Дар давоми моҳи майи соли 2019 сафари омӯзишии Мирпочоев Д.А. ба Донишгоҳи молияи назди Федератсияи Русия санаҳои 28 апрел – 4 май соли 2019 буд. Санаи 29 апрел дар департаменти андоз ва танзими гумрукии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия бо мудири департамент проф. Гончаренко Любов Ивановна ва проф. Пинская Миляуша Рашитовна вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар ин вохӯрӣ чунин масоил, яъне таҳияи контракт бо Донишгоҳ оиди самтҳои ҳамкорӣ бо ДИС ДДТТ; муқаррар кардани ҷанбаҳои асосии гузаронидани семинар-тренинг доир ба фанҳои сиклии “Молия”, “Андоз ва андозбандӣ” ва “Қарз”; ташкили сафари хизматии устодони вобасташудаи Департамент оиди гузаронидани семинар-тренингҳо дар ДИС ДДТТ; ташкили сафари таҷрибаомӯзии намояндагони гурӯҳи кории лоиҳа аз ДИС ДДТТ дида баромада шуданд.
Санаи 30 апрели 2019 бо дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия Нурмухамедова Хуршеда Шербоевна баргузор гашт. Дар ин вохӯрӣ чунин масъалаҳо, яъне муқаррар кардани ҷанбаҳои асосии гузаронидани семинар-тренинг доир ба фанҳои сиклии “Баҳисобгирии бухгалтерӣ” ва “Аудит”; ташкили сафари хизматии дотсент Нурмухамедова Х. оиди гузаронидани семинар-тренинг дар ДИС ДДТТ; ташкили сафари таҷрибаомӯзии намояндагони гурӯҳи кории лоиҳа аз ДИС ДДТТ дида баромада шуданд.
Аз рӯи ихтисосҳои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон аз санаи 13-18 майи соли 2019 чорабини аз тарафи экспертони Донишгоҳи Миколас Ромерис профессор Жанета Симанивичиене (кафедраи иқтисодиёт) ва PhD Инга Зилинскиене (кафедраи математика ва иннотватсия) гузаронида шуд. Экспертони хориҷа асосан бо экспертони пешбари лоиҳа барои омодасозии барномаҳои таълимии ихтисосҳои лоиҳа кор бурданд.
Семинар-тренинги Инга Зилинскиене ва Жанета Симавичиене
Ташкили маърӯзаи проф. Жанета Симавичиене доир ба мавзӯи “Донишгоҳи Миколас Ромерис: Таҷрибаи интегратсия ба фазои таҳсилоти Аврупоӣ”. Дар ин маърӯза ҳайати устодони кафедраҳои тахассусии донишкада, намояндагони Раёсати донишкада иштирок карданд. Кор бо гурӯҳи корӣ аз шумори устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон доир ба масъалаи Асосҳои тартиб додани барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо) аз фанҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Бизнеси байналмилалӣ, Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, Сайёҳии байналмилалӣ гузаронида шуд. Таҳияи интиқодии нақшаҳои таълимии ихтисоси Иқтисодиёти ҷаҳон ба гуруҳи корӣ ва ҳайати устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон бо ҳамроҳии проф. Жанета Симавичиене баргузор гардид.
Маърӯзаи профессор Жанета Симавичиене
Ташкили маърӯзаи проф. Жанета Симавичиене доир ба мавзӯи Принсипҳои тартиб додани стандартҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълим аз рӯи ихтисоси Иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти талаботҳои фазои таҳсилотии Аврупоӣ гузаронида шуд. Таҳияи интиқодии нақшаҳои таълимии ихтисоси Бизнес маъмуриятчигӣ ва Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ ба гурӯҳи корӣ ва ҳайати устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон бо ҳамроҳии проф. Жанета Симавичиенеба ихтиёр гузошта шуд. Маърӯзаи Инга Зилиенскиене ва проф. Жанета Симавичиене доир ба мавзӯи Интегратсияи таҳсилот бо технологияҳои муосири иттилоотӣ (дар мисоли Донишгоҳи Микола Ромерис) баргузор гардид. Таҳлили интиқодии низоми баҳогузорӣ дар раванди таълим бо назардошти таҷрибаи Донишгоҳи Миколас Ромерис бо проф. Жанета Симавичиене ва Инга Зилинскиенегузаронида шуд.
Семинари Инга Зилинскиене оид ба мавзӯи Истифодаи барномаи SPSS
Аз рӯи ихтисосҳои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон чунин чорабиниҳо гузаронида шуд: Инга Зилинскиене ҳамроҳи Мухторов Саидқосим ду ихтисосро Технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт ва Информатикаи иқтисодӣ таҳлил карда баромада, барои онҳо лоиҳаи нави нақшаи таълимиро таҳия намуданд. Дар рафти таҳлил ду ихтисосҳо наздик ҳисобида шуда, яке аз ихтисосҳоро ба ихтисоси Бизнес системаҳои информатсионӣ (Business information systems), ки ин гуна ихтисос дар донишгоҳҳои Аврупо мавҷуд ҳаст, такоммул дода шуд, тамоми фанҳои он аз нав дида баромада шуд. Ихтисоси Информатикаи иқтисодӣ аз тарафи эксперт Инга Зилинскиене ихтисос хуб дониста шуда, нақшаи таълимии он низ такоммул дода шуд. Корҳои анҷом ёфта, яъне лоиҳаи ду ихтисоси такоммул дода шуда, дар вохӯрӣ ба аъзои кафедраи Математика ва технологияҳои информатсонӣ баррасӣ шуда, вориди он фикру ақидаҳои омӯзгорон гирифта шуд. Инга Зилинскиене ба саволҳои аъзои кафедра оид ба лоиҳаи нақшаи таълимии нав ҷавоб гардониданд. Инга Зилинскиене дар дарси Технологияи информатсионӣ, ки Мухторов Саидқосим бо забони англисӣ мегузарад, иштирок карда, фикри худро оиди дарс изҳор намуд.
Ассистенти кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон ДИС ДДТТ Кўчқоров И., доктори PhD Инга Зилискиене ва профессор Жанета Симавичиене (Донишгохи Миколас Ромерис)
Ғайр аз ин экспертони Жанета Симавичиене ва Инга Зилинскиене барои гурӯҳҳои кории лоиҳа дар мавзӯъҳои Раванди таълим дар Донишгоҳи Миколас Ромерис, Тарзи баҳогузори ва санҷиши дониши донишҷӯён, Истифодаи ТИК дар раванди таълим ва бо дархости шунавандагон дар мавзӯи Истифодаи барномаи SPSS барои таҳлилҳои иқтисодӣ семинарҳо гузаронида шуданд. Ҳамаи иштирокчиёни семинар бо сертификат сазовор гаштанд.
Иштирокчиёни семинар-тренингҳо бо экспертони хориҷӣ аз Донишгоҳи Миколас Ромерис
Санаҳои 20-24 Майи соли 2014 экпертони хориҷи профессор Горбашко Елена Анатолевна, д.и.и. Василева Елена Василевна ва н.и.и. Ковалева Анна Сергеевна аз Донишгоҳи давлатии иқтисодӣ Санкт-Петербург барои гузаронидани аудит ва аттестатсияи омӯзгорони кафедраҳои дар лоиҳа иштирок дошта ба ДИС ДДТТ ташриф оварданд.
Маърӯзаи д.и.и. Горбашко Е.А. доир ба мавзӯи Обеспечение качества образования в условиях европейской и евразийской интеграции
Ҳар се экспертони хориҷа дар дарсҳои н.и.и. Атахӯҷаева М.А., муаллимони калон Баҳодурхоҷаев О. ва Мухторов Саидқосим иштирок доштанд. Коршиносон аз сатҳи дониши донишҷӯён алалхусус аз донистани забони англисӣ қаноатманд шуданд.
Маърӯзаи д.и.и. Васильева Е.А. доир ба мавзӯи Структура учебного плана СПбГЭУ: уроки для ИЭТ ТГУК
Дигар натиҷаҳои чорабинии Аудити берунаи кафедраҳои лоиҳа чунин чорабиниҳо гузаронида шуд: тақдими д.и.и. Горбашко Е.А. доир ба мавзӯи «Обеспечение качества образования в условиях европейской и евразийской интеграции»; ташрифи дарси устод Баҳодурхӯҷаев О. ва Мухторов С. аз тарафи экспертони хориҷӣ ва муҳокимаи он дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон; ташрифи дарси н.и.и Атахӯҷаева М.А. барои гузаронидани аудити берунаи сифати тадрис аз фанни бизнеси байналмилалӣ; презентатсияи д.и.и. Горбашко Е.А. доир ба мавзӯи «Качество образования в СПбГЭУ»; муҳокимаи муаммоҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ДИС ДДТТ бо гурӯҳи корӣ; тақдими д.и.и. Васильева Е.А. доир ба мавзӯи «Структура учебного плана СПбГЭУ: уроки для ИЭТ ТГУК»; тақдими н.и.и. Ковалева А.С. доир ба мавзӯи «Матрица оценки ППС, административно-вспомогательного персонала (АВП), студентов, работодателей»; тақдими н.и.и. Ковалева А.С. доир ба мавзӯи «Разработка и реализация основных профессиональных образовательных программ: российский и международный опыт»; муҳокимаи нақшаи таълим аз ихтисосҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Бизнес-маъмуриятчигӣ , Молия ва қарз дар ФИБ бо экспертони хориҷӣ; муҳокимаи силлабусҳо аз фанҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Бизнеси байналмилалӣ, Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо ҳайати устодони кафедра; муҳокимаи барномаҳои истеҳсолии таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Молия ва қарз дар ФИБ; машваратҳои инфиродии устодони фанҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Географияи Тоҷикистон ва асосҳои демографӣ, Бизнес банақшагирӣ, Бизнеси байналмилалӣ ва Сайёҳии байналмилалӣ.
Маърӯзаи н.и.и. Ковалева А.С. доир ба мавзӯи Матрица оценки ППС, административно-вспомогательного персонала (АВП), студентов, работодателей
Василева Елена Василевна, ки таҷрибаи калон дар коркарди лоиҳаҳои Аврупои, аз он ҷумла Эрасмус+ дорад, ҳамроҳи Аминов Иномҷон ва Мухторов Саидқосим оид ба самтҳои ҳамкории ду донишгоҳ сӯҳбат доштанд.
Экспертони хориҷӣ Ковалева А.Н. ва Василева Е.В. бо профессорони донишкада Комарова Г.Б ва Аминов И.
Дар сӯҳбат мавзӯъҳо ва мазмунҳои лоиҳаҳои грантӣ дида баромада ба чунин хулоса омаданд: дар доираи лоиҳаи баландбардоштани иқтидор; барои коркарди рамкаи миллии квалификатсияи ихтисоси Бизнеси байналмилалӣ; коркарди барномаи магистрии Туризми байналмилалӣ; дар доираи лоиҳаи мубодилавӣ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёну омӯзгорон дар ширкатҳою корхонаҳои Аврупо; дар доираи Jean Monnette лоиҳаи маъмуриятчигии барномаҳои таълимӣ.
Иштирокчиёни семинар-тренингҳо бо экспертони хориҷӣ аз Донишгоҳи Давлатии Иқтисоди Санкт-Петербург