
Мусаллам аст, ки имрӯз дар ҷомеаи муосир тамаддуни иттилоотӣ қутбнамои яке аз самти нави рушди инсоният ба ҳисоб рафта, моҳияти аслии онро интишор ва мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди васоити интернетӣ, коркарду пахши барномаю ахборот ва густариши алоқаи моҳворавӣ, торафт вусъат ёфтани имконияти технологияи компютерӣ ва васоити иттилоотӣ ташкил медиҳад.
Фазои иттилоот ва истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбӣ дорад. Ҷиҳати мусбиаш дар он аст, ки инсоният, бахусус наврасону ҷавонон ҳар лаҳза метавонанд аз навидҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода баранд, маълумот пайдо кунанд, китоб хонанд, тарбия гиранд, аз ахлоқи ҳамида бархурдор воқиф гарданд, асли хешро донанд ва дар фазои шадиди ҷаҳони сиёсӣ мавқеи худро муайян кунанд. Аз асолати миллии хеш ҳифз кунанд, маънавиёти худро ғанӣ гардонанд, муаррифгари фарҳанги миллии хеш дар арсаи ҷаҳон гардад.
Ҷиҳати манфӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсоният, алалхусус ҷавонон дар натиҷаи истифодаи нодурусти технологияи иттилоотӣ метавонанд ба фазои номатлуб ворид гардида, аз фазои озоди омӯзишу созандагӣ берун раванд. Хуллас, фазои бозории иттилоот дар ҳолати шадиди ҷаҳонишавӣ қарор гирифта, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҷавононро бештар ба ин гирдоб медарорад, ки оқибат ғарқи нофаҳмиҳои сиёсӣ ва туъмаи ҳаракатҳои номатлуби ҷомеаи башарӣ мегарданд. Дар ҷомеаи ҷаҳони имрўза тарғибу ташвиқ ва ба амалоии бесару сомониҳои гуногуни байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии берунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади онҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба амал бароварда, сарнагун намудани сиёсати давлатдории ҷумҳуриҳои озодихоҳ ба ҳисоб меравад. Ин гуна қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ(ифротгароӣ) шомил мешаванд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки бархе ҷавонон ба ҷойи шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромиву суботи ҷомеа, давлату давлатдории миллати солору бофарҳангамон, ободиву шукуфоӣ ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Тоҷикистони азизамон ба доми фиреби наҳзату навнаҳзатиҳо, созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ,ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “Хуросон” зикр мегардад ки хилофи мазҳаби аҷдодиамон – ҳанафия мебошад, гароида мешаванд. Гумон мекунанд, ки иғвогарии онҳоро ягон кас намефаҳманд, ё дар ин соҳа дониши кофӣ надоранд. Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад. Бинобар ин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароиро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, огоҳ созем.
Дар интиҳои андешаи хеш бояд қайд кард, ки раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд
