БАРОИ ҲИФЗИ ҶОМЕАИ ОЗОДУ МУСТАҚИЛИ ХЕШ САЪЮ ТАЛОШ ВАРЗЕМ !

Вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус терроризму экстремизм, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, мо бетараф набошем ва зиракию ҳушёрии сиёсии хешро аз даст надода , бояд ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз кабили ДИИШ , ТТЭ ҲНИ, Гурухи-24 ва дигар равияҳои ифротӣ имруз бархе дар Афгонистон дигаре дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, бо хар роҳу восита барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ, бо ақидаҳои фанатикии худ писарону духтарон умуман ҷавононро ба сӯи амалҳои террористи ва ифроту ифротгароӣ ҷалб менамоянд, ба назар мерасад. Барои тасдики ин гуфтахо мисолҳо меорем. Аз ҷумла дар моҳи июли соли 2021 дар яке аз шаҳрҳои Русия 2 нафар шаҳрвандони кишвари мо бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, барои содир намудани амалҳои террерорисӣ омодагӣ дида буданд,ки саривақт аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ин ҳолат ошкор ва пешгирӣ карда шуданд.Бояд қайд кард,ки дар рафти амалиёт як нафар аъзои ДИИШ безарар гардонида, аз дигар афрод якчанд яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда мусодира карда шуданд. Ё мисоли дигар, ки санаи 30 ноябри соли 2021 8 нафар шаҳрвандони кишвар нисбати соҳибкори кишвари Русия бо истифодаи яроқи оташфишонӣ амали ғоратгарӣ содир намуданд ва окибат дастгир шуданд.Ин гурӯҳи ҷинояткор тибқи қарордоди Суди шаҳри Москва ба мӯҳлати аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Бояд қайд кард, аз ҷониби ин гурӯҳи 17 нафар шаҳрвандони Россия зарари модиву молиявӣ дидан, ки маблағи умумии он бо асъори кишвари мазкур беш аз 11,5 миллион рублро ташкил медиҳад.Аз ин амалу маълумотҳои оморӣ ҳар фарди кишвар бояд ба худ хулосабарорӣ намояд !
Ҷавонони кишварро лозим аст, ки ба воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо диҳанд, ба амалҳои номатлуб даст назананд. Дар шароити имрӯза вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст аз он иборат аст, ки барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем ва худро аз чунин ҷараёнҳои номатлуб дур гирем. Мо баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадҳоҳони миллат ва умуман бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои ҳаммаслакону думравонашон муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

Д. ҶОННАЗАРОВА
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *