Рӯзи байналхалқии кооператсия ва Иди касбии кооператорони Тоҷикистон дар ДИС ДДТТ

Санаи 01.06.2022 бахшида ба Рӯзи байналхалқии кооператсия ва Иди касбии кооператорони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурии тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ширкат варзиданд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозирин ва кормандони иттиМфоқи тоҷикматулботро бо Рӯзи байналхалқии кооператсия ва Иди касбии кооператорони Тоҷикистон табрик карданд. Дар давоми сухани ифтитоҳӣ директори донишкада оид ба нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон назаррас мебошад.

Баъдан, профессори кафедраи менеҷмент, н.и.и. Усмонов Ирмат Усмонович бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Усулҳои муосири идоракунӣ чун омили рушди ташкилотҳои кооперативӣ” баромад карда, вобаста ба зарурияти истифодабарии усулҳои муосири идоракунӣ дар низоми кооператсияи матлубот, муаммоҳои идоракунӣ дар шароити муосир фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.

Бо маърӯзаи навбатӣ профессори кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ н.и.и. Комарова Галина Барисовна дар мавзӯи “Вклад потребительской кооперации в развитиии продовольственного рынка страны баромад кард. Профессор Комарова Г.Б. қайд намуд, ки дар замони тезу тунд шудани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, муаммоҳои таъмини бефосилаи молҳои озуқаворӣ, таъмини муътадилии нархҳо молҳои хӯрока ба миён омади истодаанд. Аз ин рӯ, Иттифоқи Тоҷикматлубот бояд механизмҳои нави иқтисодиии ҳамкориро бо агентҳои бозори хӯрока  коркард кунад ва татбиқи самараноки онро таъмин намояд. Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонад саҳми худро дар муътадил нигоҳ доштани нархи молҳои озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад. Ҳамзамон, профессор Комарова Г. якчанд масъалаҳои рушди бозори истеъмолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд. Баъди маърӯза, устодони донишкада фикру ақидаҳои худро вобаста ба тақвият додани нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот дар таъмини амнияти озуқаворӣ баён намуданд.

Сипас, директори Донишкада Ҳошимзода Ҳ,Ҳ. кор мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, ба муовини директор оид ба  илм ва муносибатҳои байналмилалӣ супориш доданд, ки дар чуқур омӯхтани нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот ба хатмкунандагон, магистрантон, олимони ҷавони донишкада корҳои илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ дода шавад, то ки маводҳои зарурии омориву таҳлилӣ ҷамъ карда шуда, барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани фаъолияти Иттифоқи Тоҷикматлубот дар самти таъмини амнияти озуқавории иқтисодиёти миллӣ, маълумоти зарурӣ дарёфт карда шавад.

 

Ваҳдати миллӣ: 25 соли созандагӣ ва дурнамои рушд

Санаи 17 июни соли 2022 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ, бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ: 25 соли созандагӣ ва дурнамои рушд» баргузор гардид.

Директори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан конфронсро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфт.

Дар кори конфронс меҳмонон: аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд – муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Нуруллозода Фирӯза, котиби Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва архелогияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Ваҳҳоб Машраб, шоираи ваҳдатсаро Гулноз Тоҳирӣ ва директори Макрази илмии Камоли Хуҷандӣ, номзади илмҳои филологӣ, шоири ҷавон Баҳроми Раҳматзод иштирок намуданд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ, бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, чунин маърӯзаҳо шунида шуд: “Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон” – маърӯзаи Набизода Ваҳҳоб, “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон: таърих, дастовард ва дурнамо” – маърӯзаи Аъзам Ҳотамӣ, “Фалсафаи Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар бунёди модели нави давлатдории тоҷикон” – маърӯзаи д.и.ф., профессори кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ Солиҷонов Расулҷон ва шеърхонии шоирон Гулноз Тоҳирӣ бо Баҳроми Раҳматзод

IMG_1117
previous arrow
next arrow

Рушди устувори иқтисодиёти рақамӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: муаммоҳо, тамоил ва таҷрибаи ҷаҳонӣ

Дар бинои чаҳоруми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ онлайн-конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди устувори иқтисодиёти рақамӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: муаммоҳо, тамоил ва таҷрибаи ҷаҳонӣ” бо ибтикори донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Маркази илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи иқтисодиёт, кооператсия ва ҳуқуқи Белгород, Донишкадаи кибербехатарӣ ва технологияҳои рақамии Донишгоҳи технологии Россия Филиали Ургенҷии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд баргузор гардид.
Конференсияи байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Мирпочоев Далерҷон оғоз гардид, ки зимни он мавсуф ҳадафҳои асосии баргузории конференсияи мазкурро шарҳ дода, ба кори он барору комёбиҳо таманно кард.
Баъдан директори Маркази илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Анвар Мақсудӣ оид ба мавзуи “Тенденции подготовки специалистов в области информационных технологий: проблемы и пути решения в Таджикистане” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Қодиров Абдураҳмон, д.и.и., профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба мавзӯи “Цифровая экономика и её практика”, Раиси Раёсати Ассосиатсияи занони соҳибкор Гулбаҳор Маҳкамова дар мавзуи “Роль финансовых технологий в развитии цифрового будущего” маърӯза намуданд.
Бобобеков Хушбахт намояндаи ширкати “Мегафон Тоҷикистон” дар мавзуи “Мировые тренды в IT технологиях” ва Ваҳҳобов Абдуваҳҳоб, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ перомуни “Современные ИКТ цифровой экономики: проблемы развития” маърӯза намуда, фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои судмандро баён доштанд.
Дар қисмати онлайн-бахшҳо: Литвиненко Инна, к.э.н., дотцент кафедры управления и предпринимательства МГГЭУ (Москва) с темой «Цифровая трансформация в контексте геополитики: новые вызовы для Росии, мира и стран СНГ», Токарь Е., д.э.н., профессор кафедры экономики БУКЭП (Белгород) на тему “Тенденции развития розничной торговли Росии в условиях цифровизации экономики”, к.э.н., дотцент кафедры экономической теории Абдунасим Маджидов на тему “Влиянии цифровизации экономики на функции управления”, Файзиев Муроджон, ассисент кафедры высшей математики и иновационних технологии на тему “Цифровизация образовании как инстурмент развития цифровой экономики” ва н.и.ф-м., профессор Юсупов Аюбҷон дар мавзуи “Рушди инсонӣ ва иқтисоди рақамӣ: муаммо ва ояндабинӣ” баромад намуданд.

IMG_0316
previous arrow
next arrow

Иштирок дар семинари ҷумҳурияви илмӣ-амалӣ

Санаи 20 майи соли 2022 Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳурияви илмӣ-амалии дар мавзуи «Аҳамияти таъсиси маъхазҳои электронӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва пешниҳоди дастрасӣ ба он» бо иштироки васеи китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Дар кори семинар китобдори дараҷаи 2-юми китобхонаи электронии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Аҳамияти таъсиси маъхазҳои электронӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва пешниҳоди дастрасӣ ба он” баромад намуд.

Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бинои чаҳоруми ДИС ДДТТ семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Сараввал меҳмонон аз бинои нави таълимии Донишкада дидан карда, бо шароити таълим ва тарбия ошно гашта, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуданд.
Семинари ҷумҳуриявӣ бо сухани ифтитоҳии директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид, ки меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, дар бораи хидматҳои академик Рашид Раҳимов дар рушди иқтисоди кишвар ибрози андеша намуд.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Шариф Раҳимзода зимни суханронии худ аз нақш ва саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод ибрози назар кард.
Баъдан тибқи барномаи семинар мудири шуъбаи тадқиқотҳои иқтисодии муқоисавии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор, узви вобасати АМИТ Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар мавзӯи “Марҳилаҳои асосии рушди афкори иқтисодии халқи тоҷик: илми академикӣ дар давраҳои иқтисоди танзимшаванда ва бозорӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Маърузаи д.и.и., профессори ДДҲБСТ Раҳимов А.М. ба мавзӯи “Нақши академик Раҳимов Р.К. дар таҳқиқи муаммоҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти Тоҷикистон” бахшида шуд.
Ҳамчунин дар семинари ҷумҳуриявӣ маърузаҳои д.и.и., профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Авезов А.Ҳ. дар мавзуи “Ташаккули низоми инноватсионӣ дар иқтисодиёти гузариш” ва мудири кафедраи назарияи иқтисоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, д.и.и., дотсент Алиҷонов Ҷ.А. дар мавзӯи “Заминаҳои татбиқи саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар идомаи семинар шогирдону ҳамкорони академик Раҳимов Рашид Каримович д.и.и., профессори ДДҲБСТ Алиҷон Азизович Бойматов, д.и.и., профессори ДДҲБСТ Тӯрақул Ризоқулов ва д.и.и., профессори ДИС ДДТТ Инъомҷон Аминов хотираҳои хешро аз рӯзгори устод, дӯст ва ҳамкори хеш нақл карда, зиндагии шодравонро барои насли наврас намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисод, дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ аз баргузории семинари мазкур ба хотири гиромидошти олимони бузурги соҳаи иқтисод, аз ҷумла академик Раҳимов Рашид Каримович арзи сипос намуда, дар ин самт иқдоми Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ-ро шоистаи ибрат тавсиф намуд.
Дар поёни семинар директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан пешниҳод намуд, ки хуб мешуд ба номи академик Раҳимов Рашид Каримович ҷоиза таъсис дода шуда, ҳамасола олимони ҷавони соҳаи иқтисод барои беҳтарин дастовардҳои илмӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки академик Раҳимов Рашид Каримович (1932-2020) доктори илми иқтисодӣ (1968), профессор (1970), Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) буда, Институти хоҷагии халқи Москва ба номи Г. В. Плехановро аз рӯи ихтисоси иқтисоди саноат хатм кардааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии устод: иқтисодиёт, самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, масъалаҳои назариявии иқтисоди миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Академик Раҳимов Рашид Каримович дар вазифаҳои пурмасъулияти ёвари ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1958), мудири бахши саноати Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1963), мудири Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1963-1964), директори Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1991 АИ ҶТ) (1964-1995). Директори Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (1995-1999), директори ифтихории Институти иқтисодиёти АИ Тоҷикистон (2000) кор кардааст.
Барои хидматҳои арзанда бо Ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) қадрдонӣ карда шудааст.

IMG_9967
previous arrow
next arrow

Ваҳдати миллӣ – дастоварди беназири замони Истиқлолият

Санаи 17 май ҳамоиши ҷамъбастии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ- дастоварди беназири замони Истиқлолият” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавон Гулчеҳра Аҳоророва дар мавзуи «Тараннуми Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ» маърӯза намуд. Мавсуф бо овардани байтҳову таҳлилҳоли амиқ баён дошт, ки то чӣ андоза шабу рӯзҳои даргир шоир ғусса мехурд ва дарду аламҳояшро дар ашъори нобаш инъикос намудааст. Инчунин донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит: Муллоева Насиба, Бобоҷонова Нилуфар, Ашӯрова Хушнуда дар мавзуи «Пешвои миллат – асосгузори сулҳи тоҷикон» иншо навишта, ғолибият ба даст оварданд ва аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

281925142_382636943880618_3318800797767918550_n
previous arrow
next arrow

Иштирок дар конференсияи байналмиллалӣ

Санаи 29 апрели соли равон, ассистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Комилова Фарангис Алибоевна дар ҷаласаи ифтитоҳии (пленарии) конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд тариқи онлайн баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, дар мавзуи «Экологическое сознание как фактор формирования экологической культуры и оптимизации социоприродного взаимодействия» баромад намуданд.

??????????
previous arrow
next arrow

ПАЁМ – БАРНОМАИ АМАЛ ДАР ҲАМА САМТҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”- и назди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои рушди сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт” баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ ба 60 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз ҷониби Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар супорида шуд.
Сипас аҳли иштирокдорони конференсия аз дастовардҳои илмиву истеҳсолии муассисаи таҳсилотии олии касбии мазкур, кабинетҳои ҷиҳозонидаи фаннии технологияи иттилоотӣ, ҳимия, парки технологӣ, ҳуҷраи криминалистика, фитнесклуб дидан намуда, ба раванди омӯзиши ин фанҳо баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки бинои иловагии донишкада дар арафаи таҷлили 30 –солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар ин ҷо наздики 800 нафар донишҷӯёни таҳсили илм мекунанд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аснои шиносоӣ бо ҷараёни донишомӯзии муҳассилин аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои маорифпарвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои хуби ин боргоҳи илму ҳунар дониши худро афзун ва ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд. Бештар рӯ ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология биёранд, зеро дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат истеҳсолоти ватанӣ ниёз ба кадрҳои соҳибтахассус дорад. Мавсуф вобаста ба ҳиси ватандӯсти ҷавонон иброз намуд, ки обу тоби бадан, ҷисману руҳан омода шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қарз ва матонату ҷасурӣ маҳсуб меёбад. Донишҷӯён бо шукрона аз тинҷиву ободӣ, шароити хуби таҳсил ваъда доданд, ки бо рафтор ва кирдори намунавӣ обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.
Дар идома конфронс ба кори худ шуруъ намуда, директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва зикр дошт, ки дар умури давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рўй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Паёмро ба сифати барномаи амал қабул намуда, мазмун ва муҳтавои онро ба таври ҳамешагӣ миёни ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён талқин месозад.
Раиси КИВ ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромади хеш таъкид дошт, ки конфронси имрӯза дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки сокинони ваҳдатшиори вилоят дар қайди таассуротҳо аз сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мулоқоту вохӯриҳои самимии Пешвои муаззами миллат бо фаъолони вилоят, ифтитоҳи 38 иншоотҳои таъиноташон гуногун, дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба мардум, ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар шароити ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ моро ба меҳнати созандаву аҳлона ва бо дастовези арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ – 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 30 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунад. Маврид ба зикр аст, ки дар низоми корбарии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ нақши Паёми Пешвои муаззами миллат – чун барномаи амал хеле калон аст. Шуруъ аз соли 2000 –ум инҷониб Сарвари давлат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқ ва муаяйну мушаххас намудани вазифаҳо ба марҳилаи оянда, дар асоси далелу рақамаҳо Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд. Маҳз амалишавии нуктаҳои Паём аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати зиндагии сокинони кишвар марҳила ба марҳила рӯ ба боло ниҳодааст.
Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов дар мавзӯи “Паём – раҳнамои иқтисодиёти инноватсионӣ”, доктори илмҳои фалсафа, профессор Расулҷон Солиев дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат”, донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти берунӣ” Сарвиноз Маюсуфова дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ва рушди мактаби миллии давлатдории тоҷикон” маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуда, баён доштанд, ки сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.
Дар фуроварди кори конфронс якчанд нафар устодони фаъоли донишкада, ки дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизб саҳми калон гузоштаанд, бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдиронида шуданд.

IMG_7772 -- ?????
previous arrow
next arrow