Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти “Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Ихвон-ул-муслимин” 01-уми август, аз соати 18:00 то 21:00 дар толори Шӯрои мисрӣ оид ба корҳои хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодӣ, кӯчаи Курнейши Нил, бинои Бурҷи 2 доир гардид. Чорабинӣ зери сарпарастии пажуҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии “Ҳивор” ва Намоишгоҳи баҳрӣ гузаронида шуд.
Конференсия зери унвони “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом” сурат гирифт. Дар рафти он таърихи созмонҳои террористии “Ихвон-ул-муслимин” ва ҲНИ, шабоҳати вазъияти ду кишвар, муштаракот ва ягонагии ин созмонҳои
террористӣ, ки ҳарду кӯшиши ноором сохтани суботи ҳам Миср ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъалаҳои мубориза ва ҳамкорӣ бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни конференсия аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин филми мустанади “Решаҳои ноаён” дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар бо шумули коршиносони соҳа, устодони факултетҳои сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср ширкат варзиданд.
Меҳмонони хосаи конференсия собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф, собиқ Вазири рушди иҷтимоии кишвар Ҷуда Абдулхолиқ, намояндагони Маҷлиси Шӯро
(Парлумон), вазоратҳои корҳои хориҷа, авқоф, Муассисаи ал-Азҳар ва ҳизбҳои сиёсии Миср, кормандони сафоратҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Алҷазоир, руҳониёни калисои масеҳиён ва дигарон буданд.
Ҷиҳати ироаи хулосаҳои хотимавии конференсия, пажуҳишгарони машҳури мисрӣ – собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ёрдамчии Вазири корҳои хориҷӣ ва директори Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ профессор Иззат Саъд ва собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф чунин пешниҳодҳоро манзур сохтанд:
1. Фаъол гардондани тамоми муассисаю мақомотҳои давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди идеологияи созмонҳои террористӣ ва хатарҳои он.
2. Ҷоннок намудани нақши ВАО дар мубориза ба муқобили таблиғоту ташвиқоти тахрибии созмонҳои террористии “Ихвон-ул-муслимин” ва ҲНИ.
3. Ба роҳ мондани сафару вохӯриҳои дуҷонибаи коршиносону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Миср ҷиҳати табодули бештари донишу таҷриба дар масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм.
4. Барпо намудани чорабиниҳои муштарак, аз қабили конференсия, семинар ва мизи мудаввар барои муҳокимаи паҳлуҳои гуногуни экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии интишори онҳо.
5. Роҳандозии ҳамкориҳои судманд миёни мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва воридсозии “Ихвон-ул-муслимин” ва ҲНИ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ дар кишварҳои арабӣ, мусулмоннишин, ҳамчунин созмонҳои арабӣ, исломӣ ва байналмилалӣ.
6. Дар давоми соли ҷорӣ барпо намудани конференсияи байналмилалӣ бо ҷалби намояндагони кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин, ки “Ихвон-ул-муслимин”-ро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф кардаанд (Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Кувайт, Алҷазоир, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Россия ва Хитой).
7. Маҳкум ва ҷилавгирӣ намудани дахолати Эрон ба корҳои дохилии мамлакатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Тоҷикистон, кумакҳои доимии он ба созмонҳои террористӣ
ба мисли “Ихвон-ул-муслимин” ва ҲНИ, аз ҶИЭ талаб кардани эҳтироми истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварҳо.
Натиҷаи конференсия дар шакли ҳуҷҷати хулосавӣ таҳия гардида, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба мақомотҳои давлатии Миср, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Маҷлиси Шӯро ва корпуси дипломатии муқими ин кишвар ҷиҳати тасмимгирӣ расонида шуд.
Дар поёни чорабинӣ миёни пажуҳишгарони сиёсӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои Қоҳира ва Айн-уш-Шамс озмун эълон шуд, ки барои таҳия ва пешниҳоди кори илмӣ-тадқиқотии беҳтарин доир ба масъалаи фаъолияти террористии “Ихвон-ул-муслимин” ва ҲНИ, Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ мукофот тақдим хоҳад кард.
Оид ба кори конференсияи мазкур дар васоити ахбори оммаи Миср хабару мақолаҳои бешумор ба табъ расида, кори конференсия аз тариқи шабакаҳои телевизионии Миср намоиш дода шуд.
Боиси тазаккур аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории
Шанхай (аҳолии давлатҳои аъзои ин Созмон беш аз 3,5 млрд), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Макарзи зиддитеррористии ИДМ ва ғайра ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардидааст.
Конференсия бо номи “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом”, ки бо ташаббуси олимон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва дигар зиёиёни Миср доир шуд, намунаи беҳтарини муттаҳидшавӣ ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳамрайъӣ ба миллати тоҷик дар самти ифшо намудани симои душманонаи ҲНИ ва истифодаи он ҳамчун абзор аз ҷониби кишварҳои муайян, ба ҳисоб меравад.