
Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм (ифротгароӣ) ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро фаро мегирад. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст ва моро имрӯз зарур аст, ки барои амалишавии ин ҳуқуқҳои хеш бевосита уҳдадориҳоямонро ба ҷо оварем ва якҷоя бо зуҳуроти номатлуби ҷомеаи башарӣ терроризму экстремизм мубориза барем.
Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони кишварҳои гуногунро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита, як қисмати онҳо мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки “Террорист – дин , мазҳаб ва миллат надорад”.
Воқеан, терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд, зеро онҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.
Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” аз 23 декабри соли 2021, таҳти №1808 терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани ҳокимият ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ аст. Аз ҷумла: Ҳизби наҳзати Исломӣ, Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), ҳаракати «Толибон», ташкилоти «Ал-Қоида», ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот», “Тоҷикистони Озод”, «Бародарони Мусулмон»,Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба», Ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News), ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон», «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом) , ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2», гурӯҳи исломӣ (Ҷаъмият-е-Ислам-и Покистон), Ҷамъият-е-Таблиғ, «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», ҳаракати мардумӣ-сиёсии «Гурӯҳи 24», «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра), «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ), ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ), Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ), хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамейн, Дом двух святых), Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург, Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин», иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво» .
Бояд қайд кард, ки қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ,тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо дар моддаи 179 Кодексти ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои дигар амалҳои террористӣ тибқи моддаҳои 179(1)-179(3) ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 01 июни соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он бо Фармони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 тасдиқ карда шуда, он мавриди амал қарор дода шуд. Бояд қайд кард, ки бо дарназардошти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд ва ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва меҳанпарастро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки теша ба пояҳои давлату давлатдории мо зананд мо бояд пояҳои сулҳу суботи комили кишаварро, ки бо ҷони ҳазорон родмардони шуҷоъи ватан ва хишти ҷони хеш сохтаем аз душманони нопоки миллат эмин нигоҳ дорем, барои наслҳои ояндаи миллат кишавари ободу пешрафтаро ба мерос гузорем. Аз ин рӯ, бояд тадбирҳои судманде андешем , ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.
Ҳамин тариқ аз омӯзиш ва таҳлилҳои дар боло ишорагардида чунин хулосабарориҳои тавсиявиро мувофиқи мақсад мешуморем:
– ҳимояи Ватан, табияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ бояд, ки мавзӯҳои асосии соҳаи кино, телевизион, радио ва тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, рӯзноманигорон ва аҳли эъҷод гардад;
– ба роҳ мондани корҳои самарабахши таълимию тарбиявӣ аз ҷониби мақомоту идораҳои соҳаи маориф;
– дар доираи имкониятҳои мавҷуда боз ҳам ҷоннок намудани назорати расмӣ, соҳавӣ ва идоравии паҳншавии иттилооти бемақсадона ва пастсифат дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ки метавонанд ба мафкураи солими шахсият таъсири манфӣ расонанд.
Агар мо ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлоли хеш бетараф набуда, муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузошта, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии худ қарор диҳем, манфиати ҳуқуқию сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем, зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, метавонем бар зидди ҳодисаҳои номатлуб устуворона мубориза барем ва ҷомеаи солиму ояндадор созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, оромӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад.
М. ҲОМИДОВА,
муаллими калони кафедраи
њуқуқшиносии ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд