ИЗҲОРОТИ шуъбаи омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона ДИС ДДТТ нисбат ба дасисабозӣ ва фитнагарии М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо кормандони шуъба тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки роҳбари ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ, хоини ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияш дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат аз ҳама гуна роҳҳо барои расидан ба мақсадҳои ғаразолуди худ талоши беҳуда дорад.
Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз тасдиқ шудани амалҳои хиёнаткорӣ Кабирӣ имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиаш бо номи “Паймони миллӣ”бо дасисабозӣ ва фитнагарӣ машғул аст. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки М.Кабирӣ як хиёнаткор ва мақсади ғаразнок дорад. Ӯ ба тӯҳмату дурӯғгӯӣ машғул шуда, мехоҳад фикру ақидаи дигаронро вайрон созад. Бори дигар таъкидан М. Кабириро хотиррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талқин мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар як нафар шаҳрванд дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбони манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.
Мо кормандони шуъба дар интиҳои изҳороти хеш бори дигар Кабириро ёдрас мекунем, ки имрӯз хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Ва даъват ба амал меорем, ки хиёнаткори миллат – Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисабозӣ ва фитнагарии худ нисбати Тоҷикистони азизи мо сухан гӯяд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *