ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – БАР ХИЛОФИ ТАЪЛИМОТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

Хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, аз он шаҳодат медиҳанд, ки тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ (ифротгароӣ) харакатери нав касб карда, боз ҳам даҳшатовару бераҳм гардида, паёмадҳои хатарзоро ба раванди зинадгии мардум ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд оварда истодаанд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, алалхусус дар кишвари ҳамсоя-Афғонистон нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада, аз ҷумла дар замони суқути њаракти “Толибон” аз 15 августи соли 2021 то имруз миќдори муайяни созмону ташкилотҳои террористию ифротгароӣ дар Афғонистон тадриҷан зиёд шуда, содир намудани амали террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишвар як амали маъмулӣ гардидааст. Масалан 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Қобул таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Яке аз гурӯҳи тундрав бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», дар расонаҳои хабарӣ дар шакли “Давлати исломӣ”, ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “ Хуросон” зикр мегардад, ин амали террористиро ба уҳда гирифтааст. Хуллас, имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Усули рафтор ва кирдорҳои аъзоёни “Давлати исломӣ”, аз он шаҳодат медиҳад, ки ягон меъёр ва арзиши динӣ барои онҳо эътибор надорад. Умуман , созмону ҳизбҳои ба ном динӣ иртибот ба динӣ мубини Ислом надошта, балки назди онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Қуръон арзиш ва эҳтиром надоранд ва кирдорҳои террористону экстремистон хилофи таълимоти дини мубини Ислом ва зидди конвенсияҳои ҳуқуқи башар мебошад.
Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд. Душманони дини мубини Ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.
Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи кишварҳои ҷаҳон, алалхусус минтақаи Осиёи Марказӣ омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Хулоса, дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини мубини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.

М. МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ МУОСИР

 Имрўз терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи муосир ба шумор рафта, он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Лозим ба зикр аст, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун мавкураи зуроварӣ ва таъсирасонӣ дар тамоми миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давалатҳо, минтақаҳои алоҳида ва дар маҷмуъ барои тамоми сокинони сайёра таҳдид менамояд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки терроризм ва ифротгароии динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштори одамон шудааст.Чунончи тибқи расонаҳои хабарӣ, санаи 19 январи соли равон яке аз тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар  маркази Қобул таркиш ба амал омад, ки дар натиҷаи ин амали террористӣ  ҳафт нафар ба ҳалокат расида,  беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти таркишро шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ё бо номи   «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва ДИИШ зикр мегардад, ба уҳда гирифтааст.

  Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшида лозим аст ва он талаботи замон аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни баромадҳояшон дар сатҳи дохиливу байналмилалӣ иброз медоранд: “Терроризм ва экстремизм ҳамчун содир намудани амалҳои нодуруст ва таҳдидкунандаи хавфу хатар натанҳо барои давлати алоҳида, балки барои тамоми сокинони сайёра ба ҳисоб меравад.”

 Аз ин рӯ, аз давлатҳои ҷаҳон пайваста даъват ба амал меоранд, ки доир ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳои судманд ва ҳамкории густурдаи байналмилалиро дар ин самт таквият диҳанд. Хулоса, имрўз терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Хулоса, вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кишварҳои дунё ин мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Дар умум метавон иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бо субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ва самаранокро роҳандозӣ намуда, ҷонибдорӣ сулҳу суботи сартосари дар тамоми сайёраи замин ва пуштибонӣ аз тадбирҳои андешидаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт мебошад. Бо ин мақсад дар кишвари мо сиёсати ҳуқуқии мукаммал тарҳарезӣ гадида, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, то дар таҳкими суботи комили сиёсии тоҷикистони азиз поягузор бошанд, чунки суботу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҷойгоҳи тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ доранд.Умуман, замони муосир моро водор месозад, ки тамоми кӯшишҳоямонро бар зидди ин амалҳои номатлуб равона намоем. Ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамеаро ташкил медиҳанд, месазад ба ҳар ҳаводиси номатлуби ҷомеаи имрӯза хулосаи зарурӣ бароранд ва дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

 

                                                                М.МАМАДҶОНОВА,

устоди ДИС ДДТТ 

 

ИҒВОГАРОН ТУХМИ НИФОҚ МЕКОРАНД!

Дар давоми соли сипаригардида ва аз оғози соли 2026 яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин бо думравонаш, аз имконияти шабакаҳои ичтимоӣ истифода бурда, бештар тавассути канали YouTube-“Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет), дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо мақсади пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати кормандони мақомоти мухталиф баромадҳо намуда, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезад. Масалан санаҳои 04, 07, 11, 14 ва 18 январи равон соли ҷорӣ М.Садриддин бо думравони фаъолаш, алалхусус Муҳаммад Тағоев ва Абдулло дар барномаи ифротии дар боло зикршуда чун солҳои қаблӣ, барои манфиатҳои шахсӣ тухми нифоқ кошта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Дар атрофи баромади навбатии М.Садриддин, амиқтараш 18 январи соли равон дар барномаи ифротии зикршуда ташкил намуд, андешаронӣ менамоем. Ин навбат М.Садриддин худро боз “уламои дин” шуморида, оид ба масоили “Сабр”баромад намуд ва бо назаре начандон фаҳмо онро шарҳу эзоҳ дода, қайд намуд:“Сабр дар ҳолати хатарнок қарор дорад.” Ин андешаи ифротӣ аст! Дар иртибот ба ин, таъкидан ёдовар менамоем, ки Қуръон мусулмононро ба сабр ва сабр бар тамоми сахтиҳои зиндагӣ дастур медиҳад. Мусалмон набояд аз бадбахтӣ шикоят кунад ва хитоб накунад (ас-сабр ал-ҷамил). Баробари ин, зимни баромад М.Садриддин бо думравонаш М.Тағоев, Абдулло, Рахматулло ва бо номҳои сохта, аз

қабили “Мубориз”, “Ватсап” чун баромадҳои қаблишон беасос, бедалел,туҳматангез ва иғвогарона чун боду ҳаво суханашонро тағйир дода, оид ба масоили мухталиф, аз ҷумла вобаста ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳои кишвар андешаҳои носолими худро баён сохтанд. Умуман, дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир” омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки М.Садриддину думравонаш ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Ин гуруҳаки иғвогари ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Хулоса, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза дарк намудаем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бар зидди амалҳои номатлуби бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади иғвоангезонаи М.Садриддин дар канали YouTube –“Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.), аз 14 январи соли 2026

Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони миллӣ..” мебошад, изҳори андеша намуда, онро шадидан маҳкум намуда будем. Ин навбат низ оид ба фаъолияти иғвоангезонаи М.Садриддин ва шогирдону думравонаш, ки 14 январи соли равон тавассути канали YouTube – “Ислоҳ.тv”, дар барномаи «Минбари муҳоҷир» баромади ифротӣ намуд ибрози андеша менамоем. М.Садриддин зимни баромади навбатӣ бо ҷалби думравони фаъолаш,

аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Абдулло ва як қатор афрод бо номҳои сохта, аз қабили «Ёвонибача», «7+70» боз дастоварди кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, оид ба фаъолияти роҳбарияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияҳои Нурободу Тоҷикобод, Файзобод ва Ваҳдат бо таври худ ғайривоқеъӣ маънидод намуда, тухми ноиттифоқӣ коштанд. Дар ҷараёни баромадаш М.Садриддин ҷиҳати мунтазам ташкил намудани баромади ифротӣ дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, аз шаҳрвандони кишвар, муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла дар Аврупо ва ИМА қарор доранд, даъват ба амал овард, ки ба суратҳисоби сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” маблағ ирсол намоянд. Бо ибораи дигар М.Садриддин боз талбандагиро пеша намуд. Баробари ин, тудаи бадхоҳи дар боло зикршуда ба оилаи бархе кормандони воломақоми кишвар суханҳои қабеҳ гуфтанд. Хуллас, бо ин васила пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Умуман, ин қабил гуруҳаки ифротӣ, ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташ намеояд!
Дар фароварди изҳороти хеш бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпараст, худогоҳиву худшиносӣ дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем. Бо ҳисси баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ намуда, баромади навбатии М.Садриддин ва пайравонашро бори дигар шадидан маҳкум намуда, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат минбаъд низ муборизаи беамон хоҳем бурд.

ХУДРО АЗ ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶАҲОНӢ ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

Дар охири қарни XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни миллат аст. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён, хоҷагон ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Албатта онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст.

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар аср (замон)-и хатару таваккал (рисқ) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст, эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад. Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.

Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳуқуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону занон, рӯҳониён, асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқӣ қабул гардидааст.

Олими машҳури ислом Али Булаҷ симои ҳақиқии террористонро шарҳ дода, исбот кард, ки террористон ва ифротгароён бо дин ягон алоқамандӣ надоранд. Аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои муҳандисию тиббӣ, ҳуқуқшиносон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, аъзои фаъоли гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Масалан, Усома бини Лодан дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст. Баъди вафоти падараш ба Усома 250-500 миллион доллар мерос расида буд. Террористи машҳур Карлос (шағол) писари миллионери Венесуэлагӣ аст.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди соҳибшуур, ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бомаърифати ҷомеа, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷомеаро ноором сохта ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Ҷавонон бояд дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Имрӯз, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном аст, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами Ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Саидзариф Зарифов,
устоди ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади иғвоангезонаи М.Садриддин дар канали YouTube – “Ислоҳ.тv” (аз 11 январи 2026 )

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол зимни изҳороту мақолаҳои хеш борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки алҳол дар яке аз кишварҳои Аврупо бо дастгирии раҳбарияти наҳзату хоҷагони хориҷиаш дар барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла муҷрии барномаи “Минбари муҳоҷир”-ро ба ӯҳда дошта, барои баррасии мактубҳо барномаеро бо номи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ”-ро таъсис дода, бо ҷалби шогирдону думравонаш зимни баромадҳои ифротӣ беасосу бедалел бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон, ба миллати куҳанбунёду тозаҷавонамон санги маломат мезанад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки солҳои сипаригардида ва аз оғози соли 2026, аз ҷумла 11 январи соли ҷорӣ тавассути канали YouTube – “Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет) дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”боз бо ҷалби пайравони фаъоли ифротӣ : Муҳаммад Тағоев, Абдулло, Муслим ва як қатор афрод бо номҳои сохтаю бофта, аз қабили “7+70”, “Як Кулобӣ”, “Регарӣ”, “Бачаи Куйбишӣ”

ва “Ватсап” бо фитнаангезиву дасисабозии навбатиашон айнан чун баромадҳои қаблиаш худро “уламои дину сиёстшинос” шуморида, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуданд. Зимни баромад, аз ҷумла оид ба тағийроти кадрии кишвар, қазияи Греландия, рейтинги имрузаи Президенти ИМА Доналд Трамп ва вазъияти минтақҳои ҷаҳонро бо таври худ маънидод намуданд, ки он ба ягон қолаб рост намеояд. Зимни баромадашон ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, «аз пашша фил месозанд»-у бе асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳо бофта мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд. Аз баромадҳои ифротии бадҳохони ифротӣ ба хулосае омада, бояд қайд ки пушти ин ҳама амалҳо ки меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткори иғвогар чи ҳадаферо дунболагирӣ менамоянд. Бинобар ин, ҷавонони боору номуси кишвар биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем ва барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати хеш ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи кишвари ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.
Дар фароварди изҳороти хеш мо – ҷавонони даврони соҳибистиқлол суханҳои иғвоангезони М.Садриддин ва пайравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем. Вақт довар аст, ки ҷомеаи имруза кайҳо руи ҳақиқии ин қабил афродро шинохтааст ва ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест! Боварӣ дорем, ки ҳар як фарди худогоҳи тоҷику тоҷикистонӣ сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек, дӯстиро аз душманӣ фарқ мекунад. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР


Имрӯз терοризм ва экстремизм аз мавзуъҳοи меҳварию дοғи рўз, зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисοб меравад.Ташвишοвар он аст, ки аксарияти аъзοи гурўҳҳοи терοристиву экстремистирο ҷавοнοнро ташкил медиҳанд ва маҳз ҳамин қишри ҷοмеа ба ҳизбҳοи тундраву хатарзο шοмил мешаванд. Бархе шаҳрвандοни ҷумҳуриҳοи Οсиёи Марказӣ барοи таъмини рўзгοри худу наздикοни худ аввал ба Федератсияи Рοссия, кишварҳои Аврупо ба муҳοҷирати меҳнатӣ рафта, баъдан фирефтаи тарғибу ташвиқи шабакаҳοи интернетии гурўҳҳοи тундрав шуда, бο мақсади дарёфти маблағи ҳангуфт, алалхусус ба гурӯҳҳои бадхоҳу тундрав ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом ДИИШ), ва ё бо номи «Давлати ислοмӣ», “Ал Қоида” ва амсоли ин шомил мегарданд. Дар робита ба ин, муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Вобаста ба масоли мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд. Масалан танҳо дар нимаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 241 террористу ифротгаро боздошт шуданд. Дар миёни боздоштшудаҳо аъзои “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Салафия” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳастанд. Аз рақами оморӣ хулоса бароварда, қайд кардан зарур аст, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.
Хулоса, дар фароварди андешаи хеш, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем ва бар зиди он муборизаи беамон барем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омўхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.

Ф.ҚУРБОНОВ,

мудири бахши

ҷавонони ДИС ДДТТ

ТӮДАБОЗОНИ РОҲГУМЗАДА СИФАТИ ИНСОНИРО АЗ ДАСТ ДОДААНД!

Мусаллам аст, ки имрўз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин аз ҷониби бархе афрод дурўғгўӣ, ғайбату тўҳамат ба назар мерасад.Чунончи, яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммади боли Садриддин дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ” ровигиро ба уҳда дошта, мунтазам дар канали YouTube-”-Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.) бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад намуда, дастоварду пешравиҳои кишварамонро нодида мегиранду нисбат ба миллату давлат туҳмату иғвогариро пеша намудааст. Бо ибораи дигар ин тӯдабозони роҳгумзадаи ифротӣ бо ин роҳ кӯшиш доранд, ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохта, намехоҳанд, ки дар мамлакати соҳибистиқлоламон оромӣ ва осудагӣ бошад. Зимни баромади навбатиаш М.Садриддин 07 январи соли ҷорӣ боз бо ҷонибдорони ангуштшумораш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Абдулло ва

бо номҳои сохта “7+70,” ”Ватсаб” дар барномаи дар боло зикршуда, худро “сиёсатматор” вонамуд карда, нисбати кишвари соҳибистиқлоламон ва дар бораи масоили таҳаввулоти дунё, аз ҷумла дар бораи вазъи ҳолатҳои гуногуни сиёсии ҷомеаи муосир ибрози андешаи носолим намуданд. Аз ҷумла, дар бораи қазияи Венесуела, Греландия, Украина, нисбат ба муносибати Федератсияи Русия ва Туркия оид ба додугирифти гази табиӣ бо таври худ маънидод намуданд, ки ба ақли ҳар фарди солим рост намеояд. Хуллас, ин тудабозони роҳгумзада сифати инсониро аз даст додаанд. Ҳар чи ба забонашон меояд, берун аз одобу ахлоқи инсонӣ сухан мегӯянд. Аз баромадҳои М.Садриддин ва думравонаш хулосабарорӣ намуда, аз каломи шоир ёдовар мешавем, ки ҳамон ҳақиқати аслиест, гуфтаҳои боло тасдиқ мегардад:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Умуман, ин гуруҳаки роҳгумзадагони ифротӣ хатокору хаторафтор ва аз ҳикмати ниёгонамон бехабаранд . Лозим ба ёдоварист,ки бо ташаббуси навбатии Сарвари кишвар ба ҳар шаҳрванди мамлакат «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ҳадя намуданд.Ин иқдоми сутудании Роҳбари давлат бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик аз азал дӯстдори каломи бадеъ буда, ҳар як ҳарфи бузургонро сармашқи кори хеш қарор медиҳанд. «Шоҳнома» асарест, ки тамоми мавзуъҳояш ба сулҳу ваҳдат ва ҳифзи марзу буми Ватан равона гардидааст. Тавре Пешвои маърифатпарварамон дар бораи арзиши мондагори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таъкид карда буданд: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист”. Вале, тудабофонии роҳгумзадаи ифротӣ аз ин фарсахҳо дуранд. Аён аст, ки нангу номус, орияту виҷдон, инсофу инсонгарӣ ва дигар арзишҳои олиро бо маблағҳои хоҷагони хориҷиашон бадал кардаанду алҳол амсоли қоғазҳои расмдори бонкӣ даст ба даст мегарданд. Тудабофони роҳгумзадаи нобакори ифротӣ чун чуғзи белона дар фазои Аврупо ба ҳар дасте, ки луқма медиҳад, менишинанду фармонҳои луқмадеҳро тӯтивор ба иҷро мерасонанд.
Хулоса, баромадҳои тудабофони роҳгумзаи ифротиро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки М. Садриддин ва думравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ғайбату тўҳамат, дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Хотиррасон бояд кард, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик аст! Воқеан кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо комёбии беназир пешвоз хоҳем гирифт.

Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ

ЧОПЛУСИ НАҲЗАТ – КАЖДУМОНИ ЗЕРИ БУРЁ

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки бадхоҳони миллату давлати мо зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, бо ибораи дигар чоплусони наҳзат имруз чун каждумони зери бурё бо таври пинҳону ошкоро дар кишварҳои Аврупо фаъолияташонро ба роҳ монда, нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон иғвогариро пеша намудаанд. Аз табори чунин бадхоҳи ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддин – мудири сомонаи экстремистӣ эълоншудаи “Ислоҳ.нет”, яке аз дастпарварону пасмондаҳои ташкилоти террористии экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом, амиқтараш имруз чоплуси наҳзатӣ -думрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони милли” мебошад. Вобаста ба фаъолияти ин афроди иғвогари

туҳматчӣ андеша ронда, бояд кард,ки соли сипаригардида то имруз дар канали YouTube-”-Ислоҳ.тv”, бештар дар барномаи “Минбари муҳоҷир ” бо ҷалби думравонаш баромад намуда, баробари ин, бо намоиши сабтҳои видиеоӣ, баррасии гуё мактуби шикоятии шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар барномаи “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” ва “Зери Заррабин” бо пеша намудани туҳмату иғвогарӣ ва фитнаҷўӣ ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал расонида, бо ин васила мурдуми кишварро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват менамояд. Умуман, нотавонбинони ифротӣ ба ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономез дигар коре надоранд. Ҳилаю фиреб, макру ҳиллаи М.Садриддин ва шогирдони чоплусони ватангадояш аслан тибқи фармоиши роҳбарияти наҳзат ва хоҷагони маблағгузори хориҷӣ таҳия ва тарҳрезӣ мешаваду баъзе ифротгароёни дохилӣ ба онҳо ҳамшарикӣ мекунанд. Ин чоплуси наҳзатӣ андеша ҳам намекунад, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтааст. Бо ибораи дигар, каждумони зери бурё пинҳон пайт пойида, мехоҳанд неши худро ба миллату давлат кишвар зананд. Бовар дорем, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар дер ва ё зуд чоплусони наҳзатии иғвогар ҳам дастгир мешаванд, бо ибораи дигар думи онҳо бурида мешаванд. Ба М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш, умуман ба бадхоҳони миллат- каждумони зери бурё такроран гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки волотарин шиори тоҷикон дар масири таърих ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш:«Гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Дар фароварди андешаамон қайд менамояем, ки мо ҳамавақт суханҳои М.Садриддин ва пайравонашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин чоплусони мунофиқони беимони ифротӣ дар шабакаҳои иљтимої нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

Д.ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте арзи вуҷуд доранд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Дар инртибот ба ин, бояд қайд кард, ки фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ва равияњои ифротї, ки рўйхаташон ба садњо расидааст, созмон ёфта, даст ба амалҳои номатлуб заданашон ба назар мерасад. Аъзоёни ДИИШ барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дастовардҳои муосири илмӣ-техникии намояндагони худ, аз ҷумла воситаҳои алоқаи мобилӣ ва Интернет истифода мекунад. Дар ҳоле ки аксарияти онҳо ошкоро тавассути саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба “ҷиҳод” ташвиқ мекунанд, гурӯҳи дигар зери ниқоби “корҳои хайрия” ба таблиғот машғуланд. Барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ, онҳо гурӯҳҳои махсус таъсис додаанд, ки дар системаҳои худ бо фаъолияти виртуалӣ машғул шаванд ва бо ҷалби соҳибихтисосон. Таблиғи ғояҳои радикалӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо 84 фоизи ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шудаанд. Имруз аъзоёни ДИИШ асосан дар кишварҳои Шарқи Наздик, Африқо ва Осиё, аз қабили Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ҳатто дар низ Туркия ба таври пинҳонию ошкоро даст ба ҷиноятҳои мухталиф мезананд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем,тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Туркия эълон кард, ки пулиси ин кишвар рӯзи 30 декабри соли 2025 дар амалиёти сартосарӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” 357 гумонбарро боздошт кардааст. Ин амалиёт як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки дар ҷараёни як даргирии мусаллаҳона дар шимол-ғарби Туркия, се афсари пулис ва шаш фарди мусаллаҳ кушта шуданд. Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад.
Аз гуфтаҳои боло хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

М.МАМАДҶ ОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ