Мизи мудаввари минтақавӣ бо шарикони UNICAC

Мушкилоти Афғонистон ва таъсири он дар минтақаҳо таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣро ҷиддӣ ба худ ҷалб кардааст.

28 октябри соли 2021 дар ДИС ДДТТ мизи мудаввари минтақавӣ дар мавзӯи «Вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби МТО-и Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Чин дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Испания, Финландия ва Италия доир карда шуд. Дар мизи мудаввар аз Донишгоҳи Севиля, профессор Инмакулада Вивас, директори IMCOMA, Хуан Герреро, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Моҳинав Ғафурова, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ, Мухторов Саидқосим, ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф., ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Қучқоров И., ва дигар шарикони лоиҳаи UNICAC иштирок карданд.

Дар мизи мудаввар аз ДИС ДДТТ омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Фирӯз бо мавзӯи «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин ва ҳифзи амният дар Осиёи Марказӣ» баромад карда, барои таъмин ва ҳифзи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд пешниҳодҳоро зикр намуд:

  • Гузаронидани форумҳои байналхалқӣ оид ба Афғонистон дар Душанбе ва бо ҳамин ба ҳалли проблемаи Афғонистон саҳм гузоштан;
  • аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъсис додани марказҳои махсуси иттилоотӣ барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва ғ.

Баъдан ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Қучқоров И. дар мавзӯи «Таъсири бӯҳрони Афғонистон ба рушди сайёҳии Осиёи Марказӣ» баромад кард. Қучқоров И. омори умумии рушди сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказиро пешниҳод намуда, таъкид кард, ки баъди ба даст овардани ҳокимияти Толибон вазъи иқтисодӣ ва сиёсии минтақа хеле муташанниҷ шуда истодааст, аз ин лиҳоз ин метавонад ба бахши сайёҳии Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад. Ӯ қайд кард, ки барои рушди сайёҳӣ ҳарчӣ зудтар дар сатҳи ҳукумат корҳои муштарак амалӣ карда шавад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа Саидқосим Мухторов дар бораи таъсири вазъи Афғонистон ба рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар фарҷом шарикони лоиҳаи UNICAC дар мавзӯҳои гуногун суҳбат карда, оид ба мушкилоти дар боло зикршуда андешаҳои худро баён намуданд.

IMG_0323
IMG_0349
IMG_0350
IMG_0355
IMG_0357
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *