МО ҲОҲОНИ ТАЪСИСИ ҲУКУМАТИ ФАРОГИР ВА ОРОМӢ ДАР АФҒОНИСТОН ҲАСТЕМ!

Намоиши наворҳо аз вазъи Афғонистони имрӯза аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо марҳилаи шадиди буҳронӣ қарор гирифтааст. Мо оид ба яке аз масъалаи онро мисол меорем. Тибқи иттилои Фонди кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар ин кишвар тақрибан 10 миллион кӯдак зиста, дар аксар мавридҳо ба сифати ғулом, коргар, хизматгузор, мардикор, хиштрез, пешхизмат, коргари кон ва дар даҳҳо корҳои сиёҳу сангин истифода мешаванд. Даҳшат ин аст, ки дар «бозори кӯдак» аз ҳама бештар духтаракон «харидор»-и бисёр доранд ва қимат болои онҳо низ нисбат ба писаракон аз як то ду ҳазор доллари амрикоӣ бештар аст. Фурӯхта шудан, як тарафи масъала, вале оянда чӣ шудани тақдири онҳо, махсусан, духтараконе, ки ҳанӯз аз даҳонашон бӯйи шир меояд, дилро абгор мекунад. Дар ин бора хабару гузоришҳои чопиву видеоӣ ва мақолаҳо дар интернет чунон зиёданд, ки кас раҳгум мезанад. Воқеият ин аст, ки одамизод бо ҳама тараққиёти бемисли худ аз нав ба замони ғуломдорӣ, одамхӯриву одамфурӯшӣ расидааст. ин ҷо кӯдаке, ки аз чунин рангу риё ва ғиромбозиҳои олам огоҳ нест, чӣ гуноҳ дорад? Ӯро падару модар барои чунин рӯзи сиёҳ офариданд? Ояндаи ӯ дар дасти кист? Ин саволҳо намегузоранд, ки мо ором бихобем, аз ин ҳама чашм бипӯшем. Барои барои ҳаллу фасл ва аз байн рабурдани масъалаи матраҳгардида, пеш аз ҳама талошҳои ҷомеаи демократии дунявихоҳ, барои таъсиси ҳукумати фарогири тоифаҳои мухталифи сиёсӣ мебошад, ки ҳаракати “Толибон” ин адолатро сарфи назар кардаанд. Чунончӣ дур сохтани занону духтарон аз мақомҳои давлатӣ ва дигар амалҳои зиддитамаддунии толибонтабор маҳз аз ифротгароӣ далолат медиҳаду ба “шариати исломӣ” алоқамандӣ надорад. Боиси таассуф аст, ки манфиатҷӯёни хориҷӣ барои пош додани дини мубини Ислом ҳар гуна тӯдаю ҳаракат, ҳизбҳои сиёсиро созмон медиҳанду маблағгузорӣ менамоянд. Ғояҳои тафриқаандозиро бо парчами дини Ислом ниқоб намуда, ҷомеаро ноором месозанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аз фаъолияти бадхоҳонаю дасисакоририи чунин ифротгароӣ дар мисоли ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом огаҳӣ доранд, намехоҳанд, ки мардуми ҳамхуну ҳамфарҳанги афғон низ азобу уқубати ифротиён кашанд. Мебояд зикр намуд, ки пешрафти ҷомеаро танҳо сулҳу субот дар заминаи адолати иҷтимоӣ – сиёсӣ таъмин карда метавонад ва исботи воқеии он ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мардуми тоҷики тамаддунофар хоҳони ононанд, ки дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя Афғонистон низ чунин раванд ҳукмрону пойдор бошад. Мардуми Ватани маҳбубамон қодиранд, ки ба ифротихоҳони наҳзатию амсоли онҳо муқовимати шадид нишон диҳанду сарболои ин муборизаи иттилоотӣ бошанд. Ҳаргиз намегузоранд, ки ҷаҳолат бар адолат ғолиб ояд ва дар радифи раванди башардӯстӣ ҳамеша мавқеи роҳбарияти олии кишвари ҳақиқатан ҳам соҳибистиқлоли худро ҳамаҷониба дастгирию пайравӣ менамоянд. Хоҳони таъсиси Ҳукумати фарогир ва оромӣ дар ҷомеаи Афғонистони ҳамсоя ҳастанду мақсади поки худ дигар нахоҳанд кард ва иғвогарону дасисабозонро нобуду барбод хоҳанд дод. Дар фарљоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *