Рӯзи байналхалқии кооператсия ва Иди касбии кооператорони Тоҷикистон дар ДИС ДДТТ

Санаи 01.06.2022 бахшида ба Рӯзи байналхалқии кооператсия ва Иди касбии кооператорони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурии тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ширкат варзиданд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозирин ва кормандони иттиМфоқи тоҷикматулботро бо Рӯзи байналхалқии кооператсия ва Иди касбии кооператорони Тоҷикистон табрик карданд. Дар давоми сухани ифтитоҳӣ директори донишкада оид ба нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон назаррас мебошад.

Баъдан, профессори кафедраи менеҷмент, н.и.и. Усмонов Ирмат Усмонович бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Усулҳои муосири идоракунӣ чун омили рушди ташкилотҳои кооперативӣ” баромад карда, вобаста ба зарурияти истифодабарии усулҳои муосири идоракунӣ дар низоми кооператсияи матлубот, муаммоҳои идоракунӣ дар шароити муосир фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.

Бо маърӯзаи навбатӣ профессори кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ н.и.и. Комарова Галина Барисовна дар мавзӯи “Вклад потребительской кооперации в развитиии продовольственного рынка страны баромад кард. Профессор Комарова Г.Б. қайд намуд, ки дар замони тезу тунд шудани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, муаммоҳои таъмини бефосилаи молҳои озуқаворӣ, таъмини муътадилии нархҳо молҳои хӯрока ба миён омади истодаанд. Аз ин рӯ, Иттифоқи Тоҷикматлубот бояд механизмҳои нави иқтисодиии ҳамкориро бо агентҳои бозори хӯрока  коркард кунад ва татбиқи самараноки онро таъмин намояд. Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонад саҳми худро дар муътадил нигоҳ доштани нархи молҳои озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад. Ҳамзамон, профессор Комарова Г. якчанд масъалаҳои рушди бозори истеъмолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд. Баъди маърӯза, устодони донишкада фикру ақидаҳои худро вобаста ба тақвият додани нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот дар таъмини амнияти озуқаворӣ баён намуданд.

Сипас, директори Донишкада Ҳошимзода Ҳ,Ҳ. кор мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, ба муовини директор оид ба  илм ва муносибатҳои байналмилалӣ супориш доданд, ки дар чуқур омӯхтани нақши Иттифоқи Тоҷикматлубот ба хатмкунандагон, магистрантон, олимони ҷавони донишкада корҳои илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ дода шавад, то ки маводҳои зарурии омориву таҳлилӣ ҷамъ карда шуда, барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани фаъолияти Иттифоқи Тоҷикматлубот дар самти таъмини амнияти озуқавории иқтисодиёти миллӣ, маълумоти зарурӣ дарёфт карда шавад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *