ҒОЯҲОИ ИФРОТИИ БАДХОҲОН АЁН АСТ!

Солҳои охир, яке аз думрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ровигии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” –ро ба уҳда гирифта, тавассути канали YouTube -Ислоҳ.тv (“Ислоҳ.нет) бо иғво ва хиёнат ва матлабҳои бадномкунанда, бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромад менамояд. Воқеан, ин барномаи ифротӣ, ҷиҳати амалӣ намудани супоришҳои раҳбари наҳзат Кабирӣ ва хоҷагонашон мебошанд, ки бо найрангбозиҳову дасисаҳо ва маълумотҳои бардуруғро паҳн намуда, бо ин васила, мехоҳанд вазъи кишвари моро ноором созанд. Дар аксар дасисаҳои барномаи “Минбари муҳоҷир”дар боло зикршуда маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Аз ҷумла, пайравони фаъолаш Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Абдулло мебошад, ки чун М.Садриддин мехоҳанд зимни баромади матлабҳои гуногун кишвари

моро зери танқид қарор диҳанд. Ҳар кас, бе ягон мушкилӣ, аз дидани барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” бе душворӣ эҳсос мекунад, ки М.Садриддин ва думравонаш, умуман наҳзату навнаҳзатиҳо худро “мусичаи бегуноҳ” вонамуд карда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ андешаҳои хатарзо ва ғояҳои ифротиро паҳн намуда, иғво меангезанд.
Ба М.Садриддин ва шогирдону думравонаш суол дода мешавад, ки барномаи “Минбари муҳоҷир” барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо?! Дар иртибот ба ин, мо борҳо андешаи хешро иброз намуда будем, боз такроран қайд менамоем, ки бадхоҳони миллат амалҳое анҷом медиҳад, хоинона буда, аз рӯзноманигории ноб хеле аз фарсахҳо дур аст. Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки М.Садриддину думравонаш, умуман наҳзату навнаҳатӣ ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Мо, имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротии бадхоҳон муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

К.КАЛОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *