Хушбахтона, имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки дар масъалаи ҳушёр будан аз хоинон ва душманони миллат, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, эҳтиёткор бошем.
М. Кабирӣ созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳои нангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Апрупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард. Бояд қайд кард, ки дар ин кор ӯ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷии кишвар аз қудратҳои минтақивию ҷаҳонӣ кушиши молявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.
Дар арафаи интихоботи пешистода “касали”-и ӯ шадидтар шуда истодааст. Кабирӣ нашармида нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон носазо мегӯянд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода, мехоҳад дар Аврупо паноҳ барад ва беҷазо монад. Дар яке аз мулоқотҳо бо Талгат Мамирайимов гуфтааст, ки: “Мо 5 сол инҷониб дар Тоҷикистон қарор надорему чӣ гуна ба Эмомали Раҳмон халал мерасонем?”. Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани Пешвои муаззами мо ҳавола мекунад. Гӯё бегуноҳ ҳастанду, Эмомалӣ Раҳмон коре надоранд ва фақат аз пайи Кабирӣ мебошанд. Инчунин фаъолияти Пешвои миллатро танқиду тӯҳмат менамояд. Фаъолияти ин нафарон ба созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил мебошад, ки мақсад аз тарғиботи фикрҳои ғайриқонунӣ ва беасос тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ аст.
Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Лекин бо сарварии шахсияти маъруфу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон халқи заҳматкаши тоҷик он рӯзҳоро паси сар карда, имрӯз дар Тоҷикистони ободу зебо зиндагӣ дорад. Мутаасифона душманони халқу давлати тоҷик, ки хоинони миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилооти дурӯғ медиҳанд, нисбати интихоботи пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иғвоандозӣ менамоянд, ки мақсади онҳо ивази сарвари давлат аст. Вале халқи тоҷик кӯр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст.
Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.
Мо устодон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.
Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гурӯҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Ва мо имрӯз ба ин хоинони Ватан ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон гуфтани ҳастем, ки мо мардуми тоҷик барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Мо ҳаракат мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро бо гапҳои бардурӯғ ғуборолуд созад.
Мо ояндаи хешро бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дидан мехоҳем!
Азимова Назирахон