Санаи 11.12.2020 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ чорабинии онлайн-мусоҳиба, ки марҳилаи ниҳоии баҳодиҳии омодабошии ду ихтисоси донишкада “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва “Молия ва қарз дар фаолияти иқтисодии брунмарзӣ” ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ буд, ба анҷом расид. Дар рафти онлайн-мусоҳиба коршиносони оҷонсии байналмилалии аккредитатсионӣ AQAS (ш.Кёлн, Олмон) доктор Карл Волмут ва доктор Андреас Кнор, бо намояндагони маъмурият, омӯзгорон, донишҷӯён ва хатмкардагони ихтисосҳои аккредитатсияшаванда суҳбат намуда, ба сатҳи омода будани ихтисосҳо ба аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ баҳои баланд доданд!
Боиси қайд аст, ки ҷараёни омодасозии ихтисосҳои номбурда ба аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи ДИС ДДТТ “Самтҳои стратегии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК” ба роҳ монда шуда, дар амалисозии ин ҳадаф, тӯли соли сипаришуда гуруҳи кории лоиҳа, шарикони дохиливу хориҷӣ, профессорону омӯзгорон, донишҷӯёну хатмкардагони Донишкада сидқан заҳмат кашиданд! Маҳз фаъолияти дастаҷамона ва сарсупурдаи онҳо буд, ки чунин як чорабинии бесобиқа бомуваффақият баргузор карда шуда, омодагии ихтисосҳои ҳадафнок ба аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ мавриди баррасии дафтари оҷонсии аккредитатсионӣ гардид.
Бисёр аз дастовардҳои мо – ДИС ДДТТ хурсандем! Вақти дароз барои ҷамъбасти баҳодиҳии омодагии ихтисосҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Молия ва қарз барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмиллалӣ сарф карда шуд. Корҳои зиёд, кори сарҷамъонаи коллективи донишкада, рӯзҳои дароз, шабҳои корӣ барои ноил гаштан ба ин натиҷаи бисёр хуб! Бо истифода аз маврид, ба кулли саҳмгузорони чорабинии мазкур арзи сипос менамоем, аз ҷумла ба директори ДИС ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, ҷонишини директор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Аминов Иномҷон, ҷонишини директор оид ба илм Мирпочоев Далерҷон, ҷонишини директор оид ба тарбия Ҷонназарова Дилшода, Салимов Икромҷон, Шӯҳрат Қобилов, Шӯҳрат Машокиров, Ситора Бахронова, ҳайати кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон – мудири кафедра Муҳидинова Шоира, Атоходжаева Манижа, Комарова Анастасия, Азизова Шоира, Калонова Азиза, Исмоилова Мутоиба, Абдураҳмонова Муқаддам, донишҷӯёни мо Мамаҷонов Хусрав, Очилов Маъруф, Ачилова Рухшона, Ҷобиров Алишер, Фирӯз Охунов, Тоҷибоев Фирӯз.