Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (ДИС ДДТТ) дар оғози амалигардонии лоиҳаи “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК” дар доираи барномаи грантҳои озмунии лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мазмун ва мақсади асосии лоиҳа такомул додани сифати таълим бо роҳи мутобиқгардонии раванди таълим ба Низоми Болони ва ҷавобгў будани барномаҳои таълимӣ ба талаботҳои шароити муосири иқтисодӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, гурўҳи кории лоиҳасозии ДИС ДДТТ барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баландбардории сифати таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир ва инчунин тезонидани равандҳои байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ, лоиҳаи “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК”-ро коркард намуд. Лоиҳа аз тарафи коршиносони байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ ва комиссияи аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, баҳои баланд гирифта, барои маблағгузорӣ тасдиқ шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ДИС ДДТТ бо як қатор донишгоҳҳои хориҷи кишвар: аз ҷумла Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория), Донишгоҳи Миколас Ромерис (Литва), Донишгоҳи давлатии иқтисоди Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Донишгоҳи молияи назди ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи Белгород (Федератсияи Россия) барои расонидани кўмаки техникӣ ва машварат ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

         Айни замон моҳи чаҳоруми татбиқи лоиҳа идома дорад. То имрўз як қатор чорабиниҳо ба монанди: таъмири синфхонаҳо, ивази мизу курсиҳои нишаст барои зиёда аз 300 нафар донишҷўён ва устодон, сафари менеҷери лоиҳа Инъомҷон Аминов ба Донишгоҳи давлатии иқтисоди Санкт-Петербург ва ба имзо расидани шартнома оид ба хизматрасонии машваратӣ, сафари таълимии коршиноси пешбар Саидқосим Мухторов ба Донишгоҳи менеҷменти Варна ба анҷом расиданд.

Дар муддати ташриф коршиноси пешбар аз наздик бо донишгоҳ ва раванди таълим шинос шуд, барои ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа муаррифӣ гузаронид, ки дар он ҳамаи вазифа ва ўҳдадориҳои донишгоҳи ҳамкорро баррасӣ намуд. Ҳамроҳи ҳамоҳансози лоиҳа ва муҳосиб аз Варна оид ба шартномаи хизматрасонӣ, масъалаҳои вобаста ба молия муҳокима карда шуданд.

Дар ДИС ДДТТ чорабинии “Аудити берунаи стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ” баргузор гардид. Барои гузаронидани ин чорабинӣ ректори Донишгоҳи менеҷменти Варна, профессор Тодор Радев ва профессори Донишгоҳи Миколас Ромерис Вайва Зузевичите даъват шуданд.

Рўзи аввал дар ҳайати гурўҳи кории лоиҳа 20 нафар бо коршиносони хориҷа муаррифии лоиҳаи “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК” аз тарафи коршиносони пешбари лоиҳа дотсент Мирпочоев Д.А. ва Мухторов С.С. гузаронида шуд.

Профессор Вайва Зузевичити дар мавзўи “Таъсисёбии фазои таҳсилоти олии Аврупо ва қонунгузориҳои он” баромад намуд. Профессор Вайва бошад дар семинар методҳои интерактивиро истифода бурда, бо гурўҳи кории лоиҳа машқҳои амалӣ гузаронид.

Ҳамчунин як қатор семинар-тренингҳо оид ба коркарди стандарҳои таълимӣ, сифати таълим, раванди гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, байналмилалигардонии раванди таълим ва бо методҳои интерактивӣ гузаронидани дарсҳо гузаронида шуданд.

Профессорон Тодор Радев ва Вайва бо стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таъдилимии ихтисосҳои “Иқтисодиёти ҷаҳон”, “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна”, “Бизнес-маъмуриятичигӣ”, “Технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт” ва “Информатикаи иқтисодӣ” шинос шуда, ҷавобгўии онҳоро ба талаботҳои Низоми Болонӣ баҳогузорӣ карданд. Дар мисоли ихтисоси “Бизнес маъмуриятчигӣ”-и Донишгоҳи менеҷменти Варна, аз фанни “Идораи кадрӣ” тақсимоти соатҳо, намуди дарсҳо, шакли силлабус ва тарзҳои муосири гузаронидани дарсҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Натиҷаи 5 рўзаи ташрифи профессори Донишгоҳи Миколас Ромериси Литва хонума Вайва Зузевичити ва ректори Донишгоҳи менечменти Варна профессор Тодор Радев бо имзо шудани шартномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ бо Донишгоҳи менеҷменти Варна ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба анҷом расид.

 Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *