бо риояи гигегинаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри он талош намоем, ки мардум ба дасисаву андешаҳои муғризонаи баъзе аз сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда, танҳо бо маълумотҳои расмӣ такя намоянд. Имрӯзҳо дар кӯчаву бозор садҳо хабарҳои бардуруғ паҳн гардида истодаанд, ки ин ҳолат метавонад боиси болоравии нарху наво ва тафриқаандозӣ дар байни мардум гардад. Дар ҷаласаи фаврии Ҳукумати Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сохторҳоро муаззаф намуданд, ки дар ин самт корбариро пурзур намуда, барои пешгирии ин бемории сироятӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Аз расонаҳои иттилоотӣ маълум мегардад, ки ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Тавре Пешвои миллат дар ҷаласаи фаврӣ оид ба пешгирии ин вабои аср таъкид намуданд, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд.

Дар ин рӯзҳои мушкил барои тамоми миллати тоҷик ба ҳар гуна овозаҳои бардуруғу беасоси шабакаҳои берунӣ ва хоинони миллат бовар накунед. Кори ин гуна шахсон иғво андохтан асту бас! Ҳаминро дониста бошем, ки онҳо фақат ва фақат нооромии кишвари мову Шуморо мехоҳанд. Кур-курона гапҳои дурӯғи беасос мегӯянд.

Шумо бо чашми худ дида истодаед, чӣ гуна Ҳукумати кишвар талош карда истодааст, барои пешгирӣ кардани КОВИД-19. Ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мову Шуморо танҳо ва танҳо Ҳукумати кишвар ва духтурони бо нангу номуси мамлакат дастгириву ғамхорӣ мекунанд.

Он афроде ки аз дур истода хок ба давлату Ватани азизамон хок мепошад онҳо ягон вақт ба мову Шумо як танга ҳам кумак намекунад. Баракс онҳо бо нияти нопокашон мардуми Тоҷикистонро гумроҳ карда истодаанд. Албатта ки барои ин корҳояшон нону намак, шири Модар хоки поки Ватан курашон мекунад ва аллакай кардааст, ки фақат бадии миллатро мехоҳанд.

Мову Шумо танҳо якҷоя ҷавобан ба ғамхориҳои давлатамон кушиш кунем, то ба ин вабои ба хонаи мо омада ғолиб шавем.

Мо бояд суханони роҳнамои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем, ки таъкид намуданд:

“Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем. Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем ва дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин якдигарро дастгирӣ намоем”.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *