Семинари илмӣ-назариявии кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Дар доираи иҷроиши дастуру супориши Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон ва барномаи давлатии Солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 08.12.2021 дар семинари илмӣ – назариявии кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ чорабинии мизи мудавар дар мавзӯи “Сохтори ташкили системаи алоқа (шаҳрӣ, байнишаҳрӣ, ва байналхалқӣ)” гузаронида шуд, ки дар он сардори участкаи истифодабарии системаи алоқаи байнишаҳрии Тоҷиктелеком Набиев Муродҷон баромад намуданд. Рафти баромади худ он кас дар бораи намудҳои алоқа, тарзҳои додугирифти маълумот тариқи шабака, намудҳои ноқилҳои шабакавӣ, канали алоқа (кабели, моҳворавӣ, телефонӣ, рақамӣ, радиоканалӣ ва ғайра), намудҳои гуногуни дигаргунсозандаҳои сигнал, таҷҳизоти шабакавӣ ва ғайраҳо гуфта гузаштанд.
Инчунин Набиев Муродҷон қайд намуданд, ки дар коммутаторҳо (консентраторҳо, switches) функсияҳои такрокунандаи бисёрбандарӣ ва пайвасткунаки босуръат иҷро мешаванд. Коммутатор (switches) ҳам дар сатҳи каналӣ ва ҳам дар сатҳи шабакавӣ кор мекунад ва ҷадвали МАС-суроғаҳои ҳамаи таҷҳизотҳои ба он пайвастшударо тартиб дода, онҳоро барои ба бандари лозимӣ ирсол намудани бастаҳо истифода мебарад. Маршрутизатор нисбат ба пайвасткунак ё коммутатор бо протоколҳои сатҳи баландтар кор мекунад. Он алоқаи сегментҳои шабакаро тавассути сатҳи шабакавӣ иҷро менамояд. Масалан, нишондодҳои маршрутиронии бастаҳо дар сатҳи шабакавии IP мавҷуданд. Маршрутизатор аз пайвасткунак бо хусусияти аз баста хонда тавонистани суроғаи стансияи корӣ ё шабакаи локалӣ фарқ мекунад.
Канали алоқа ба хати алоқа бо ёрии таҷҳизотҳои шабакавӣ ва воситаҳои физикӣ пайваст карда мешаванд. Воситаҳои физикии алоқа дар асоси каналҳои оптикӣ сохта мешаванд. Байни системаҳои ахборотии байниҳамдигарӣ каналҳои мантиқӣ ҷойгир карда мешавад. Канали мантиқӣ ин роҳест, ки барои интиқоли маълумот аз як система ба дигараш хизмат мерасонад. Канали алоқа аз рӯи хати сайр дар як ё якчанд каналҳои физикӣ ҷойгир карда мешавад.
Трафик – ин маҷрои (маълумотҳо) паёмҳо дар шабакаи интиқоли маълумот мебошад. Таҳти ин мафҳум ченаки миқдори дар нуқтаи интихобшудаи шабака блокҳои маълумот ва дарозии онро бо бит\секунд ифодашуда, фаҳмида мешавад.
Баъди баромади устод Набиев М., сӯҳбати судманд оид ба ташкил ва фаъолияти шабакаҳои алоқа дар сатҳи шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ анҷонм дода шуд. Устодони кафедра оид ба сохтори шабакаҳои алоқа, таҷҳизотҳои шабакавӣ инчунин оиди таъминоти барномавии онҳо низ муфассал иттилоот гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *