
Дар шароити шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ, мухолифату низоъҳо ва ҳассос гаштани вазъи ҷаҳони муосир, арзишҳои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аҳамияти бештар пайдо менамоянд. Бо дарки амиқи ин равандҳо, минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз ба макони сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек табдил ёфтааст. Ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ба эҳтироми ҳамдигар ва дастгирии тарафайн асос ёфта, минтақа ба фазои созанда ва ҳамкорӣ мубаддал гаштааст.
Воқеан, кишварҳо ва мардумони Осиёи Марказиро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои судманд мепайванданд. Ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон моҳи марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд, ин воқеиятро тасдиқ намуд. Инчунин, бо роҳи сулҳ ҳал намудани масъалаҳои марзӣ миёни кишварҳои минтақа аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баландро гирифт.
Дар ин зимн, 21 декабри соли 2025 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Хоттирасон бояд кард, ки оғоз аз соли 2018 дар ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон тағийротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, 9-10 марти ҳамон сол нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллу фасл шуданд. Ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуданд, ба мувофиқа расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз бекор кунанд. Ҳамзамон фаъолияти комили гузаргоҳҳои сарҳадии давлатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг барқарор карда шуданд .
17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид ва он мувофиқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарики стратегӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард.

Дар солҳои минбаъда, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тақвияти амиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун шурӯъ карданд. Айни замон, заминаи шартномавию ҳуқуқии ду кишварро имрӯз беш аз 200 созишномаву шартномаҳо ташкил медиҳанд, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд. Поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ аз 15 июни соли 2000, Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ аз 17 августи соли 2018, Эъломия оид ба таҳкими дустии абадӣ ва ҳампаймонӣ аз 3 июни соли 2022 ва Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ аз 18 апрели соли 2024 мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки 26 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд. Зимни нишасти нахустини Шурои олии байнидавлатӣ, ки таъсиси он нишонаи ба сатҳи баланд расидани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ гардид, маҷмуи васеи масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Зимни нишаст, таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллари ИМА наздик мешавад ва изҳори бовар карда шуд, ки то соли 2030 ин нишондод, то ба 2 миллиард доллар расонида мешавад. Инчунин, ҳоло дар сарзамини Ӯзбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд. Ин аз сатҳи баланди фаъолияти тиҷоратии соҳибкорони тоҷику ӯзбек дарак медиҳад.
Бояд зикр кард, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади шаҳрвандон миёни ду кишвар, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ, яке аз дастовардҳои муҳими ҷонибҳо дар солҳои охир арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин Пешвои миллат зимни музокирот таъкид карданд, ки дар соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд.
Ҳамзамон, зимни нишаст, суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт, рушди технология ва кишоварзӣ таъкид карда шуданд.
Робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ҳамчун пули боэътимоди дӯстӣ мардумони ду кишвар боқӣ мемонанд. Дар доираи ҳамкорӣ кинофилм дар бораи дӯстии Абдурахмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ таҳия гардида, яке аз кӯчаҳои Тошкенти Нав ба номи шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Инчунин, аз баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи муштараки маҳсулоти соҳавӣ дар шаҳри Тошканд, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва анҷумани байниминтақавии соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ҷизахи Узбекистон, ки дар ҳошияи ин сафар ҷараён доштанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Илова бар ин, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки барои ҷамъияти ӯзбекон дар Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон дар Ӯзбекистон ҷиҳати ҳифз ва рушди забонҳои модарӣ, фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам мегардад.
Зимни нишаст, инчунин ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид карда шуд. Ба ҳамкорӣ дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, авзои атрофи минтақаи моро «мураккаб» номида, иброз доштанд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад. Дар фарҷоми нишаст бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун имзо карда шуданд.
Ҳамин тариқ, имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ ба фазои сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор табдил гаштааст, ки шароитҳои нави ҳамкориро дар ҳама соҳаҳо фароҳам овардааст. Мардумон ва кишварҳои минтақаро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд, ки ин рисолати таърихӣ то ҳол идома ёфта истодааст. Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва дастгирии Роҳбарони ду давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва рушди ҳамкорӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуда, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ба шарики стратегӣ ва ҳампаймонӣ мубаддал гардиданд.
Айни ҳол, Тоҷикистону Ӯзбекистон боэътимодона пеш мераванд, ки муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бомаром рушд меёбанд ва дар як муддати кӯтоҳ ҷонибҳо тавонистанд, тамоми масъалаҳои дар тӯли солҳо ҷамъ шударо бартараф намоянд ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба фазои боварӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳанд. Ба шарофати саъю кӯшиши Сарони давлатҳо халқҳои ду кишвар имрӯз шаҳди меваҳои ширини муносибатҳои бародаронаро мечашанд ва мо эътимоди қавӣ дорем, ки дустӣ миёни ду кишвар то абад пойдор хоҳанд монд.
Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,
муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ,
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд.
