МУТТАҲИДИЮ ВАҲДАТОФАРӢ, ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Имрӯзҳо дар ҷомеа шоҳиди ҳолатҳое шудан мумкин аст, ки бархе аз инсонҳо ба хотири манфиатҳои молӣ суботу оромии Ватан -Модарро дида наметавонанд. Ба ёд меорем, солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки хоинони миллат, ки монеаи пешрафту тараққиёти мардум мешуданд, ҳамаро боз медоштанд ва ҳар нафаре ба пешрафт дастёб гашт ӯро ҳукме ба “кофир”, “бехудо” ва монанди ин мебароварданд то дигарон аз дастуру супориши ин афрод сарпечи накарда, ғуломи ҳамешагии онҳо бошанд. Хонандаи закӣ дуруст дарк мекунад, ки ин суханҳо ба собиқ аъзоёни ҲНИ дахл дорад, ки алҳол бо номи “Паймони миллӣ” ҳамагон онро бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанд.Имрӯз бо ҳаммаслакону думравонаш, дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, бо пуштибонию дастуру супоришҳои хадамоти махсуси кишвари ба ҳамагон маълум ва хоҷагони хориҷиаш, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ менамояд. Имрӯз фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва яке аз думравонаш –Гуруҳи-24 рӯ ба муфлисшавӣ қарор дорад. Воқенан ҳаммаслакон ва пайравононаш ба гирдоби терроризм гирифтор шудаанду барои нафсашонро қонеъ кардан ҳар гуна амалҳои мудҳишро нисбати халқу давлатӣ худ раво дида, аз ҷониби роҳбарони хориҷиашон маблағҳои калон ба даст меоранд. Хулоса хоинони миллат бо амалҳояшон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро фирефтаи худ сохтанианд.
Бо боварии комил метавон қайд кард, ки мардуми тоҷик чун солҳои 90-уми асри гузашта нест.Хеҷ ақидаву афкоре наметавонад ба устувории фикрии халқи тоҷик монеъгӣ эҷод намояд ва мардуми моро ба бегонапарастиву миллатфурӯши даъват кунад. Дигар ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши хоинони миллат – ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи- 24 барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад.
Дар интиҳои андешаи хеш ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки воқеан шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кӯшиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо ҳамммаслакони ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи-24 мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани худ амалҳои номатлубро раво мебинад, фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!

ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *