Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон оид ба филми “Хиёнат” ва фошсозии аъмоли бадхоҳони миллат

Чанде пеш тариқи шабакаҳои телевизионӣ қисми 4 ва 5 филми мустанади “Хиёнат”-ро намоиш доданд ва мо бори дигар рафтори ин нохалафонро дар қалби хеш маҳкум намудем.

Истифода аз вазъияти ҳассос, яъне давраи ба даст омадани истиқлолият ин гурӯҳҳо бо нақшаи тахрибкоронаи хеш хостанд хостаҳои маккоронаи хешро ба номи дин дар кишвари мо таҳмил намоянд. Зеро кишвари мо, ки мусулмоннишин аст ва эътиқод доранд бо роҳи динӣ метавон ҷилави мардумро ба даст овард.

Аммо дар кишвари мо, ки аҳли илму маориф ва фаъолони ҷомеа ин макри ононро медонистанд ва чун туфон дар пеши роҳи нокасонаи онон меистоданд, нақшаи нобуд сохтани нафарони фаъолро кашиданд. Зеро фаъолони ҷомеа ба таври ҳамешагӣ дар ҳама давру замон танҳо барои пешрафти илму маърифату дунявият кӯшиш намудаанд.

Магар мешавад, ки роҳи номатлуб пеша кард, мардуммфиребӣ кард, фитна андохт, инсон кушт ва боз мардумро ба ростгорӣ ва роҳи мустақим ҳидоят кард? Албатта не! Девонаро то ҳатто ин амал намефорад! Ин афрод гумон мекарданд, ки дар ҷомеа шояд соҳиби обрӯй ё ҷойе бошанд ва намедонистанд, ки қисме раият аз тарси чанголи шағолонаашон, аз бераҳмияшон метарсанд ва аз тарс ҷавоби эҳтироми миёншикан медоданд.

Магар мешавад, ки дилҳоро хароб кард, баъдан ваъз гуфт, магар мешавад, ки ватанро хароб кард ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки духтарони бечораро зино кард ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки инсонро пуст канд ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки сари одамро бурид ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки нохунҳои одамро бо азият барканд ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки инсонро асир гирифту маблағ талаб кард ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки рӯякӣ дин гуфту ғорат кард ва баъд ваъз гуфт, мешавад? На намешавад, аммо замоне ТЭТ ҲНИ даст ба чунин амалҳо мезаду боз дар минбар баромада, ҷамъе аз бечорагонро ваъз мегуфт, ки дар филми мустанади Хиёнат беҳтар нишон дода шуда, исбот гардидааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *