БО РОҲҲОИ ПЕШБИНИ НАМУДАИ ҚОНУНГУЗОРӢ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳхои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Натиҷаи таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳанд, ки 90 – 95 фоизи аъзои ташкилотҳои терррористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки танҳо дар солҳои 2019-2020 ва нуҳ моҳи соли 2021 ҳамагӣ дар кишвар 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Аз ин миқдор ТТЭ ҲНИ 1 нафар ва равияҳои ифротии “Ихвон-ул- муслимин” 1 нафар ва “Салафия” 1 нафар ба қайд гирифта шудааст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз миоли мазкур хулоса бароварда, қайд кардан ҷоиз аст, ки яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад.Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва руҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои ёфтани ҷавоб ба саволҳои норавшании динӣ ба руҳониёни алоҳида ва шабакаҳои интернет рӯй оврада, ба доми созмонҳои террористиву экстремистӣ меафтанд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки бархе ҷавонон мисли шаҳрванди шаҳри Ваҳдат Раҳмонзода Беҳрўзи Абдуллоҷон аз намоиши барномаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ -Паймони милли оқибат ба доми фиреб афтода, қасдан сабту наворҳои видеоии барномаҳои наҳзатиёнро барои намоиш дар байни доираи васеъи истифодабарандагони сомонаи иҷтимоӣ ғайриқонунӣ паҳн намудааст. Дар натиҷа,бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат, Раҳмонзода Б.А., соли равон тибқи моддаи дахлдори КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ў ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст ва алҳол дар яке аз колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум карда шудааст. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Т.САЛИМОВ,
сармутахассиси сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *