Санаи 22-юми ноябри соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» баргузор гардид.
Нахуст, директори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, қайд кард, ки дар таърихи башарият Парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои қадимаи давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хосае буд. Пайдоиши Парчам таърихи хеле қадима дошта, парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанўз аз замони Сосониён оғоз шудааст.
Сипас, Раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилояти Суғд Бузуруков Иномхўҷа бо сухани табрикотӣ баромад карда таъкид кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дўстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад ва бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст.
Баъдан, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Умаров Содирхон дар мавзуи «Таърихи парчамдории тоҷикон» ва ассистенти ҳамин кафедра Раҳматуллоева Анисахон таҳти унвони «Мавқеи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» маърўзаи пурмўҳтаво намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, донишҷўён бо суруду рақсҳои ҷолиб хотири аҳли нишастро болида намуданд.