ИҚРОР ВА ТАСДИҚИ АМАЛҲОИ ХИЁНАТКОРОНАИ НАҲЗАТИЁН  

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ниходхои диниву мазҳабии тундрав ТТЭ ҲНИ аз қабили онхост. Бояд қайд кард, ки рўз аз рўз ҷеҳраи манфури ин ҳизб аён шуда, ақидаҳои ѓаразонаю тундравонаи онҳо ошкор ва иқрору тасдиқи худро ёфта истодаанд. Масалан тамошои навори видиоӣ таҳти унвони “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, ки яке аз бунёдгузори ҲНИ бо номи Сатторов Аёмиддин оид ба кирдору рафторҳои ношоистаи роҳбарону ҳамҳизбонии худро ошкоро баёну айбдор намуд.

Бо истифода аз ин месазад, ки баъзе хулосаҳои хешро нисбати  паҳлуҳои ин видеофилм иброз медорем. Воқеан Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини  асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, дучор гардид, ки имрўз бо боварии комил метавон гуфт, ки  роҳбарони ҲНИ бо сарпарастии ҳоҷагони хориҷиаш амалӣ намуд.

Инчунин аз тамошои филми мустанад аён гардид, ки Сатторов А. дар якҷоягӣ бо А. Нурӣ Ҳизби назҳати исломиро таъсис додаанд, худро айбдор шуморида, оид ба содиршавии амалҳои террористиие, ки солҳои қаблӣ дар қаламравӣ ҷумҳуриамон ба амал омадааст, М. Кабириро гунаҳкори асосӣ мешуморад. Масалан, содиршавии амали террористии соли 2011 дар Камароб, ҳодисаҳои соли 2012 дар Хоруѓ ва ошўби Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015  ҲНИ-ро айбдор карда , қайд кард, ки ин амалҳои мудҳиш бо маблаѓгузории ҶИЭ анҷом дода шудааст. Агар ин даъворо мо гарчанде, беш аз 3-5 соли қаблӣ такрор ба такрор гуфта будем, вале баъзе ашхосон ба монанди Сатторов А., ки имрўз бо харгуна баҳона худро “сафед” намуда истодааст, бовариашон намеомад. Ҳол он ,ки ў бо собиқ роҳбари ҳизб А.Нурӣ  ва баъдан бо М.Кабирӣ беш аз 30 сол чун узви раёсати олии ҲНИ то соли 2015 фаъолият намудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷавонони зираку ҳушёри донишҷўёни макотиби олии вилоят 3 сол қалб тасдиқи амалҳои содиршудаи  террористии ҲНИ-ро дар муроҷиатномаи хеш ибрози ақида намуда буданд. Онҳо бо мисолҳои амиқ сабабҳои ба сангарҳои ҷангии Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистон кашида шудани ҷавонони тоҷикро маҳз ба “ғояҳои хатою ҷоҳилона”- и ҲНИ шарҳ дода буданд. Хулоса мақолаи донишҷўён, комилан натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи вазъи сиёсии ҷаҳони имрўзу фардо маҳсуб меёбад, ки аз чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани ҷавонони донишҷў истиқболи ҳамаҷониба бояд намуд. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз ва берун аз марзи кишвар иқомат доранд раъю андешаи солим дошта бошанд! Ин аст худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ ва динӣ!

Мамадҷонов М,
корманди шуъбаи кадрҳои ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *