Яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонии имрўза терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарок муборизаи бемон мебарад.
Имрўз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Имрўзҳо созмонҳои террористию экстемистие, фаъолият доранд, ки корашон фақат иғвоангезию дуруғгуӣ аст. Ба ин қабил ташкилотҳои террористию эктремистӣ ҲНИ-ро дохил намудан мумкин аст, ки фаъолияташ тўҳмату бадкирдорист.
Чанде пеш филми Хиёнат (қисми 7) тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, ки он бадкирдорию амалҳои ғайриинсонии аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро ошкор кард ва махсусан симои воқеии Муҳаммадиқболи Садриддин-мубалиғи ҳангомаҳои ташкилоти ТЭҲ НИ-ро инъикос кард. Ҳамагон аз амалҳои аблаҳонаи падари Муҳамадиқболи Садриддин, ки бо пули дуздӣ фарзанд ба воя расондаасту писари 12-13 солаашро ба Муллошарифи Афғон бовар карда супоридааст шинос гардиданд. Чигуна метавон тасавур кард, ки падар фарзанди худро ба дасти шахси бегона суорид? Ин албатта бешарафӣ ва нобахшанданист. Муҳаммадиқболи Садриддин ба доми қомондонҳои ифротии афғонӣ афтодаву ўро ба ҷои зан истифодаи шаҳватронӣ мекарданд. Аз ин дида бешарафӣ ва ноодамигарӣ буда метавонад?
Муҳаммадиқболи Садриддин нокасест, ки ба чунин амалҳои пасту касиф даст задааст. Боз амалҳои ғайриинсонии Муҳаммадиқболи Садриддин буд, ки ў ҳатто дар рузи фавти падар ҳозир нашуд. Ҳол он, ки дар ҳамон шабу рўз якчанд хатсайрҳои шабонарўзӣ ба самти Тоҷикистон мавҷуд буданд.
Ба ғайр аз ин амалҳои ношоиста боз ў ба амалҳои қалоббона даст зада ба боварии мардум даромада бо паҳн кардани ҳаргуна маълумотҳои диннии бардурўғ аз мардум маблағҳои зиёд ба даст овардааст.
Ҷоизи қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи фаъолона мебарад.
Имрўз ҳар як нафар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок мубориза бурд.
Ассситенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ
Шарипов Далерҷон Салимҷонович