Даври дуюми олимпиада аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон

Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ ва дарёфти донишҷӯёни болаёқат санаи 11.11.2021 бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври дуюми олимпиада аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ташкил ва гузаронида шуд. Дар даври дуввум довталабон аз рӯи ду шарт: кор бо тестҳо ва саволҳои хаттӣ қувваозмоӣ намуданд.
Боиси зикр аст, ки олимпиадаро устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шораҷабова Шаҳноза ва Ғайбуллоев Камолҷон дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *