Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, ки бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” нашр шуд, ҳамҳизбони собиқашро дар тамоми мушкилоти солҳои истиқлоли Тоҷикистон айбдор карда, таъкид менамояд, ки наҳзат дар оғоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ даст ба корҳои ғайриқонунӣ мезад. Чанде пеш генерали мардумӣ Эшони Қиёмиддини Ғозӣ дар филме аз рӯзгори худу фаъолияташ дар ҲНИ нақл намуда буд, ки сокинони икшвар онро тамошо карда, аз кирдорҳои террористии ҲНИ огоҳ гаштанд. Филми дигари мустанад бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» рӯи навор омад, ки қаҳрамони ин филм низ яке аз поягузорони ҳизби наҳзат Сатторов Аёмиддин бо лақаби Мавлона Аёмиддин мебошад.
Ӯ дар гуфтаҳояш бори дигар тасдиқ намуд, ки ҳизби наҳзати исломи кишвар бо супориши махсуси Хадамоти ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯи кор омада, ҳадафаш бунёди ҷомеаи шиапарастӣ дар кишвари мо мебошад. Саркардаи ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аввалан чун узви қаторӣ, баъдан яке аз роҳбарони калидии ин ҳизбро бозӣ мекард. Аёмиддин Сатторов ёди рӯзҳои гузаштаро намуда, таъкид медорад, ки ҳизб аз аввал ва то охир як мақсад дошт: Ноором кардани вазъи сиёсӣ ва бо ин васила афкори ҷомеаро ба сӯи худ моил кардан аст. Ӯ иқрор шудааст, ки дар Ҷумҳурии исломи Эрон дар лагерҳои махсуси террористомодакунӣ ҷавонони кишварро гумроҳона бо миёнравии Маҳмуд ном шахс бар зидди кишвари мо омода мекарданд. Ҷавонони манқуртшуда дар шароити бади иҷтимоӣ машқу тамрин намуда, аз мактаби омӯзишии қумандонҳои саҳроии охундҳои Эрон сабақ меомӯхтанд.
Аёмиддин Сатторов дар ин видео раиси ҲНИ Муҳиддин Кабириро айбдор мекунад, ки ӯ одами мазҳабӣ нест, балки аз аҳли тиҷорат буда, аз парчами Ислом барои пешбурди манфиатҳои тиҷоратиаш истифода бурда, молу мулк ва сарвати зиёд ҷамъ овардааст. Кабирӣ ҲНИТ-ро ба як ҳизби шиъагаро табдил дод. Аёмиддин Сатторов Кабириро одами тасодуфӣ номида, мегӯяд, ба роҳбарии ҲНИТ омадани Кабирӣ ӯ ва дигар аъзои собиқадори ҳизбро нороҳат карда буд.
Дар ин филм мардуми кишвар бори дигар ба амалҳои пасипардагӣ ва террористии ТЭТ ҲНИ огоҳ шуданд ва ҳама дарк карданд, ки ободию ороми Ватан дастоварди муқаддастарин барои ҳар як сокини кишвар мебошад.
Мухторов С.
Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ДИС ДДТТ