БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ТТЭ ҲНИ БА ҲАМАГОН МАЪЛУМ АСТ!

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзуданаш дар тамоми кишварҳо, бахусус дар Афғонистон ба назар мерасад. Ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Ингуна афрод аз ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.
Мусаллам аст, ки дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, ба даст гирифта, вазъи ин кишварро нисбатан душвору пурҳассос кардааст.Тибқи расонаҳои хабарӣ имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Масалан ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуёнаш тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад, амалҳои террористӣ содир намуданаш ба назар мерасад. “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилии амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад.
Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки дар Афғонистон аз ҳисоби миёна ҳар чор рӯз як маротиба амалӣ терррористӣ содир шудаанд. Аз санаи 3 октябр то 22 октябри соли ҷорӣ, яъне дар давоми бист рӯз дар Афғонистон 5 адад амалҳои террористӣ содир шуда, 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён ба қайд гирифта шудааст. Дар айни ҳол бахусус гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ ва “Ал-Қоида” фаъолияти худро барои анҷомдиҳии ғаразҳои сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ дар ин кишвар ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамла ба яке масҷидро ба уҳда гирифтааст. Бояд қайд кард, ки барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амният ва такдири ҷомеаи ҷаҳониро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.
Бояд ёдовар шуд,ки солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо низ чунин ҳолат ба назар мерасиданд. Аз фурсати бадастомада намояндагони собиқ ҲНИ ,ки алҳол ТТЭ ҲНИ ном дорад манфиатҳои ғаразноки худро истифода намуда, мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуда буданд. Аз нооромии баамаломада собиқ аъзоёни ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштор даст заданд. Аз ибтидо фаъолияти ҳизби наҳзат ба ноором кардан ва суботу амнияти давлат равона гардида буд ва мехостанд сулҳу оромиро халалдор созанд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Имрӯз роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш аз вазъи нооромии Афғонистон истифода бурда, зимни баромадҳои ифротиаш байни мардуми кишвар тухми кинаву адоват кошта, таҳлука барангезонидан кӯшиш дорад. Умуман хоинони давлату миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд.Онҳо асосан тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.
Бо таҳлили воқеияти болозикр бо далел ва боварии комил гуфта метавонем, ки бозиҳои пасипардаги хоинони миллат ба ҳамагон маълум аст. Воқеан пай дар пай амали нашудани нақшаҳои номатлуби ТТЭ ҲНИ гувоҳи он аст, ки наҳзатиҳо дар арсаи минтақавӣ обрӯ ва нуфуз надорад ва мардуми тоҷик аз барномаи фиребон огоҳ шудаанд. Стратегияи ТТЭ ҲНИ-касби қудрат ва барпо намудани салоҳияти исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ ногузир сохтани вазъ дар минтақа мебошад. Бинобар ин мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар беруни кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад.

Х.Умуров,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *