Филми мустанади «Хиёнат» бозгӯи амалҳои ташкилоти террористи-экстремистии ҲНИ

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Филми мустанади “Хиёнат” як оинаеро мемонад, ки тамоми зишткориҳои аъзоёни нохалафи пешину кунунии ташкилоти терористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломиро ба мардуми кишвар дубора бозгӯ мекунад. 

Дар воқеъ ҳар бинанда баъд аз тамошои филми “Хиёнат” ба пуррагӣ ба амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиён ошно мегардад.Чун ин филм саросар аз бурҳону далел рӯи навор омадааст, моро бовар мекунанд, ки аъзоёни ТТЭҲНИ (ташкилоти терористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом) аслан дар бораи Ватан ва ватандорӣ ҳуқуқи сухан карданро надоранд. Чун амалҳои ваҳшиёнаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ собит месозад, ки онҳо аслан ҳеч вақт дар фикри оромию ободии Ватан набуда, пайваста баҳри розӣ кардани хоҷагони худ ба вайронкорию сиёҳ кардани кишвар машғуланд.

Заҳмати омодасозони филми “Хиёнат”-ро бояд ҳар як бинанда қадр кунад. Зеро ҳар тамошобин баъд аз тамошои филми “Хиёнат” дар афкори худ ҳисси бад дидани душманони миллатро бедор карда, меҳру муҳаббаташро нисбати Ватан афзун мекунад. Ҳамчунин тамошобинон баъди дидани ин филм симои аслии наҳзатиёнро бо далелҳои раднашаванда мешиносанд.

Бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар дар замири хеш ҷой кунад, ки амалҳои ваҳшатбори аъзоёни ТТЭ ҲНИ нобахшиданӣ ва нафратоваранд. Зеро онҳо дар тамоми фаъолияти хоинонаи худ дар валангор кардани Ватан, пароканда намудани аҳолии кишвар ва гуреза намудани шаҳрвандон саҳм гузоштаанд. Онҳо ҳамеша чун душмани рақами яки миллати тоҷик ба тамоми пешрафту дастовардҳои мо ҳасудӣ нишондода, ҳамеша баҳри он мекӯшанд, ки миллатро пеши дигарон паст зананду номи тоҷикро назди дигарон сиёҳ созанд. Вале чуноне ба мо маълум аст, ки ҳамеша тири ношуди онҳо бахато рафта, ҳамеша ба сари худашон мезанад. Табиист, ки онҳо ҳамеша баробар бо сиёҳ намудани дигарон худашон сиёҳ мешаванд.

Филми “Хиёнат” аз он зовия диданаш барои шаҳрвандони кишвар муҳим аст, ки он инъикоскунандаи ҳақиқати таърих буда, симои террористон – хоинони Ватан, бахусус Кабирию тарафдоронашро барҷаста ифода мекунад. Бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ ҳар шаҳрванди кишвар муваззаф аст, ки хоинони миллатро дуруст шиносад ва донад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ дар пайи ободиву оромии Ватани мо набуда, ҳамеша ҳадафи аввалин дараҷаашон бо фиребу найранг мардумро ба роҳи хурофоту бегонапарастӣ даъват намудааст.

Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад. Ташкил кардани ошӯбҳои хунини баҳманмоҳаввалин амали калони террористию тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ буд. Роҳбарону масъулони наҳзатӣ бо истифода аз ҳолати ба миён омада ба амалҳои пасту разилона ва хоинонаю душманона даст зада, мехостанд дар ҷомеъа нуфуз пайдо кунанд ва ҳокимияти сиёсиро ба даст оранд.
Издиҳоми тазоҳургаронро дар он солҳо муллоҳову рӯҳониёни ифротӣ ва манфиатҷӯю фурсат­талаб, махсусан масъулони ТЭТ ҲНИ ба майдон каши­да буданд, тавассути ин амалашон мехостанд ҳадафҳои душманонаю хоинонаи хешро татбиқ намоянд.
Он замон наҳзатиҳо бешарафонаю ноинсофона фазои ороми Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаю хурсандонаи мардумро бо амалҳои ноҷавонмардона ва рехтани хуни инсонҳо халалдор карданд.
Онҳо ба хотири расидан ба ма қсади нопокашон аз зишттарин амалҳо ва ҷинояти мудҳуши қатлу ғорати инсонҳои бегуноҳхуддорӣ накардаанд.
Ҳамагон ба хубӣ медонанд, ки дар интиҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар тамоми қаламрави собиқ ИҶШС мавҷи исти қлолу озодхоҳӣ паҳн гардид ва то марзи Тоҷикистон низ расид. Ба ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин монанд дар ҷумҳуриҳои дигар- Озорбайҷон, Арманистон ва Гурҷистону Қазоқистон ҳам рух доданд. Аммо ҳаво­диси баҳманмоҳ аз воқеъоти он кишварҳо фарқ мекард. Яъне давоми баҳманмоҳи хунин ҷанги шаҳрван­дии Тоҷикистон буд.
Маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИ буд, ки мардуми Тоҷикис­тонро ба майдону сангарнишинӣ даъват намуда, байни таба қаҳои мухталифи ҷомеъа ҷудоӣ андохт ва мавҷи озодихоҳию исти қлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардонид.

Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогохди ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатхн пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани маӣли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланд миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

Холиқов Д.Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *