БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ КИШВАР

Самти саноатикунонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба ҳисоб рафта, баҳри татбиқи он тамоми имконот ва омилҳои зарурӣ, махсусан сармояи инсонӣ равона карда шудааст. Зеро, сармояи инсонӣ омили асосиест, ки барои татбиқи ин ҳадафи стартегӣ, заминаи илмӣ мегузорад. Аз ин рӯ, ҷиҳати равона намудани самти омӯзиш ва омодасозии муттахассисони соҳибкасб ба сифати сармояи инсонӣ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи 4-уми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тасмими ҳайати омӯзгорони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон зери сарварии иҷрокунандаи мудири кафедра н.и.и., Абдураҳмонова М.З., бо иштироки намояндагони маъмурияти донишкада ва факултети баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ва инчунин муттахассисони шуъбаи қарздиҳӣ аз ҶСК бонки Эсхата ва муҳосибони корхонаи саноатии ҶДММ «Фаровон-1» санаи 27 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи донишкада мизи мудаввар дар мавзӯи  «Ҳисобдорӣ ва мақоми он дар самти саноатикунонии босуръати кишвар» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ сухани ифтитоҳиро ҷонишини директор оид ба илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Миропочоев Д., оғоз намуд.

Оид ба масъалаи мақоми ҳисобдорӣ дар саноатикунонии Тоҷикистон и.в. мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит н.и.и. Абдураҳмонова М.З. суханрони кард. Ҳамзамон, дотсенти кафедра дотсент Абдураҳмонов М. низ баромад карда, фикру андешаи худро дар хусуси мақоми ҳисобдорӣ дар саноатикунонии кишвар иброз намуда қайд кард, ки баромадҳо бояд ба механизми сармоягузории бонкӣ дар бо суръат саноатикунонии мамлакат низ равона карда шавад.

Сипас, муҳокимаи масоили марбут ба рушд ва саҳми фаъолияти ҳисобдорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии кишваро ассистенти кафедра Ҷураев Меҳроҷ ва муттахассисони ҶСК бонки Эсхата Қодиров Зоидҷон, Асроров Мансурҷон, Қодиров Мубинҷон ва Исломов Ҷаҳонгир ва муҳосибони корхонаи саноатии ҶДММ «Фаровон-1» Исоматдинов Сайдуллоҷон ва Набиев Абдураҳмон идома доданд.

Дар рафти муҳокима асосан масъалаҳои рушди инфрасохторӣ дар раванди таъмини шароити мусоид барои тайёр намудани муттахассиони лаёқадманд баҳри татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар мавриди баҳсу мунозира қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки танҳо дар сурати таъмини шароити мусоид барои омодасозии муттахассисони баландмалака ва аз илҳои муосири техникиву ташкилии ҳисобдорӣ мусаллаҳгардида, метавон дар самти саноатикунонии кишвар саҳми муайянеро гузошт.

Дар қисми хотимавии чорабинӣ, хулосаборорӣ аз натиҷаи баргузории мизи мудаввар ва таассуротҳо доир ба он, бо суханронии декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии донишкада н.и.и., дотсент Баҳодуров Ҳ.И. ҳусни анҷом бахшида шуд.

 

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *