Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном “Бародарони мусалмон”, “Давлати исломӣ”;“Гурӯҳи 24”; “Ҳизби наҳзати ислом”; “Ансоруллоҳ”, “Ал-қоида” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Дар иртибот ба ин, фаъолияти яке аз ин ҳизб, аз қабили ТЭТ ҲНИ-ро таҳлилу хулосабарорӣ карда, қайд менамоем, ки наҳзатиён дар зарфи тамоми фаъолияташ, алалхусус бо роҳбарии М.Кабирӣ бо истифодаи ҳар гуна фитнаву дассиса бо бадномсозии давлату миллат, масоили ҳуқуқи зан, баҳси сарҳадҳо машғул буд ва имрӯз низ дар Аврупо иқомат дошта, таҳти роҳбарии хоҷагонаш дар ин самт фаъолияташро идома дода истодааст. Пӯшида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта то ҳол ба назар мерасад. Чунончӣ, тибқи маълумоти ВАО танҳо дар соли 2020 ҷинояти хусусияти террористӣ-экстремистидошта 1091адад ошкор гардида, дар натиҷа 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияҳо дастгир карда шуданд. Аз ҷумла, “Ҳизби наҳзати ислом”-17нафар,“Бародарони мусалмон”- 148 нафар; “Давлати исломӣ” -39;“Гурӯҳи 24”- 8; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3 нафар. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.
Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ошкору бартараф намудани ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат, бахусус, қишри ҷавони кишвар, мебошад.
Мо, омӯзгорон хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳама сарҷамъ омада, бар зидди кирдорҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар пайравони ӯ бар зидди ғояҳои ифротгаронаи ҲНИ муборизаи беамон бурда, дар ҳимояи сохтори конститусионии кишвари азизамон камари ҳиммат баста, ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкорӣ Асосгузорӣ сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Манононва Р.-дотсенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ