ЧАШМИ НОХАЛАФ КӮР БОД!

Ба  диёри биҳиштосои кишвари азизамон Тоҷикистон, ки имрӯз мардумаш осудаву оромона зиндагӣ мекунанд, аз ҳар ҷониб баъзе аз кӯрдилон бо чашми ҳасуд нигариста, сабаби барангезонидани иғвоҳои беасос мегарданд. Аз инсоние, ки ҳар вазъияти баамаломадаро  ба манфиати худ ва барои беҳтар намудани ҳолати худ истифода мекунад, дур бишав, ки аслан аз ин тоифа некӣ намебинӣ.

Имрӯз ба рафтору кирдорҳои баъзе ҳаммиллатони мо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ва аз ҳар ҳолат мехоҳанд, барои худ манфиате ҷӯянд, менигараму  дар зеҳнам чарх мезанад: «Аз ин тоифа некӣ намебинӣ!» Воқеъан ҳам, нафароне мисли  М.Кабирӣ, И Ёқубов  ки ҷон канда хешро «ғамхор»-и ватану миллат  «намоиш» медиҳанд, на Ватан ва на миллати ман некие надид ва мутмаинам намебинад. Наход барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ баъзе ҷавононро муштипар ҳам истифода кунӣ. Ачаб ноҷавонмардиест дар ин манманиҳои мардӣ.

Ин амалҳои зишти хоинони миллат, мардуми тоҷикро барои дигар хушдор медиҳад, ки зираки сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан муттаҳид бошем. Сулҳу суботи кишвар олитарин дастоварди миллат дар ҳар давру замон аст. Ҳимояи сулҳ ва осмони софу беғубори  Ватан ба иттиҳод ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва сарҷамъии сокинон сахт вобаста аст. Бинобар ин мо бояд бештар аз пештар масъулият эҳсос кунем, ба тарбияи милли-ватан-дӯстии насли наврс эътибори ҷиддитар диҳем ва ба харзаҳои ахмакона аҳмияте надиҳем.

Халқи тоҷик миллатдӯст асту ору номуси милли дорад, аз азал сохибватан асту як порча замини худро ба касе намедиҳад ва то ҷон дар рамақ дорад, мубориза боқӣ мемонад.

 

                                                   Дилафрӯз Ҳомидова

                                     муҳаррири  шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *