Анҷоми семинари мобилӣ дар доираи лоиҳаи UNICAC

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва пайвастан ба системаи ҷаҳонӣ муносибатҳои байналмилалии худро бо Донишгоҳҳои хориҷа васеъ гардонида истодааст.
Ҳафтаи гузашта санаи 25 ноябри соли равон, мо силсилаи семинари мобилии худро дар доираи лоиҳаи UNICAC ба анҷом расонидем. Бояд хотиррасон намуд, ки аз санаи 18 октябр то 25 ноябри соли 2021 дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо ҳамроҳи Донишгоҳи Лауреа (Финландия), ва ҳамкорони UNICAC силсила семинарҳо оид ба мавзӯи “Бисёрфарҳангӣ ва бисёрсоҳавӣ” гузаронида шуд.
Дар чорабинии панелӣ профессор Тиина Викстром аз донишгоҳи Лауреа, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ Саидқосим Мухторов, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Фирӯз Ҳошимов ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шаҳноза Шарипова, инчунин аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Нозима Ҳасанова, аз донишгоҳи Шимолу-Ғарби кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии мардумии Чин доктор Фенгсин Ян ширкат варзиданд.
Барномаи семинар бо презентатсия оғоз гардид ва гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд, ки омӯзгорон бо мавзуъҳои гуногун барои донишҷӯёни хориҷае, ки аз давлатҳои Испания, Италия, ва Финландия буданд, баромад намуданд. Оид ба мавзуъҳои пешниҳод шуда, муҳокима доир гардид.
Дар чорабинии мазкур сараввал бо сухани ифтитоҳӣ модератор Тиина Викстром баромад намуд. Дар баромади худ ӯ тамоми мавзуъҳои семинарро, ки дар давоми 8 ҳафта гузаронидаем, ҷамбаст кард.
Мавзӯҳои умумии семинар:
• Фаҳмидани фарҳанг ва гуногунрангӣ;
• Салоҳияти фарҳангӣ ва ҷаҳонишавӣ;
• Устуворӣ дар ҳаёти ояндаи корӣ;
• Мустаҳками бизнеси байналмилалӣ ва ҳамкорӣ;
• Ояндаи роҳбарӣ;
• Корҳои технология дар ҳаёти ояндаи корӣ;
Аз рӯи ин мавзуҳо иштирокчиёни семинар дар соҳаи фарҳанги байналмилалӣ, роҳбарӣ, технология дар замони муосир, бизнеси сиёсӣ, проблемаҳои глобализатсионӣ, мавзуъҳои инноватсионӣ ва мураккаб ва ғайра таҷрибаи хуб пайдо карданд.
Дар рафти чорабинӣ Тиина Викстром дар мавзӯи “Мо дар ҷаҳони мураккаб зиндагӣ мекунем” маърӯза карда, зикр намуд, ки: “Мо дар ҷаҳони мураккаб зиндагӣ мекунем, ки дар он мо худро аз устуворӣ то мустаҳкамӣ мебинем ва сипас шоҳиди фалокат дар як кишвар ва сулҳу осоиштагӣ дар дигар кишвар мешавем. Ҷаҳони мураккаб ин аст, ки мо бо ҳолатҳои пандемия мубориза карда истодаем ва мебинем, ки тағироти босуръати глобалӣ, ки яке аз онҳо обхезӣ, хушкӣ, вазъиятҳои бесарусомонӣ, гушнагӣ мебошад. Мумкин ин ҳалли осон набошад, аммо мо бояд ба мардум муроҷиат кунем”.
Пас аз он, барои муҳокима дар гурӯҳҳо бо донишҷӯёни хориҷӣ чанд савол дода шуд:
– Дар соҳаи омӯзиши ман чӣ гуна душвориҳо мавҷуданд? Чаро?
– Дар Ватани ман чӣ гуна вазъияти мураккаб ба амал меояд? Чаро?
– Табиат дар соҳаи омӯзиши ман чӣ гуна дахл дорад? Чаро?
– Барои ман устуворӣ чӣ маъно дорад?
– Мехоҳед роҳбар бошед? Чаро?
– Мушкилоти калонтарин дар бахшҳои таҳсил ё кори ояндаатон кадомҳоянд? Барои ҳалли он чӣ гуфтан мумкин аст?
– Оё технология барои ояндаи шумо муҳим аст? Чаро?
– Фарҳангӣ ва бисёркасбӣ барои шумо муҳим аст ва чаро?
Доир ба ин саволҳо ҳамаи иштирокчиёни барнома дар бораи душвории таҳсил, роҳбарӣ, муҳимияти технология, аҳамияти табиат дар ҳаёти имрӯзаи мо, фаҳанги байналмилалӣ, ҷойи корӣ дар оянда ва бо дигар мавзуъҳо муҳокима карда ба худ маълумоти хуб гирифтанд. Азбаски мавзӯъи мазкур дар бораи душворӣ мерафт, якчанд зарбулмасалу мақолҳои Гераклит ҳамчун мисол оварда шуд: “Барои мағлуб кардани мураккабӣ – душворӣ лозим аст” ва “Ягона чизе, ки доимӣ аст, тағирот аст”.
Дар анҷоми семинар ҳамаи иштирокчиён бо маълумотҳои нав ва ҷолиб пайдо карданд ва фикру андешаҳои худро мубодила карда, доир ба ин чорабинӣ андешаҳои хубро ба миён гузоштанд.

IMG_1602
IMG_1604
IMG_1610
?cdcd??
?vf?????
??vfvf????
????dfdf??
?????vfvf?
??????.PNG2222222222222222222222222
previous arrow
next arrow

Семинари навбатии лоиҳаи UNICAC

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ семинари онлайниро дар доираи лоиҳаи UNICAC давом дода истодааст. Семинари навбатӣ 18 ноябри соли 2021 оид ба мавзӯи “Корҳои технология дар ҳаёти ояндаи корӣ” баргузор шуд.
Дар чорабинии панелӣ профессор Тиина Викстром аз Донишгоҳи Лауреа, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Фирӯз ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шарипова Шаҳноза аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов, аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Нозима Ҳасанова, корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Разоқова Сарвар ва дигар шарикони UNICAC ширкат варзиданд.
Сараввал профессор Тиина Викстром ба иштирокчиён мавзӯи семинарро зикр намуда, вобаста ба ин мавзӯъ баромад кард. Дар баромади худ ӯ аҳамияти корҳои технологияро дар ин ҷомеа, ки ба технология тааллуқ дорад, шарҳи умумӣ дод.
Пас аз он, мавзӯъ дар бораи истифодаи технология ва дастовардҳои кишварҳои мухталиф дар соҳаи технология, бахусус ихтирои роботҳо дар Ҷопон, ки барои нигоҳубини пиронсолон ва дигар нигаронида шудааст, идома ёфт. Донишҷӯёни хориҷа ки хусусан аз давлатҳои Финландия, Испания ва Италия дар рафти семинар муваффакиятҳои мамлакати худро оид ба технология нақл карданд ва иштирокчиёни ин семинар бо ахборотҳои нав шинос шуданд.
Инчунин, Ҳошимов Ф. андешаҳои худро оид ба корҳои технология дар ҳаёти минбаъдаи меҳнатӣ баён намуд: “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва барои ихтироъ кардани технологияҳои нав маблағгузорӣ карда истодаанд. Дар Тоҷикистон намунаи равшанеро аз номи Азизҷон Азимӣ, ки хатмкардаи донишгоҳҳои Стэнфорд ва Ҳарвард аст, асосгузори Zypl.AI дар Тоҷикистон буда, дар Осиёи Марказӣ нахустин маркази “Зеҳни сунъӣ”-ро ифтитоҳ кардааст, метавонем дид. Ӯ як мисоли равшанеро овардааст хати маҳсулот, ки ба истифодаи омӯзиши мошинсозӣ дар кредити андеррайтинг ба мизоҷони аввалини молиявӣ тамаркуз мекунад”.
Дар анҷоми семинар профессор Тиина Викстром наворҳоеро намоиш дод, ки дар онҳо эътимод ва ҳамкории одамон ва технология шарҳ дода шуда буд. Иштирокчиён аз ин маърӯза дар бораи технологияҳои нав дар оянда ва манфиатҳои онҳо маълумоти бештар гирифтанд. Инчунин, донишҷӯён оид ба қувваи технология ва камбудиҳои он, истифода ва имкониятҳои технология дар Финландия, Испания ва Тоҷикистон сӯҳбат карданд.

IMG_1166
1811
11222
33333
111111
121212
IMG_1168
IMG_1169
previous arrow
next arrow

Cеминари онлайнӣ доир ба WP 3.7.2 “Мутахассиси бисёрфарҳангӣ ва бисёрсоҳавӣ”

11 ноябри соли 2021 дар доираи лоиҳаи UNICAC семинари онлайнӣ доир ба WP 3.7.2 “Мутахассиси бисёрфарҳангӣ ва бисёрсоҳавӣ” баргузор гардид.
Мавзӯи семинар оид ба «Ояндаи роҳбарӣ» гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ профессор Тиина Виксром аз донишгоҳи Лауреа, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC Мухторов Саидқосим, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Хошимов Ф. ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шарипова Ш.аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Ҳасанова Нозима аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Разоқова Сарвар корманди шуъбаи равобитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ ва дигар шарикони UNICAC иштирок намуданд.
Тиина Викстром мавзӯи семинарро ба иштирокчиён маълумот дода, суханро ба Ҳошимов Ф. супорид. Омӯзгор Ҳошимов Ф. доир ба мавзӯи «Рохбарии сиёсӣ» баромад кард. Иштирокчиёни семинар бо таърифи мафҳуми роҳбарӣ, намудҳои он ва роҳбарии сиёсӣ дар Ҷумҳурии Точикистон шинос шуданд. Инчунин хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баромади худ таъкид намуд: «Тоҷикистон аз нобудшавии давлат ва ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфт. Ӯ дар рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва таърихии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дастовардҳои бузурги тақдирсоз ба даст овардааст».
Пас, омӯзгор Шарипова Ш. дар мавзӯи «Ояндаи роҳбарӣ» баромад кард. Ӯ дар бораи ҳавасмандкунӣ ва чӣ гуна муайян кардани роҳбарӣ, гузоштани ҳадафҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳо дар баромади худ сӯҳбат намуд. Ҳамчунин аз дастовардҳои роҳбар-ҷавонони комёбиТоҷикистон, мисли Рустами Эмомалӣ, Абдулло Қурбонов, Азизҷон Азимӣ ва дигарон ёдовар шуд.
Пас аз он, Тиина Викстром дар мавзӯи “Таҳлили глобалии лидерӣ дар соли 2021” суханронӣ кард. Иштирокчиёни семинар оид ба ташаккули истеъдодҳои насли оянда маълумоти муфид гирифтанд.
Дар фарҷоми семинар ҳамаи ширкаткунандагон дар бораи раҳбарияти оянда дар ҷаҳон сӯҳбат карда, дар бораи занони лидер дар кишварҳои худ, баробарии мардону занон дар нақши раҳбарӣ мубодилаи афкор намуданд. Масалан, дар Тоҷикистон сиёсати гендерӣ зина ба зина таҳия шуда, ба тавонмандсозии иқтисодии занон диққат дода мешавад, зеро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доштани мардон ва занонро пешбинӣ шудааст (моддаи 17).

IMG_0861
IMG_0864
IMG_0865
IMG_0866
IMG_0868
IMG_0878
leader
leaders
previous arrow
next arrow

Мизи мудаввари минтақавӣ бо шарикони UNICAC

Мушкилоти Афғонистон ва таъсири он дар минтақаҳо таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣро ҷиддӣ ба худ ҷалб кардааст.

28 октябри соли 2021 дар ДИС ДДТТ мизи мудаввари минтақавӣ дар мавзӯи «Вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби МТО-и Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Чин дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Испания, Финландия ва Италия доир карда шуд. Дар мизи мудаввар аз Донишгоҳи Севиля, профессор Инмакулада Вивас, директори IMCOMA, Хуан Герреро, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Моҳинав Ғафурова, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ, Мухторов Саидқосим, ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф., ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Қучқоров И., ва дигар шарикони лоиҳаи UNICAC иштирок карданд.

Дар мизи мудаввар аз ДИС ДДТТ омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Фирӯз бо мавзӯи «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин ва ҳифзи амният дар Осиёи Марказӣ» баромад карда, барои таъмин ва ҳифзи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд пешниҳодҳоро зикр намуд:

  • Гузаронидани форумҳои байналхалқӣ оид ба Афғонистон дар Душанбе ва бо ҳамин ба ҳалли проблемаи Афғонистон саҳм гузоштан;
  • аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъсис додани марказҳои махсуси иттилоотӣ барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва ғ.

Баъдан ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Қучқоров И. дар мавзӯи «Таъсири бӯҳрони Афғонистон ба рушди сайёҳии Осиёи Марказӣ» баромад кард. Қучқоров И. омори умумии рушди сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказиро пешниҳод намуда, таъкид кард, ки баъди ба даст овардани ҳокимияти Толибон вазъи иқтисодӣ ва сиёсии минтақа хеле муташанниҷ шуда истодааст, аз ин лиҳоз ин метавонад ба бахши сайёҳии Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад. Ӯ қайд кард, ки барои рушди сайёҳӣ ҳарчӣ зудтар дар сатҳи ҳукумат корҳои муштарак амалӣ карда шавад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа Саидқосим Мухторов дар бораи таъсири вазъи Афғонистон ба рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар фарҷом шарикони лоиҳаи UNICAC дар мавзӯҳои гуногун суҳбат карда, оид ба мушкилоти дар боло зикршуда андешаҳои худро баён намуданд.

IMG_0323
IMG_0349
IMG_0350
IMG_0355
IMG_0357
previous arrow
next arrow

Семинари навбатӣ дар мавзӯи “Салоҳияти фарҳангӣ ва ҷаҳонишавӣ”

Мо семинари навбатии худро дар доираи лоиҳаи UNICAC идома додем. Модули №3 дар мавзӯи: “Cultural Competence and Globalization” (Салоҳияти фарҳангӣ ва ҷаҳонишавӣ) бахшида шуда буд. Ҳамаи иштирокчиён дар семинар ба чунин саволҳо посух гуфтанд:
• Шумо мураккабии имрӯзаи вазъиятҳои маҳаллӣ ва ҷаҳониро дар кишвари худ чӣ гуна мебинед?
• Нигоҳи шумо оид ба гуногунии фарҳанг дар ватани худ?
• Шумо соҳаи омӯзиши худро чӣ гуна мебинед? Дар оянда барои омӯзгорон ва донишҷӯён чӣ муҳим хоҳад буд?
• Муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи шумо дар оянда чи гуна хоҳад шуд?
• Шогирдони шумо ба кадом малака ва салоҳият дар оянда ниёз доранд?
• Чи гуна имкониятҳо ва мушкилиҳои эҳтимолӣ дар кишвари шумо вуҷуд доранд?

Ҳамкорӣ оид ба барномаи мубодилавӣ бо Донишгоҳи Осиек, Хорватия

FB_IMG_1634539352625
IMG_9444
IMG_9416
IMG_9415
FB_IMG_1634539366443
FB_IMG_1634539346344
previous arrow
next arrow

ДИС ДДТТ пайваста кӯшиш менамояд, ки пешсафиро дар татбиқи барномаҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷуён нигоҳ дорад. Чунончи пештар маълумот дода будем ҳоло омӯзгори мо Мухторов Саидқосим Саидосимович тибқи барномаи Erasmusplus дар Донишгоҳи Осиек, Хорватия қарор доранд. Дар поён оид ба яке аз чорабиниҳои дар чаҳорчӯбаи сафари мазкур амалигардонидашуда, Мухторов С.С. ба мо иттилоъ дод: “Ман барои донишҷӯёни факултети Иқтисоди Донишгоҳи Осиек, Хорватия дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва имкониятҳо” баромад намудам. Дар толори лексионӣ бевосита 50 нафар донишҷӯ иштирок дошта, зиёда аз 120 нафари дигар тавассути интернет онлайн пайваст шуданд. Ман гумон надоштам, ки чунин миқдори зиёди саволҳо (бештар аз онлайн-иштирокчиён) пешкаш карда мешаванд, ки ин нишона аз баланд гаштани таваҷҷуҳи онҳо ба Тоҷикистон, иқтисодиёти мо ва имкониятҳои соҳибкорӣ дар кишвари мо буд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Хорватия низ барои омадан ба Хуҷанди бостонӣ ва таҳсил дар ДИС ДДТТ ҷиҳати барномаҳои мубодилавӣ пурсон шуданд. Оиди ин масъала, мо бо садорати факултети иқтисоди Донишгоҳи Осиек ба мувофиқа омадем, ки ҳамкориро дар доираи барномаи Erasmusplus ва дигар барномаҳо дар соҳаи таълим ва тадқиқот идома хоҳем дод. Барои имкониятҳои нав минбаъд моро пайгирӣ намоед. Инчунин, ман аз он шодам, ки устодони кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ имконияти тариқи онлайн дар лексия ширкат варзиданд. Ман барои таҳқиқоти минбаъдаи худ бахшида ба соҳибкорӣ якчанд ғояҳои нав пайдо намудам”.

Семинари онлайнӣ дар доираи лоиҳаи UNICAC давом дорад

Дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ  онлайн семинар дар доираи Лоиҳаи UNICAC бо Тиина Викстром баргузор шуд. Мо силсилаи семинарҳои худро таҳти WP 3.7.2 дар мавзӯи “Multicultural and Multidisciplinary Professional Competence” (Салоҳияти касбии бисёрфарҳангӣ ва бисёрсоҳавӣ) идома додем.

Модули 2 дар мавзӯи: “Understanding Culture and Diversity” (Фаҳмидани фарҳанг ва гуногунрангӣ). Устодони мо Фирӯз Ҳошимов аз кафедраи “Ҷомеашиносӣ” ва Шаҳноза Шарипова – аз кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳон” барои донишҷӯёни Финландия, Италия ва Испания дар мавзӯъҳои “Understanding culture and diversity” (Фаҳмидани фарҳанг ва гуногунрангӣ) ва “Culture in Tajikistan” (Фарҳанг дар Тоҷикистон) лексияи муштарак гузаштанд.

Баъд аз баромади устодони ДИС ДДТТ аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, профессори кафедраи “Назарияи тарҷума ва лингвистикаи муқоисавӣ” Яна Арустамян дар мавзӯи “Мақоми фарҳанг дар адабиёт” баромад кард. Дар охир аз тарафи омузгори  кафедраи “Назарияи тарҷума ва лингвистикаи муқоисавӣ” аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Шахноза Миралиева дар мавзӯи «Фарҳанг ва гуногунрангии таълими забон» маърӯза карда шуд.

Дар охири семинар  баҳсҳои ҷолиб сурат гирифт.

Мизи мудаввари минтақавӣ

       Дар шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Лоиҳаи UNICAC конфронси муштараки минтақавӣ дар мавзӯи “Effects of the situation in Afghanistan on Central Asia” (Таъсири вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ) ташкил карда мешавад. Чорабинӣ санаи 28 октябри соли 2021, тариқи онлайнӣ соати 11:00 баргузор мегардад.

       Онро муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Чин дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Испания, Финляндия ва Италия роҳбарӣ мекунанд. Дар ин мизи мудаввар масъалаи таъсири вазъияти Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешавад.

Мубодилаи байналмилалии кредитии Донишкада бо Донишгоҳи Варна

Донишгоҳи менеҷменти Варнаи Булғория яке аз шарикони стратегии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, дар доираи якчанд лоиҳаҳо ва барномаҳо ҳамкории зич дорад. Ба хотир меорем, ки дар доираи лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ зиёда аз 11 омӯзгорони Донишгоҳи менеҷменти Варна, аз он ҷумла ректори донишгоҳи номбурда ҷаноби Тодор Радев ба донишкадаи мо, ба шаҳри Хуҷанд ва 4 омӯзгорони донишкадаи мо ба шаҳри Варна сафарҳои корӣ-омӯзишӣ доштанд. Байни мактбатҳои олии номбурда меморандум оид ба ҳамкориҳои бисёрсамта баста шуда буд.

Ҳамкориҳои мо дар асоси шартномаи дутарафаи дар чаҳорчӯбаи барномаи Эрасмус+ баста шуда оид ба амалигардонии лоиҳаи Мубодилаи байналмилалии кредитӣ КА107 давом дода истодааст. Дар семестри якуми соли хониши 2021-2022 дар доираи лоиҳаи номбурда 7 нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ барои таҳсил дар Донишгоҳи менеҷменти Варна соҳиб роҳхат гаштанд.

IMG_7754
IMG_7650
IMG_7648
IMG_7644
IMG_7631
IMG_7629
IMG_7627
IMG_7625
IMG_7623
IMG_7620
IMG_7618
IMG_7617
previous arrow
next arrow

Санаи 14-уми сентябри соли 2021 дар ҷаласаи раёсати донишкада аз ин дастоварди арзанда аҳли ҷомеаи меҳнатӣ огоҳ гардиданд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба гирандагони стипендияи Эрасмус+ сертификатҳоро тақдим намуда, ба онҳо дар таҳсили минбаъдаашон дар хориҷи кишвар барору комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд.

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада барои гирифтани раводиди Булғория чораҳои омодагӣ ва ташкилии зарури гирифта, бо хароҷоти кам ва зуд гирифтани раводидро таъмин намуд. Ҳамаи 7 нафар соҳиби раводид гаштанд ва санаи 21 сентбряи соли 2021 ба шаҳри Добричи Булғория сафар намуданд.

Минбаъд шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада аз фаъолият, таҳсил, зисту зиндагонӣ ва пешрафти онҳо якҷоя бо ҳамоҳангсози лоиҳа аз Донишгоҳи менеҷменти Варна маълумотҳои заруриро дастрас намуда, аз тарафи худ барои расонидани ҳаргуна машваратҳо ё кӯмакҳои техникӣ омода аст.

Тамоми хароҷотҳои вобаста ба сафари ва таҳсили онҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ пардохт карда шуда, инчунин бо стипендияи моҳона таъмин карда мешаванд.

 

Озмуни Erasmus+ дар соли хониши 2020-2021

Возможно, это изображение (текст «UNIVERSIDAD DE CANTABRIA»)

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ озмуни Erasmus+ ро барои таҳсил дар Донишгоҳи Кантабрияи Испания (дар семестри дуюми соли хониши 2020-2021) байни донишҷӯён эълон менамояд.
Талабот: дар озмун донишҷӯёни курсҳои якум ва ё дуюми донишкада, ки дар зинаи бакалавр таҳсил мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод:
1. Шакли пуркардашудаи ариза
2. Маълумот дар бораи ҳифзи иттилоот
3. CV (Тарҷумаи ҳол) бо забони англисӣ (шакли EUROPASS)
4. Созишномаи таҳсил
5. Нусхаи шиноснома
6. Транскрипт (Маълумотномаи академӣ)
7. Сертификат оид ба малакаи забони англисӣ (ҳадди ақалл сатҳи B2)
8. Мактуби асосноккунии иштирок дар барномаи Эрасмус
9. Тавсиянома
10. Маълумотнома барои тасдиқи донишҷӯ будан дар вақти иштирок дар озмун
11. Агар шумо дар вазъияти номусоиди молиявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дошта бошед, оиди он ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоед.
Мӯҳлати охирин барои қабули дархост: 21 апрели 2021
Ҳангоми интихоби номзадҳо хоҳиш ва ҳавасмандии шахсии онҳо, малакаи муоширати байнифарҳангӣ, донистани забони англисӣ ва пешрафт дар таҳсил ба назар гирифта мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: https://iet.tj/en/unican21/