СӮИИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТИ НОХУШ

Таҳти унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” мақолаи Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ ва Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аксари расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро фаро гирифт, ки ин бешубҳа аз ҳамовозии қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷику тоҷикистонӣ дарак медиҳад.

Зеро дар он ҳаводис ва руйдодҳои олам махсусан, мавзӯи бадбахтии саросарии олам-коронавирус, муносибати манфии баъзе аз хоинон ва нотавонбинони миллат чун ТЭТ ҲНИ ва пайравони онҳо баҳои воқеиву мардона ва инсонгароёна дода шудааст. Дар мавод ҳақиқати ҳол, ғурури ватандориву ватандӯстии муаллифон басо равшан мушоҳида гардида, ба ҳар масоили ташвиқи иғвоангезона, амалҳои ғайриинсонӣ, ба тарсу ваҳома андохтани шаҳрвандон ва паҳн намудани хабарҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳои ифротии ТЭТ ҲНИ мӯшикофона рӯоварӣ карда шудааст. Чунончи хитоб ба наҳзатиён ва дигар нотавонбинони давлату миллат зикр мегардад: “ин иғвогарҳо насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд. Онон зар доранд. Зар медиҳанд, то сар бихаранд. Зар медиҳанд, то ору номусу нанг ҳангоми ҷанг бихаранд. Онон истифодабарандагони тоҷиконанд. Чунин тоҷиконро мехаранд ва мефурӯшанд. Аз як даст ба дасти дигар медиҳанд.

 

Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз одамон боз ҳам дӯстӣ, рафоқат, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд. Дар баробари ҳукуматҳо, инчунин, одамони сарватманд, варзишгарони машҳур, ситораҳои маъруфи санъат ва дигар нафарони муваффақ маблағҳои худро дареғ надошта, ба кишварҳои камбизоат ва оилаҳои нодор харҷ менамоянд. Новобаста аз сиёсатҳо, эътиқодот, муносиботи динию мазҳабӣ ва ҳизбӣ ҳамаи онҳо муттаҳид гардида, мекӯшанд, ки ҳаёти инсониро аз ин вартаи нобудӣ раҳо намоянд. Дар ин шароити вазнин ҳар нафари ватандӯст бо маслиҳат, рафтору кирдори худ кӯшиш намуданаш лозим аст, ки мо чӣ тавр аз ин вазъият бо камтарин талафот бароем. Агар аз ӯҳдаи ин гуфтаҳои дар боло номбаршуда набароед, аққалан халал нарасонед, ки роҳбарияти кишвар баҳри аз ин бало халос шудан чораҳои заруриро сари вақт бинанд.

Лекин дар фазои иттилоотӣ нафароне бо маълумоти бардурӯғи вайронкунандаи муносибати табақаҳои гуногуни мардум мебароянд ва дар байни мардум низоъ, ҳисси инсонбадбинӣ, нобоварӣ паҳн мекунанд. Мо медонем, ки аз санаи 30.04.2020 расман мавҷуд будани нафарони дорандаи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Аз ин сабаб мувофиқи қабули чораҳои фаврӣ баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар қаламрави кишварамон манъ карда шудааст.

Хулоса, дар шароити муосир, боз намудани саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле осон ва қулай аст. Аммо ин гурӯҳҳои ифротиро водор месозад, ки аввал андешаи солим намоянд, дуюм дар фикри Ватани миллати худ бошанд, ғурури тоҷик будани худро ба хориҷиён исбот намоянд ва дар рӯзҳои ғаму шодӣ ҳамшарик бошанд на ҳамчун тамошобин!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *