БАР ЗИДИИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Мушоҳидаҳо аз гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ – экстримистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ва Гуруҳи-24 ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи хоҷагони хориҷӣ буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми кишвар, барҳам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.
Террористи ҳизбу гуруҳи дар боло зикршударо барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати корашон ва стратегияашон нест, бинобар ин аз қабули он худро дур кашидани мешаванд. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои Аврупоӣ, бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо домани худро густардатар мекунанд.
Дар маҷмӯъ стратегияи асосии ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи 24 ин касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, сохтани тавтеа ва дасисаҳо ва парокандани онҳо, иғвогарии матбуотӣ ва интернети, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашонро роҳандозӣ менамоянд.
Ташвиқу тарғиботи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи-24 тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ проблемаи асосест, ки бо дастгирии давлатҳои ғарб ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд ва ба ҷомеаи имруза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки ба амалҳои сиёсии зидди кишвар омода бошанд.
Воқеан шароити тағйирпазири ҷаҳони кунунӣ барои ҳар якеи мо, сокинони Тоҷикистон, тақозо менамояд, ки дар мавриди шинохти бештари истиқлоли миллӣ, сиёсӣ ва ҷавҳари аслии он тафаккури бештар зоҳир кунем. Зеро дар шароити ҷомеаи муосир масъалаи рушду таҳкими суботи сиёсӣ аҳамияти махсус ва калидӣ касб менамояд.Бо назардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ ҳоло вақт расидааст, ки ҷавонони Тоҷикистон имрӯз танҳо ҳамкории дастаҷамъонаи аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин ҳолат гирифта шавад. Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки мо омӯзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузошта, ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона хоҳем намуд.

АХМЕДОВ М., муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва
технологияи инноватсионӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *