ТАФСИРИ МУХТАСАРИ ТАЪРИХИ ИФРОТГАРОИИ ИСЛОМӢ

Дар бораи таърихи ифротгароии (экстремизми) исломӣ маводҳои бисёре мавҷуданд. Вале аксари онҳо ба забони ба омма нофаҳмои пур аз мафҳумҳои илмӣ ва калимаҳои арабӣ навишта шудаанд. Аз ин сабаб мо тасмим гирифтем, ки як маводи на он қадар калонҳаҷм бо забони оммафаҳм тайёр карда, пеш аз ҳама ба ҷавонон ва наврасон пешниҳод кунем.

Дар хусуси баҳсҳои “назариявӣ” ифротгароёни исломӣ ба сарчашмаҳо асос мекунанд. Аввалин шахси “мӯътабари” бемазҳаби онҳо Ибни Таймия мебошад, ки соли 1263 дар шаҳри Ҳаррони Туркия таваллуд шуда, бо сабаби ҳуҷуми ӯрдуи муғул ба Димишқ кӯчида, соли 1328 онҷо вафот мекунад.

Ӯ шахси нисбати Ислом бесавод буд ва барои густохияш нисбат ба суннатуннабӣ ва густариши афкори парешону дурӯғин чаҳор маротиба зиндонӣ мегардад. Зеро, баҳсҳо ба монанди ҷисм доштани Худо, интиқоли Худо аз ҷое ба ҷойи дигар, зиёрати турбати пайғамбар (с) ва асҳобро ширк ва мункир донистани кулли пайравони мазоҳиби дигарро ташкил кардааст. Аксари донишмандони машҳури Ислом ин ғояи бепояи Таймияро рад кардаанд, ба монанди Алӣ Қорӣ, ки гуфтааст: «Шахсе гӯяд, ки Худованд ҷисм дорад, мункир (инкоркунанда) аст», аллома Сабкӣ мегӯяд: «Афроде, ки Ибни Таймияро шайхулислом мегӯянд, муртаданд (аз дин рӯй гардонидаанд)», ё имом Нававӣ таъкид медорад: «Хору залил ва кӯру кар гардонидааст Худованд Ибни Таймияро». Ибни Таймия то охири умраш издивоҷ накардааст, гарчанде дар масофаи 1389 километр аз Макка зиндагӣ дошт, боре зиёрати Макка накардааст.

Дуюмин “назариётчии” ифроггароён Муҳаммад Абдулваҳҳоб мебошад, ки дар соли 1703 (1703-1792) дар шаҳри Басра дар оилаи қозӣ таваллуд шудааст. Вай дар даҳсолагиаш Қуръонро азёд медонист, лекин ба мазмуни он сарфаҳм намерафт. Ӯро дар соли 1725 ҷосуси англис Ҳамфер бо ҳикоёти бардурӯғ, ки «…исломро аз Абӯҳанифа бештар медонад» ё «пайғамбарро дар хоб дидам ва ту ҳамроҳ будӣ. Пайғамбар мегуфт: Ту ҳамноми ман, идомадиҳандаи корҳои ман дар дунё ҳастӣ» бофта, мураббии аслии Абдулваҳҳоб гашт. Ҳамфер аз соли 1710 дар кишварҳои араб саёҳат карда, барои байни мусалмонон андохтани низоъ тарафдоронро меҷуст. Аввалин кашфиёти ӯ аз адабиёти динӣ Ибни Таймия буд. Муҳаммад Абдулваҳҳоб дар масъалаи дин бесавод буд ва бо рисолати устодаш Ҳамфер муддате дар Басра, Ҳураймило, Уйяло таблиғи ғояи хеш мекард ва мардумро ба исломи аввалин даъват мекард. Дар ҳама шаҳрҳо ӯро радди маърака намудаанд. Ниҳоят, соли 1740 ба Баад-Диръия омад ва ҳокими он  Муҳаммад ибни Саудро бо аҳли хонаводааш пайравони ашадии хеш гардонид. Муҳаммад ибни Сауд аз аввал мақсади ғорат намудани шаҳрҳои ҳамсояашонро дошт. Барои ӯ “назариётчии” Ислом лозим буд, ки ғоратгариашонро асоснок кунанд. Ваҳҳобиён даъвои “Исломи асил ва аввалин фақат гуфтаҳои пайғамбар (с) асту, ақидаҳои пас аз он гуфташуда тамоман нодурустанд”-ро доштанд. Онҳо бо ин баҳона мегуфтанд, ки фақат мусалмонони асил ҳаққи дар рӯи Замин зистан доранд ва дигаронро қир кардан лозим аст. Асосгузори “назариявии” ифротгароён ҳамон ҷосуси англис Ҳамфер мебошад, ки мақсади асосиаш суст гардонидани салтанати империяи Туркия буд. Аҳволи иқтисодии нимҷазираи Арабистон дар ин замон хеле вазнин буд. Якчанд солҳо паси ҳам хушксолӣ мешуд ва дар соли боронӣ борони сел қабати ҳосилхези заминро шуста мерафт. Бар замми он онҳо мустамли-каи Империяи Туркия буданд ва қисми зиёди даромадашонро ба хироҷ медоданд. Дар соли 1785 онҳо асосан аз аҳолии камбағал қӯшуни зиёд ҷамъ намуда, ба маҳалҳои аҳолинишини тобеи шаҳри Макка ҳуҷум намуданд. Онҳо шаҳри Ат-Тоифро иҳота карда, ба он даромаданд ва қариб тамоми аҳолии шаҳрро сар буриданд. Шаҳрро пурра ғорат намуда, китобҳои диниро ба оташ партофтанд.

Муаррихи ваҳҳобӣ Усмони Начдӣ дар асараш «Таърихи Начд» баён медорад: «Ваҳҳобиён ғофилгарона вориди Карбало шуданд. Бисёре аз аҳли онро дар кӯча ва бозор ва хонаҳо куштанд. Рӯйи қабри Ҳусейнро хароб карданд».

Воқеоти дигар ба қалами Исфаҳонӣ мансуб аст, ки дар «Сафарнома»-и хеш оид ба кирдори ваҳҳобиён ва ибни Абдуваҳҳоб навиштааст: «Ҳангоми бозгашт аз Ладан ва убур аз Карбало ва Наҷаф дидам, ки қариб 25 ҳазор ваҳҳобӣ вориди Карбало шуданд ва  нидои «Мушриконро бикушед ва кофиронро забҳ кунед!» баланд шуд. Беш аз 5 ҳазор нафарро куштанд ва захмиҳо ҳисоб надошт».

Аммо ин ҳама дар пеши қатли омми мардуми Тойиф ночиз аст, ки ин ҳаводисро Ҷамили Сиддиқӣ дар асараш «Ал-фаҷру содиқ» менависад: «Яке аз зишттарин корҳои ваҳҳобиён дар соли 1217 қатли омми мардуми Тойиф аст, ки ба хурду калон раҳм накарданд. Тифли ширхораро рӯйи синаи модараш сар буриданд. Ҷамъеро, ки машғули фаро гирифтани Қуръон буд, куштанд ва ҳатто гурӯҳеро, ки дар масҷид машғули намоз буданд, куштанд. Аз китобҳое, ки дар миёни онҳо теъдоди Қуръон ва нусхаҳо аз саҳеҳи Бухорӣ ва дигар китобҳои ҳадис ва фиқҳ буд, дар кӯча ва бозор афканданд ва онҳоро поймол мекарданд.

Пас аз Тойиф дар соли 1800 Маккаро тасарруф карда, қуббаи зодгоҳи расулуллоҳ (с), қуббаи зодгоҳи Абубакр, Алӣ ва Хатичаро вайрон карданд. Ва қонеъ нагашта, хонаи Хатичаро ба халоҷо (туалет) табдил доданд». Дар давоми зиёда аз 7 сол қисми зиёди нимҷазираи Арабистонро ҳукмронӣ намудаанд. Бо кӯмаки Империяи Туркия шоҳи Миср ба муқобили онҳо лашкар мекашад. Фақат дар соли 1815 ваҳҳобиён пурра торумор гардидаанд.

Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки мақсади асосии ифротгарон ғоратгарӣ буда, барои онҳо дини мубини Ислом фақат ниқоб аст. Онҳо ягон муқаддасоти Исломро эътироф намекунанд, принсипҳои асосии динӣ ба монанди эҳтироми пайғамбар, наздикони ӯ, аҳли олимони дин, эҳтироми ақидаҳои мухолифин, таҳаммулпазириро иҷро намекунанд. Ба мусалмонони ба ақидаи онҳо шарик нашуда бо чашми нафрат менигаранд. Нафарони ғайри дини Ислом барояшон дар қатори ҳайвон аст.

Саҳифаҳои минбаъдаи ифротгароии исломӣ ба асрҳои ХХ ва ХХI мувофиқ меояд. Бо кӯмаки давлатҳои абарқудрати ғарб, бо роҳбарии ИМА, Британияи Кабир чунин гурӯҳҳои ифротӣ ба монанди Ал-Қоида, Ваҳҳобиён, Ҳизби таҳрир, Ҳизби наҳзати исломӣ, Толибон, Бародарони мусалмон, ДИИШ, Ан-Нусра ва ғайра ташкил ёфтаанд, ки дар бораи таърихи бедодгарии ҳар яки онҳо саҳифаҳои бисёр навиштан мумкин аст.

Илова бар ин, ба роҳбарияти ҳукумати Арабистони Саудӣ ваҳҳобиён баромадаанд. Барои онҳо Абдулваҳҳоб ва Муҳаммад ибни Сауд қаҳрамонони миллатанд, ки барои озодии кишварашон мубориза бурдаанд.

Иброгимов И.И., Мамадхӯҷаева М.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *