Абдураҳмонова Муқаддамхон Зокировна

Абдураҳмонова Муқаддамхон Зокировна 27 марти соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1988 ба мактаби миёнаи ба номи В.И. Ленин дохил гашта соли 1998 мактаби миёнаро хатм намуд. Аз соли 1998 ба КЯТ ДДТТ ба ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дохил шуда соли 2002 донишгоҳи мазкурро бо дипломи сурх хатм намуд. Соли 2002 ба ДДТТ ба кафедраи молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ба ҳайси ассистент ба кор қабул карда шуд. Аз соли 2011 чун муаллими калони кафедра фаъолияти омӯзгории худро давом намуда соли 2018 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Такмил ва модернизатсияи низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон” бо муваффақият дифоъ намудааст.
Аз соли 2019 дар вазифаи н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд кор мекунад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *